ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли 26 комиссар то сохтмони «хрушевка»-ҳо

  • Чоршанбе, Июл 27 2022

 

25.07.1918. Дар Русияи Шӯравӣ қарори ШКХ таҳти имзои В.И.Ленин ба тасвиб расид, ки яҳудбадбини (антисемитизм)-ро «марги инқилоби коргару-деҳқон» унвон мекард.

25.07.1937. Дар СССР Кумитаи Марказии комсомоли Украина чун ташкилоти зиддиинқилобӣ пароканда карда шуд.

26.07.1917. Дар Петроград Анҷумани VI-и РСДРП (б) ба кори худ шуруъ кард.

26.07.1918. Дар Озарбойҷон миллигароён ва эссерон ҳукумати болшевикиро сарнагун карданд. 26 нафар аъзои ҳукумати болшевикӣ, ки бо 26 тан комиссар маъруфанд, аз ҷониби болшевикон ба қатл расонида шуданд.

26.07.1938. Сарвари НКВД Николай Ежов ба И.Сталин рӯйхати 138 нафар фармондеҳи Артиши Сурх ва Флоти ҳарби баҳриро, ки мебоист қатл мешуданд, равона кард. Сталин ва Молотов ба қатли фармондеҳон розӣ шуда, бо ҳамин поксозии сафҳои Артиши Сурх оғоз гардид.

26.07.1945. Дар конфронси Потсдам аз номи сарони ҳукуматҳои ИМА, Англия ва Чин Эъломияе қабул шуд, ки таслими бечунучарои Японияро талаб мекард. Баъди радди ин талабҳо аз ҷониби Япония 8 август СССР низ ба ин эъломия ҳамроҳ шуд ва ба Япония ҷанг эълон намуд.

26.07.1953. Дар Куба бо сарварии Фидел Кастро шӯриши инқилобиён ба вуқӯъ пайваст. Ин рӯз ҳамасола дар Куба чун ҷашни миллӣ бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

27.07.1925. Дар СССР бо қарори КИМ ва ШКХ Академияи илмҳои Русия олитарин ниҳоди илмии СССР шинохта шуд.

27.07.1985. Дар СССР Фестивали XII-и ҷавонон ва донишҷӯён баргузор гардид. Фестивалро ГенСеки СССР Михаил Сергеевич Горбачев ифтитоҳ бахшид.

28.07.1944. Артиши Шӯравӣ шаҳри Брестро аз немисҳо озод кард. Брест қаҳрамоншаҳрест, ки с.1941 қалъаи он зиёда аз 1 моҳ алайҳи немисҳо истодагарӣ кард.

28.07.1957. Дар СССР Фестивали VI-и ҷавонон ва донишҷӯён баргузор шуд. Ин аввалин Фестивал дар СССР буд ва дар он 34.000 ҷавонон аз 131 кишвари дунё ширкат варзиданд.

28.07.1964. Роҳбари Чин Мао Дзэдун таклифи Никита Хрушев бобати ширкат дар Конфронси байналмилалии ҳизбҳои коммунист ва коргариро рад кард.

 

28.07.1988. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барои аввалин бор гирдиҳамоиҳои ғайрирасмӣ ва роҳпаймоиҳо иҷозат дода шуданд.

29.07.1974. Дар СССР бо фармони раиси КГБ Юрий Андропов гурӯҳи вежаи мубориза бо террори «Алфа» таъсис дода шуд. 

30.07.1937. Дар СССР ба «сегона»-ҳои фавқулоддаи НКВД ҳуқуқи баровардани ҳукми қатл ба «душманони халқ» дода шуд.

31.07.1919. Маҷлиси миллии муассисони Олмон, ки дар шаҳри Ваймер баргузор гардид, Сарқонуни нави кишварро қабул ва Олмонро ҷумҳурӣ эълон намуд.

31.07.1956. Дар СССР барномаи нави рушди сохтмони манзил қабул карда шуд ва дар аввалин кишвари Шӯроҳо сохтмони хонаҳои нав, ки «хрушевка» ном гирифтанд, оғоз гардид.

 СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter