ХАБАРИ ДОҒ

Аз талаби Содот то қанди Куба

  • Чоршанбе, Июл 20 2022

 

18.07.1918. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Ҳақиқати Маскав» (“Московская правда”) ба нашр расид.

18.07.1955.КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони СССР қарор доданд ба Ветнами Шимолӣ, ки дар ҳоли ҷанг бо ИМА қарор дошт, ба маблағи 400 млн. рубл ёрии беғаразона расонида шавад.

18.07.1972.Президенти нави Миср Анвар Содот, ки ҷонибдори сахти ИМА ва кишварҳои ғарбӣ буд, аз СССР талаб кард 20.000 мушовири ҳарбии худро аз Миср барорад. Содот инчунин СССРро ба ваъдахилофӣ ва қатъи интиқоли силоҳи ваъдадодааш муттаҳам кард.

19.07.1918.Дар Русияи Шӯравӣ аввалин Сарқонуни кишвари нав қабул карда шуд.

19.07.1920. Дар РСФСР комиссияи фавқулоддаи маҳви бесаводӣ таъсис дода шуд.

19.07.1924.Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Спорти сурх» (“Красный спорт”) ба чоп расид. Баъди чанде рӯзнома «Спорти шӯравӣ» (“Советский спорт”) ном гирифт.

19.07.1941.Бюрои сиёсӣ бо қарори худ И.Сталинро Комиссари Халқии Мудофиаи СССР таъин кард.

20.07.1917.Намояндагони серб, хорват ва словен дар ҷазираи Корфу ҷамъ омада, Эъломияи таъсиси кишвари навро ба имзо расониданд. Дар асоси Эъломия баъди чанде кишвари нав бо номи Югославия дар харитаи сиёсии Аврупо рӯи кор омад.

20.07.1944. Дар қароргоҳи Адолф Гитлер дар Пруссияи Шарқӣ аз ҳама суиқасди маъруф ба Фюрери олмонӣ сурат гирифт. Ӯ дар натиҷа танҳо чанд захм бардошту халос.

21.07.1955. Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳукуматдорони ИМА дар Олмон талаб кард, ки тақсими ройгони хӯроквориро ба шаҳрвандони Берлини Шарқӣ қатъ кунанд.

22.07.1930. Маркази колхозии СССР (Колхозцент) баҳодиҳӣ ва пардохти музди меҳнати колхозчиёнро на бо пул, балки бо рӯзҳои корӣ муайян кард.

22.07.1960. Куба корхонаҳои истеҳсоли қандро, ки ба ИМА тааллуқ доштанд, миллӣ кунонид. Қанди Куба аз ин ба баъд ба СССР содир мешуд.

23.07.1980. Дар СССР киштии кайҳонии “Союз-37” ба фазо партоб шуд. Ин киштӣ аввалин кайҳоннаварди шарқӣ Фам Туани ветнамиро ба фазои кайҳонӣ баровард.

 24.07.1941. Президенти ояндаи ИМА Гарри Трумэн аз ИМА даъват кард, дар ҷанги рафтаистода, то вақте Олмон пирӯз аст, ба СССР ёрӣ диҳанд ва агар СССР ғалаба кунад, ба Олмон кӯмак кунанд.

24.07.1942.Артиши олмонӣ дар рафти ҶБВ шаҳри Ростови лаби Донро ба тасарруф дароварданд. Бо ишғоли Ростов муҳорибаи Қафқоз оғоз гардид.

 СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter