ХАБАРИ ДОҒ

Аз шикасти Деникин то қатли Лумумба

  • Чоршанбе, Фев 01 2023

 

17.01.1920. Артиши Сурх дар рафти ҷанги гражданӣ гурӯҳи асосии артиши Деникинро торумор намуд. Шикасти Деникин рафти ҷанги шаҳрвандиро тағйир дод ва аз ин баъд сафедҳо натавонистанд зидди Артиши сурх муқовимат намоянд.

17.01.1960.Тӯфони шадид дар Уқёнуси Ором 3 сарбози шӯравӣЗиганшин, Поплавский ва Федотовро ба уқёнуси кушод бурд ва онҳо 49 рӯз бе обу хӯрокворӣ дар уқёнус боқӣ монданд. Ахир, сарбозонро баъди 49 рӯз горди соҳилии ИМА наҷот дод.

17.01.1961. Президенти ИМА Дуайт Эйзенхауэр бори охир аз ТВи кишвараш ба мардуми ИМА муроҷиат кард. Мавзӯи гуфтугӯи ӯ «ҷанги сард» гардид. Президент мардуми Амрикоро аз хатари рушди комплекси ҳарбии кишварашон ҳушдор дод.

17.01.1961. Дар Конго бо фармони генерал Мобуту, аввалин сарвазири Ҷумҳурии Демократики Конго Патрис Лумумба ба ҳабс гирифта шуд ва сипас ба қатл расид. Лумумба яке аз намодҳои озодихоҳӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст ва дар СССР ба номи ӯ донишгоҳеро низ гузоштанд.

18.01.1943.Артиши Сурх муҳосираи Ленинградро рахна кард. Ленинград тирамоҳи с.1941 аз ҷониби артиши немисӣ, нерӯҳои финн ва дивизияи кабуди испанӣ муҳосира шуда буд. Дар тӯли муҳосираи сесола мардуми шаҳр ба гуруснагии сахт гирифтор шуда, беш аз 1 млн аҳолии он аз гуруснагӣ мурданд.

18.01.1947. Дар СССР вилояти Сахалин таъсис дода шуд. Ба ин вилоят ҷазираи Сахалин ва галаҷазираҳои Курил шомил шуданд. Ҳамагӣ ба ин вилояти нав 59 ҷазира дохил карда шуданд, ки қисмате аз онҳоро Ҷопон то ҳол моли худ медонад.

18.01.1961. КМ ҲКИШ лоиҳаи Никита Хрушев оид ба азнавсозии хоҷагии қишлоқро ба тасвиб расонид. Тибқи ин лоиҳа дар саросари СССР кишти ҷуворимакка роҳандозӣ шуд, ки зиёни фаровоне ба иқтисоди шӯравӣ расонид.

19.01.1918. Патриархи калисои Русия Тихон ҳукумати шӯравиро такфир кард ва болшевиконро ғайридин хонд.

19.01.1946. Эрон ба СММ муроҷиат ва аз ин ниҳод хоҳиш кард, ки онро аз дахолати СССР ба корҳои дохилиаш муҳофизат кунад.

20.01.1990.Нерӯҳои Артиши Шӯравӣ ба пойтахти Озарбойҷон ш.Боку ворид карда шуданд. Ин нерӯҳо мебоист аз қатли оми арманиҳо дар Боку ҷилавгирӣ мекарданд.

Дар натиҷаи амалиёти ҳарбиҳо дар Боку беш аз 200 тан ҳалок ва зиёда аз 3000 кас захмӣ шуданд. Дар Озарбойҷон ҳамасола ин рӯзро чун Рӯзи қурбониёни Озарбойҷон ёд мекунанд. 

21.01.1924. Дар СССР В.Ленин дар синни 53солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ленинро 27.01.1924 дар Майдони Сурхи Маскав, дар мақбараи махсус дафн карданд.

21.01.1949. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Виссарионович Сталин «бузургтарин сарлашкари ҳамаи давру замонҳо» эълон карда шуд.

 СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter