ХАБАРИ ДОҒ


28.11.1918. Дар Русияи Шӯравӣ Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ), Декрет бобати ташкили кори суғуртавӣ дар РСФСР ро қабул кард.

28.11.1941. Дар рафти ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар Либӣ англисҳо генерали олмонӣ фон Равенштейнро ба асорат гирифтанд. Фон Равенштейн аввалин генерали омлонӣ буд, ки дар рафти ҷанг ба дасти душман асир гардид.

28.11.1943. Дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон конфронси сарони се кишвари иттифоқчӣ СССР, Англия ва ИМА доир гардид. Бори аввал Сталин, Черчил ва Рузвелт мустақиман бо ҳам дидор намуда, масоили доғи байни ҳамро мавриди баррасӣ қарор доданд.

29.11.1920. Дар Русияи Шӯравӣ тамоми корхонаҳое, ки теъдоди коргаронашон аз 10 нафар бештар буд, миллӣ кунонида шуданд.

29.11.1936. Прокурори генералии СССР Вишинский дастур дод, то тамоми парвандаҳо бобати ҳолатҳои тасодуфӣ ва садамаҳоро дар кишвар, чун парвандаҳои харобкорӣ баррасӣ кунанд.

29.11.1941. Дар рафти ҶБВ артиши олмонӣ, партизанзан Зоя Космодемянскаяро ба қатл расониданд.

29.11.1945. Югославия ба Ҷумҳурии Халқи Федеративии Югославия табдил дода шуд. Сарварии кишвари навро Броз Тито ба ӯҳда гирифт. Соли 1963 ин кишвар боз тағйири ном карда, ба Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Югославия табдил дода шуд.

30.11.1918. Дар РСФСР Шӯрои мудофиаи коргарӣ-деҳқонӣ таъсиси дода шуд. Дар раисии ниҳодии нав, роҳбари РСФСР Владимир Ленин қарор гирифт.

30.11.1939. Оғози ҷанги СССР бо Финляндия. Ин ҷанг дар СССР бо ҷанги зимистона маъруф аст ва заъфи Артиши Сурхро нишон додааст. Ба андешаи бархе, Фюрери олмонӣ маҳз баъди анҷоми ҳамин ҷанг қарор дод ба СССР ҳамлаи низомӣ анҷом диҳад. Лигаи миллатҳо бошад, ки нақши СММ-ро ифо мекард, СССР-ро барои оғози ин ҷанг таҷовузгар хитоб кард ва аз ҳайъати худ хориҷ намуд.

30.11.1979. Дар СССР барои беҳтар намудани кори истеҳсолотӣ, кумитаҳои назорати халқӣ ҷорӣ карда шуданд.

1.12.1918. Дар натиҷаи мутаҳидшавии Трансилвания бо Руминия раванди таъсиси кишвари соҳибистиқлоли миллии румин ба анҷом расид. Ин рӯз дар Руминия чун ҷашни миллӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

2.12.1918. Дар РСФСР бо қарори ШКХ тамоми бонкҳои хориҷие, ки дар Русия амал мекарданд, аз байн бурда шуданд.

2.12.1956. Фидел Кастро бо як гурӯҳи ҳаммаслаконаш, бо нияти мутаҳҳид кардани гурӯҳҳои инқилобӣ  дар вилояти Оренти Куба фуруд омад. Ин рӯз дар Куба чун Рӯзи нерӯҳои мусаллаҳи инқилобӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

3.12.1917. Владимир Ленин ва Иосиф Сталин бо муроҷиатномаи муштарак ба тамоми мусалмонони Русия ва Шарқ  муроҷиат карда, аз онҳо хостанд барои озод шудан аз ҳар навъ истибдод муборизаро оғоз кунанд.

3.12.1945. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико лоиҳаи Троян ба тасвиб расид. Тибқи ин ноҳия ИМА мебоист 1 январи соли 1950 ҷанги атомиро алайҳи СССР оғоз мекард.

3.12.1959. Дар корхонаи киштисозии Адмиралтейскиии шаҳри Ленинград, аввалин киштии яхшикан дар ҷаҳон, яхшикани атомии «Ленин» сохта ба истифода дода шуд.

 

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter