7.05.1988. Дар СССР маҷлиси муассисони «Иттиҳоди демократӣ» баргузор гардид. «Иттиҳоди демократӣ» бо сарварии Валерия Новодворская аввалин ҳизби сиёсии мухолифи КПСС дар кишвар маҳсуб меёфт.
8.05.1984. Кумитаи миллии Олимпии СССР қарор дод, ки бозиҳои Олимпии тобистонаи Лос-Анҷелеси ИМА-ро байкот кунад. Баҳонаи расмӣ таъмини бехатарии варзишгарони шӯравӣ муаррифӣ шуданд, аммо дар асл сабабҳои ин кор танҳо ҷанбаи сиёсӣ дошт. Чун ИМА 4 сол қабл бозиҳои Олимпии Маскавро байкот карда буд.
11.05.1937. РСФСР Сарқонун (Конститутсия)-и нави худро қабул кард.
11.05.1939. Оғози задухӯрдҳо дар Халхин-Гол. Соли 1932 Япония Манҷурияро забт кард ва дар қаламрави он давлати Манҷоу-го таъсис дода шуд. Ин давлат бевосита дар шимол ба Шарқи Дури СССР ҳамсарҳад буд ва дар Ғарб бо Муғулистон. Баъди ин Япония талаб кард, ки марзи байни Манҷоу-го ва Муғулистон дарёи Халхин-Гол дониста шавад. Соли 1936 СССР бо Муғулистон шартномаи ҳамёрӣ баст ва соли 1937 мутобиқи ин шартнома қисмҳои Артиши Сурх вориди Муғулистон гардиданд. Задухӯрдҳо дар Халхин-Гол то тирамоҳи соли 1939 идома доштанд ва бо торумори Артиши 6-уми Япония анҷом ёфтанд. Маҳз дар ин задухӯрдҳо истеъдоди ҳарбии қаҳрамони ояндаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, маршал Георгий Константинович Жуков ба ҳама аён гардид.
11.05.1944. Кумитаи Давлатии Мудофиа (ГКО), ки замони ҶБВ олитарин ниҳоди давлатӣ дар СССР маҳсуб меёфт, бо қарори худ тоторҳо, булғорҳо ва мардуми юнонитаборро аз Қрим депортатсия кард. Ин ақвом танҳо баъди марги Сталин тавонистанд ба ватани аҷдодиашон баргарданд.
11.05.1955. Намояндагони 8 давлати сотсиалистӣ дар Варшава (Полша) барои баррасии масоили сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо, машварат доир намуданд. Дар натиҷа дар машварати худ ин кишварҳо 14-уми майи соли 1955 байни ҳамдигар созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ бастанд, ки бо Созишномаи Варшава (Варшавский договор) маъруф аст. Ба ин созишнома СССР, Албания, Полша, Венгрия, Чехословакия, Руминия, Булғория ва Олмони демократӣ (ГДР) шомил буданд.
12.05.1991. Президенти СССР-Михаил Сергеевич Горбачёв бо Борис Николаевич Елтсин, роҳбари РСФСР маслиҳат карданд, то Созишномаи нави Иттиҳодро ба имзо расонанд. Аммо Елтсин баъди ГКЧП (Кумитаи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда) бо ҳамтоҳои Укроин ва Белоруси худ расман СССРро пошхӯрда эълон карданд.
13.05.1934. Аввалин нишасти комиссия барои қабули аъзо ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР доир гардид ва дар он билети аъзогии таҳти №1 ба Максим Горкий супорида шуд.
13.05.1956. Нависандаи маъруфи советӣ, муаллифи «Гвардияи ҷавон» Александр Фадеев даст ба худкушӣ зад.
М.Салимшо