13.02.1918. Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР декрет оид ба таъсиси «биржаҳои меҳнатӣ»-ро ба тасвиб расонид. Ин биржаҳо ташкилотҳои давлатӣ маҳсуб меёфтанд ва вазифаашон миёнаравӣ дар бозорӣ меҳнат буд. Ин биржаҳо то авохири с.1930, то замони рафъи бекорӣ дар СССР фаъол буданд.
13.02.1921. Дар Маскав роҳбари анархистони рус княз Куропаткин вафот кард. Ҳукумати шӯравӣ дар ин рӯз барои ширкат дар маросими дафни княз, тамоми анархистони зиндониро танҳо ба ивази қавли бозгашт аз зиндонҳо озод кард. Князи марҳумро дар қабристони Наводевичийи Маскав ба хок супурданд. Анархистон ба қавлашон вафо карданд ва ҳамаашон бо шиори «анархия-модари амният» ба зиндонҳо бозгаштанд.
13.02.1923. Дар Петроград кормандони ГПУ яке аз маъруфтарин ҷинояткорони рус Леонид Пантёлкинро, ки бо лақаби Лёнка Пантелеев дар ҷаҳони ҷиноии рус маъруф буд, ба қатл расониданд. Лёнка воқеан аз маъруфияти зиёде миёни ҷинояткорон бархурдор ва ҳатто худи Ленинро ҳам ғорат карда буд.
13.02.1934.Дар баҳри Чукотск киштии «Челюскин» миёни яхҳо дармонда ғарқ шуд. Экипажи киштӣ, ки ба челюскинчиён маъруф шуданд, 2 моҳ болои яхпора зиндагӣ карданд.
13.02.1956. Пленуми КМ ҲКИШ қарор дод, дар рафти Анҷумани ХХ-и ҲКИШ нишасти пӯшидаеро доир намояд. Дар ин нишаст котиби генералии ҲК Никита Хрушев мебоист маърузаи маъруфи худ «Оид ба шахспарастӣ ва пасомадҳои он»-ро ба самъи вакилони Анҷуман мерасонид.
14.02.1918.Шӯрои Комиссарони Халқии РСФСР Декрет «Дар бораи Флоти Сурхи Коргарӣ-Деҳқонӣ»-ро нашр кард. Инчунин бо декрети дигари ШКХ тамоми заминҳо дар РСФСР моликияти давлатӣ эълон шуданд.
14.02.1974. Дар СССР нависанда Александр Солженитсин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ бо фармони Раёсати ШО СССР «Барои фаъолияти муназзам, ки бо мақоми шаҳрванди СССР мутобиқ набуданд ва барои расонидани зарар ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ» аз шаҳрвандии СССР маҳрум ва аз СССР табъид шуд.
14.02.1956. Дар Маскав, пойтахти СССР Анҷумани ХХ-и ҲКИШ баргузор шуд. Ин Анҷуман дар таърихи навини Иттиҳоди Шӯравӣ мавқеи хосе дошт ва бори аввал дар он фаъолияти роҳбарияти олии кишвар ва шахси Иосиф Сталин зери танқиди сахт гирифта шуд.
15.02.1957. Вазири корҳои хориҷии СССР Андрей Громико таъин шуд. Ӯро мешавад яке аз муваффақтарин вазири корҳои хориҷии СССР номид. Ӯ 28 сол дар ин вазифа кор карда, маҳз замони вазирии ӯ СССР назаррастарин пирӯзиҳоро дар сиёсати хориҷии худ ба даст овард.
15.02.1989.Артиши шӯравӣ ба пуррагӣ аз хоки Афғонистон бароварда шуд. Армияи 40 тавассути Тирмиз ин кишварро тарк кард ва вориди хоки СССР шуд.
16.02.1951. Роҳбари СССР Иосиф Сталин СММ (СММ)-ро «олати ҷанги таҳоҷумӣ» унвон кард.
17.02.1947. Радиои «Садои Амрико» пахши барномаҳои худро барои Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз кард.
19.02.1921. Дар Русияи Шӯравӣ аввалин шумораи рӯзномаи «Труд» ба чоп расид. Он яке аз бонуфузтарин рӯзномаҳои СССР буд ва то авохири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди зиёде нашр мешуд.
.
CCCP