ХАБАРИ ДОҒ

Аз Лигаи миллатҳо то қатли Лазар

  • Чоршанбе, Янв 25 2023


10.01.1920. Дар Женева созмони нави умумиҷаҳонӣ бо номи Лигаи Миллатҳо таъсис дода шуд. Ин созмон шабеҳи СММ имрӯза буд ва мебоист масоили баҳсбарангези миёни кишварҳоро ҳаллу фасл мекард. Роҳбари Шуравӣ Владимир Илич Ленин дар бораи ин созмон фармуда буд: «Лигаи Миллатҳо танҳо дар коғаз иттиҳод ба шумор меравад, дар асл инҳо гурӯҳи ҳайвоноти дарранда аст». Иттиҳоди Шуравӣ с.1934 ба Лигаи Миллатҳо шомил ва баъди 5 сол аз ин созмон хориҷ карда шуд.

10.01.1937. Дар СССР роҳбари собиқи Комсомоли шуравӣ ва яке аз созмондиҳандагони ин ташкилот Лазар Абрамович Шатскин ба қатл расонида шуд.

11.01.1919. Дар Русияи шуравӣ Продразвертка ҷорӣ карда шуд. Тибқи ин сиёсат деҳқонон мебоист тамоми гандум ва орди зиёдатии худро бе пул ба давлат месупориданд. Продразвертка-системаи захира кардани маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, яке аз аносури сиёсати коммунизми ҳарбӣ ба шумор мерафт ва то с.1921 дар РСФСР идома ёфт.

11.01.1935. Неруҳои баҳрии СССР дар Шарқи Дур ба Флоти Уқёнусиоромии СССР тағйири ном карданд. Аввалин фармондеҳи Флоти ҷадид М.В.Викторов таъин шуд.

12.01.1913. Иосиф Ҷугашвилӣ бори аввал навиштаҳои худро бо тахаллуси «Сталин» имзо намуд.

12.01.1955. Дар СССР сохтмони космодром (фазопаймо)-и Байконур оғоз гардид. Байконур баъди фурӯпошии СССР ба Қазоқистон гузашт ва Русия онро то с.2050 ба иҷора гирифт.

12.01.1989. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронда шуд. Ин охирин барӯйхатгирии аҳолӣ дар аввалин кишвари Шуроҳо буд ва тибқи он аҳолии СССР 286 млн. 717.000 нафарро ташкил дод.

13.01.1991. Нерӯҳои Артиши шӯравӣ бинои ТВ-и Вилнюсро тасарруф карданд. Ин рӯз дар Литва ҳамасола чун Рӯзи мудофеъони озодӣ васеъ ҷашн гирифта мешавад.

14.01.1918. Русияи Шуравӣ ва Финляндия ба тақвими нави григорианӣ гузаштанд. 

14.01.1962. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ хатти интиқоли нафтии «Дружба» (Дустӣ) ба кор даромад. Ин хат нафтро аз Сибири ғарбӣ ба Аврупо интиқол медод. 

15.01.1994. Дар Туркманистон референдуми мардумӣ баргузор шуд.

Тибқи он 99,9% аҳолии кишвар барои бекор намудани интихоботи президентӣ ва дароз кардани муҳлати президентии Сафармурод Ниёзов (Туркманбошӣ) то с.2002 овоз доданд.

16.01.1991. Оғози амалиёти «Тӯфон дар биёбон». Дар натиҷаи амалиёт нерӯҳои низомии зиёда аз 30 кишвар бо роҳбарии ИМА артиши Саддом Ҳусайнро аз Кувайт берун карданд.

 

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter