4.12.1918. Дар Латвия Ҳукумати муваққати Шӯравӣ бо сарварии Петр Стучко таъсис дода шуд.
4.12.1946. Дар корхонаи автомобилҳои хурдҳаҷми Маскав (ин корхона аз соли 1968 номи комсомоли лениниро гирифт ва АЗЛК номида шуд) аввалин автомобили «Москвич-400» ҷамъоварӣ гардид.
4.12.1948. Кумитаи давлатии Шӯрои Вазирони СССР бобати ворид кардани технологияҳои муосир дар хоҷагии халқ, ихтирооти И. С. Брук ва Б.И. Рамеевро таҳти №10475 ба қайд гирифт. Ин ихтироот аввалин мошини барқии ҳисобкунӣ ё роёна буда, ин рӯзро мешавад чун рӯзи таваллуди компютери шӯравӣ унвон кард.
5.12.1931. Дар шаҳри Маскав калисои Исои Наҷотбахш тарконда шуд. Ин калисо яке аз калисоҳои бузург ва бонуфузи проваславӣ буда, барои диндорони рус аҳамияти вежа дошт. Калисоро баъди пошхурии СССР дубора барқарор карданд.
5.12.1941. Оғози ҳуҷуми ҷавобии Артиши Сурх дар назди Маскав. Ин ҳуҷум немисҳоро аз остонаи пойтахти Шӯравӣ дур андохт ва достони шикастнопазирии артиши Гитлерро хотима бахшид.
6.12.1917. Финляндия соҳибистиқлолии худро аз Русия эълон кард.
6.12.1925. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ нерӯгоҳи барқии Шатурск ба кор андохта шуд. Ин нерӯгоҳ, ки номи доҳии боллшевикон Владимир Ленинро соҳиб буд, он шабу рӯз бузургтарин ва самараноктарин нерӯгоҳи торфӣ дар ҷаҳон ба шумор мерафт.
6.12.1936. Дар СССР Сарқонуни нав, ки сарқонуни сталинӣ ном гирифт, қабул гардид. Ин Сарқонун Шӯрои Олии кишварро (парлумони ду палатаӣ) ниҳоди олии ҳукуматӣ эълон кард.
6.12.1991. Дар Украина қонун «Бобати Нерӯҳои мусаллаҳ» қабул карда шуд. Ин рӯз аз соли 1993 бо қарори Радаи Олии Украина, чун Рӯзи Нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ҳамасола дар ин кишвар ҷашн гирифта мешавад.
7.12.1941. Артиши императории японӣ ба ба базаи ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар Перл-Харбор ҳамла кард. Амрикоиҳо талафоти сангин доданд ва ин амалкарди японҳо муҷиб шуд, ки ИМА ба ҷанги ҷаҳонии дуввум ворид гардад.
7.12.1988. Заминларзаи шадид дар Арманистон ба вуқӯъ пайваст. Шиддати заминларза 6,9 балл бо ченаки Рихтерро ташкил дод ва шаҳрҳои Спитак (пурра)ва Лениноканро (80%) хароб кард. Инчунин чанд шаҳру деҳоти дигар ҳам зарари ҷиддӣ диданд.
8.12.1938. Дар СССР Лаврентий Берия ба ҷои Николай Ежов, комиссари корҳои дохила таъин гардид. Берия дар ҳол ба тоза кардани сафҳои НКВД шурӯ кард ва то моҳи марти соли 1939 дар тамоми вазифаҳои калидии ин ниҳод аллакай одамони Берия фаъолият мекарданд.
8.12.1991. Дар бешаи Беловежски Беларусия, сарони се кишвари славянӣ РСФСР, Украина ва Беларус бо ҳам дидор намуданд. Дар натиҷа президенти Русия Борис Елтсин, президенти Украина Леонид Кравчук ва Раиси ШО Беларус Станислав Шушкевич созишномаи парокандашавии СССР ро имзо гузоштанд.
9.12.1989. Дар СССР нашри рӯзномаи «Коммерсант-deily» ба роҳ монда шуд. Ин рӯзнома аз соли 1909 то соли 1917 дар Русия нашр мегардид ва баъди омадани болшевикон ба сари қудрат, нашри он мамнуъ гардида буд.
10.12.1926. Дар шаҳри Ленинград, аз ҷониби Трести истеҳсолоти оммавӣ, аввалин мошинҳои сӯхторхомушкунии шӯравӣ сохта шуданд.
10.12.1948. Аз ҷониби СММ Эъломияи ҳуқуи инсон қабул карда шуд. Ин рӯз аз соли 1950 чун Рӯзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби СММ ҷашн гирифта мешавад.
11.12.1919. Дар СССР аввалин шумораи рӯзномаи «Юний коммунар» рӯи чоп омад, ки баъдан ба «Московский комсомолетс» тағйири ном кард. Ин рӯзнома ҳоло ҳам яке аз рӯзномаҳои машҳур ва ҷанҷолӣ ба шумор меравад.
СССР