ХАБАРИ ДОҒ

Аз қатли Кирилл то кунгураи Чеченистон

  • Чоршанбе, Нояб 30 2022

 

20.11.1937.Дар СССР яке аз пешвоёни мазҳабии калисои православӣ, митрополити собиқ-Кирилл ба қатл расонида шуд.

20.11.1940. Маҷористон (Венгрия) ба созишномаи сегонаи зиддикомментернии кишварҳои фашистӣ ҳамроҳ гардид.

20.11.1945. Дар шаҳри Нюрнберги Олмон мурофиаи сарони Рейхи саввум оғоз шуд. Дар ин мурофиа 24 роҳбари олирутбаи фашистӣ мурофиа шуда, бештарашон ҳукми қатл гирифтанд.

21.11.1918. Дар Русияи шӯравӣ монополияи давлатӣ ба савдои дохилӣ ҷорӣ карда шуд. Ин раванд боиси ҷоришавии сиёсати «коммунизми ҳарбӣ» дар аввалин кишвари Шӯроҳо гардид.

22.11.1934.КМИ ва ШКХ СССР дастуруламал бобати Комиссариати Халқии Мудофиаи СССРро ба тасвиб расониданд. Комиссариати нав бо роҳи якҷояшавии Наркомати корҳои баҳрӣ ва Наркомати флоти ҳарбӣ-баҳрӣ роҳандозӣ гардид.

22.11.1941.Ифтитоҳи роҳи мошингард аз болои кӯли Ладога ба Ленинград. Ин роҳ, ки бо «Роҳи наҷот» маъруф аст, танҳо фасли зимистон фаъолият мекард ва боиси наҷот додани ҷони ҳазорон сокини шаҳри муҳосира шуда шуд. Бори аввал тавассути ин роҳ 60 мошин орд ба Ленинград расонида шуд. Дар роҳи бозгашт бошад, мошинҳо кӯдакон ва занонро бо худ мебурданд.

22.11.1960. Дар СССР корхонаи мошинбарории Коммунари шаҳри Запороже аввалин мошини «Запоржетс»-ро истеҳсол намуд.

23.11.1942.Дар рафти ҶБВ Артиши Сурх гурӯҳи 330.000 нафар артиши олмониро бо сарварии фелдмаршали маъруф Фридрих Паулюс дар шаҳри Сталинград ба муҳосира гирифт.

24.11.1969.Раёсати Шӯрои Олии СССР ва кунгураи ИМА созишнома бобати паҳн накардани силоҳи атомиро ба тасвиб расониданд.

25.11.1926. КМ ВКП(б) қарор бобати сохтмони нерӯгоҳи барқии Днепрогэсро ба тасвиб расонид.

26.11.1924. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Муғулистон ва худи ҳамин рӯз Хурали бузурги мардумӣ Сарқонуни Муғулистонро низ қабул кард. Бо таъсиси Муғулистон лагери сотсиалистӣ дуввумин аъзои худро пайдо кард.

26.11.1971.Дар СССР музди миёнаи меҳнати коргарон ва хизматчиён муқаррар карда шуд.

Музди меҳнати миёна акнун дар аввалин кишвари Шӯроҳо 70 рублро ташкил медид ва ин музди меҳнат тӯли 20 сол бе тағйир боқӣ монд.

 27.11.1958.СССР ба тамоми кишварҳои ҳозир дар хоки Олмон пешниҳод кард, ки нерӯҳояшонро аз Берлин бароранд ва пойтахти немисҳоро «Шаҳри озод» эълон кунанд.

27.11.1990. Кунгураи халқи чечен Чеченистонро соҳибистиқлол эълон намуд.

CCСР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter