ХАБАРИ ДОҒ

Аз ҳабси Керенский то варақаи финӣ

  • Чоршанбе, Янв 05 2022

 

3.01.1906. Дар Русияи подшоҳӣ бо иттиҳоми узвият дар дастаҳои ҷангии эссерон, адвокат Александр Керенский ба ҳабс гирифта шуд. Тафтишот узвияти ӯро дар ин дастаҳо натавонист собит кунад ва ӯ баъди чанде аз зиндон озод гашт. С.1917 Керенский дар раъси Ҳукумати муваққати Русия қарор гирифт ва маҳз дар замони ӯ болшевикон ба сари қудрат омаданд.

3.01.1940. Финҳо ҳангоми ҷанги шӯравиву фин ба болои Ленинград 3 млн варақаи зиддишӯравӣ партофтанд.

4.01.1904. Дар пойтахти Шветсария-шаҳри Женева аввалин шумораи рӯзномаи болшевикии «Вперёд» (“Ба пеш”) нашр шуд. Рӯзнома аз ҷониби Владимир Ленин баъди рафтанаш аз «Искра» роҳандозӣ шуда буд ва ҳамагӣ 18 шумора рӯи чоп омад.

4.01.1943. Маҷаллаи амрикоии «Тайм» баъди натиҷагирии рӯйдодҳо ва ашхоси дар онҳо фаъоли с.1942, роҳбари СССР Иосиф Виссарионович Сталинро «Одами сол» эълон намуд.

4.01.1980. Президенти ИМА Ҷимми Картер бозиҳои Олимпии Маскавро таҳрим кард. Баҳона барои ин таҳрим вуруди нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба хоки Афғонистон гардид.

5.01.1918.Русияи Шӯравӣ бо декрети ШКХ ба имлои нав гузашт ва имлои кӯҳнаи Русияи подшоҳӣ, ки дар охири бештари калимаҳо аломати сакта гузошта мешуд, бекор карда шуд.

5.01.1919. Дар Мюнхени Олмон Ҳизби коргарии немис таъсис дода шуд. Ин ҳизб 1 сол баъд ба Ҳизби натсионал-сотсиалистии коргарии немис тағйири ном кард ва с.1933 дар интихобот пирӯз шуда, сарвари он Адолф Гитлер зимоми қудратро дар Олмон ба даст гирифт.

5.01.1949. Дар Маскав машварати намояндагони СССР, Руминия, Булғористон, Венгрия, Полша ва Чехословакия доир шуд. Дар натиҷа намояндагони давлатҳои иштирокчӣ қарор доданд Шӯрои Ёрии Иқтисоди (СЭВ)-ро созмон диҳанд. Ин Шӯро яке аз асоситарин ниҳодҳои иқтисодии кишварҳои сотсиалистӣ гардид.

 

6.01.1937. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бақайдгирии умумииттиҳодии аҳолӣ доир шуд. Ин дуввумин бақайдгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шӯроҳо буд ва тибқи натиҷаҳои он аҳолии СССР дар соли 1936 170 млн нафарро ташкил дод.

7.01.1918.Генерал Лавр Георгиевич Корнилов сарфармондеҳи Артиши ихтиёрии сафедҳо таъин шуд. Ӯ, ки модараш қазоқ буд, яке аз фармондеҳони олирутба ва барҷастаи артиши подшоҳии рус ба шумор мерафт. Аммо фармондеҳии ӯ дер напоид. Дар яке аз набардҳои аввалини артиши ихтиёрӣ, ҳангоми ҳамла ба Екатеринодар тири тӯпи артиши сурх рост ба хонае, ки ситоди генерал он ҷо мустақар шуда буд, афтид ва Корнилов ба ҳалокат расид. 

8.01.1977. Амалиёти террористӣ дар метрои Маскав. Дар натиҷаи таркиши бомб дар қатораи метро 44 кас осеб дид, ки 7 касашон фавтиданд. Хадамоти амнияти СССР баъди чанде ташкилкунандагони ин амалиётро қапид. Инҳо миллигароёни арманӣ С.Затикаян, А.Степанян ва З.Багдасарян буданд, ки мехостанд ба истиқлолияти Арманистон бирасанд.

9.01.1905.Якшанбеи хунин дар Петербург. Дар ин рӯз аскарони подшоҳӣ гирдиҳамоии коргарони пойтахти Русияро тирборон ва аввалин заминаи инқилоби ояндаро поярезӣ намуданд.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter