7.02.1952. Дар Маскав мурофиаи судии аъзои дастаи зиддишӯравии адаби-сиёсии мактабхонони масквагӣ доир гардид. Мурофиаи мазкур пуши дарҳои баста баргузор шуд. Дар рафти мурофиа мактабхоноро бо он муттаҳам карданд, ки варақаҳои зиддишӯравиро паҳн мекарданд ва системи интихоботии шӯравиро ғайридемократӣ хитоб мекарданд. Се нафар аз аъзои дастаро ба қатл, 10 нафарро ба 25 соли зиндон ва се нафари дигар 10 сол зиндон ҳукм гирифтанд.
7.02.1964. Рӯзномаи «Правда» аввалин бор дар СССР бо чопи як матлаб, тарроҳии марги Кировро, ки соли 1934 дар Ленинград ба шакли мармуз ба ҳалокат расид, ба Сталин нисбат дод.
8.02.1924. Аввалин парвози тайёраи мусофирбари шӯравӣ АК- 1. Ин тайёра, ки бештари қисматҳояш аз чӯб сохта шуда буданд, соли 1923 аз санҷиш гузашт ва онро ба истеҳсолоти оммавӣ тавсияи доданд. Аммо мутаасифона ҳеҷ намунаи оммавиаш сохта нашуд ва онро аз истеҳсолот бардоштанд.
8.02.1925. Дар шаҳри Ленинград ҳафт масъули миёнпояи шӯравӣ, ба хотири фасод дар соҳаи истеҳсоли пӯст, ба қатл маҳкум шуданд.
8.02.1945. Ҳавонаварди шӯравӣ М.П. Девятаев, як таёраи олмониро ғанимат гирифт ва аз лагери ҷазодиҳии фашистӣ дар Олмон фирор кард.
8.02.1955. Дар СССР, раиси Шӯрои Вазирон маршал Николай Булганин таъин гардид. Булганин дар ин вазифа Георгий Маленковро иваз кард. Маленковро Хрушев ба вазифаи пасттар, Вазири нерӯгоҳҳо таъин намуд. Он шабу рӯз дар СССР дар саҳнаи сиёсӣ ҳарбиён баромаданд ва маршал Жуков ба ҷои Буганин Вазири мудофиаи СССР таъин гардид.
9.02.1923. Рӯзи таваллуди авиатсияи мусофирбари шӯравӣ. Дар ин рӯз Шӯрои Мудофиа ва Меҳнат (СТО) бо қарори худ Шӯрои авиатсияи мусофирбарро созмон дод.
9.02.1931. Овозхони рус Федор Шаляпин Иттиҳоди Шӯравиро барои ғайриқонунӣ нашр кардани сурудҳояш ба суд дод ва Бюрои тиҷории СССР дар Порис муваззаф шуд ба Шаляпин10 000 франк пардохт намояд.
9.02.1984. Юрий Андропов, котиби генералии ҲК ИҶШС ба таври мармуз аз олам чашм пӯшид.
9.02.1998. Дар пойтапхти Гурҷистон (Тбилисӣ) ба ҷони перезиденти ин кишвар Эдуард Шеварднадзе сӯиқасд иттифоқ уфтод. Дар натиҷа 2 нафар аз муҳофизони президенти Гурҷистон ба ҳалокат расиданд ва хӯди ӯ чанд ҷароҳати сабук бардошт.
Масъулияти ин ҳамларо чанде баъд яке аз ҷангиёни чечен Салман Радуев ба зимма гирифт.
10.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) декретро «Оиди мубориза бо ҷиноятҳои зиддиинқилобӣ, ки тавассути матбуот амалӣ мегардад» қабул намуд. Тибқи ин декрет дар РСФСР Додгоҳи инқилобии матбуот таъсис дода шуд.
10.02.1946. Аввалин интихобот ба Шӯрои Олии СССР.
10.02.1962. Иттиҳоди Шӯравӣ ҳавонаварди асиршудаи амрикоӣ Фрэнсис Пауэрсро, ки наздикиҳои Екатеринбург зада афтондашуда буд, бо ҷосуси шӯравӣ Рудолф Абел иваз намуданд.
11.02.1940. Миёни СССР ва Олмон созишномаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ ба имзо расид. Тибқи ин созишнома ашёи хом ва озуқаворӣ аз шӯравӣ ба Олмон мерафт ва немисҳо ба ивазаш ба Сталин таҷҳизоти истеҳсолӣ медоданд. Дар байни 1 сол ҳаҷми умумии содирот бо Олмон аз 61,6 млн. рубл то 736, 5 млн рубл боло рафт.
СССР