ХАБАРИ ДОҒ

«5-солаи бехудоӣ»-и Сталин

  • Чоршанбе, Май 11 2016

14.05.1990. Президенти Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ-Михаил Сергеевич Горбачёв бо қарори худ, декларатсияи соҳибистиқлолии Литва ва Эстонияро ғайриқонунӣ эълон кард. Ин 2 кишвар аввалин ҷумҳуриҳои собиқ СССР буданд, ки барои истиқлолияти хеш гом бардоштанд.

 

15.05.1932. Дар СССР Декрети ҳукуматӣ бо имзои Иосиф Виссарионович Сталин интишор гардид, ки «панҷсолаи бехудоӣ»-ро дар кишвар эълон мекард. Мутобиқи ин Декрет то 1 майи соли 1937 «Номи Худо мебоист дар қаламрави кишвар ба фаромӯшӣ супорида мешуд».

15.05.1934. Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистӣ (б) қарор дар бораи «Таълими таърихи ватанӣ дар макотиби СССР»-ро ба имзо расонид. Аз ин ба баъд дар тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ таърихи халқи он омӯхта мешуд.

15.05.1943. Комминтерн (Интернационали 3) расман пароканда гардид. Ин ниҳод солҳои тӯлонӣ сиёсати коммунистиро дар сар то сари ҷаҳон пиёда мекард.

16.05.1990. Аввалин Анҷумани вакилони мардумии РСФСР ба кори худ шурӯъ намуд.

17.05.1918. Бо шӯриши корпуси Чехословакӣ дар Сибир ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия оғоз гардид.

17.05.1944. Ҷумҳурии Автономии Қрим аз байн бурда шуд. Дар 1 шаб қариб 200.000 тотори қримӣ ба Осиёи Миёна ва Урал бадарға гардиданд.

17.05.1948. СССР эълон кард, ки Исроилро чун давлат расман эътироф мекунад.

18.05.1967. Юрий Владимирович Андропов Раиси Кумитаи Бехатарии Давлатӣ (Комитет государственной безопасности) дар назди Шӯрои Вазирони СССР таъйин гардид. Андропов то аз дунё рафтани Леонид Илич Брежнев ба КГБ сардорӣ кард ва баъдан котиби аввали Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таъин гардид.

18.05.1989. Шӯрои Олии РСС Литва Декларатсияи соҳибистиқлолии Литваро қабул кард.

18.05.1992. Дар рафти ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ арманиҳо гарданаи Лочинро, ки Қарабоғро аз Арманистон ҷудо мекард, ишғол карданд. Қарабоғи Кӯҳӣ мустақиман ба Арманистон пайваст гардид.

19.05.1941. Ҷосуси шӯравӣ Рихард Зорге (бо номи Рамзай), ки дар Япония ҳамчун журналисти немис фаъолият менамуд, Маскавро аз шумораи нерӯҳои олмонӣ, ки барои зарба задан ба СССР тайёрӣ медиданд, огоҳ кард ва рӯзи ҳуҷумро 22 июн муаррифӣ намуд.

19.05.1989. Аз 19 то 21 май дар Маскав аввалин конкурси умумииттифоқии «Мисс СССР-89» баргузор гардид. Дар конкурс хонандаи синфи 10 аз шаҳри Маскав Юлия Суханова ғолиб дониста шуд.

20.05.1965. Дар пойтахти СССР, шаҳри Масакв яке аз калонтарин фурудгоҳҳои ҳавоии «Домодедово» ба кори худ шурӯъ кард. Он ҳоло ҳам ба фаъолияти худ идома дорад ва тайёраҳои кишвари мо бештар аз ҳамин фурудгоҳ истифода мебаранд.

М.Салимшо

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter