11.04.1921.Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Туркистон. Маркази ҷумҳурии мухтори Туркистон шаҳри Тошканд шуд ва мухторияти навтаъсис ба ҳайъати РСФСР шомил мегардид. Аҳолии ҶМТ 5 млн нафар буд ва ин мухторият то 27.10.1924 арзи вуҷуд кард.
11.04.1945. Дар Маскав миёни СССР ва Югославия созишномаи 20-солаи дӯстӣ, кумак ва ҳамкории баъдиҷангӣ ба имзо расид. Созишномаро Броз Тито ва Сталин имзо карданд. Бо вуҷуди ин, тарафи СССР сентябри с.1949 созишномаро ба хотири итоат накардани Тито аз эътибор соқит кард.
11.04.1981.Мусиқинавозони машҳури шӯравӣ-Максим Шестакович ва писараш Дмитрий, ки писар ва набераи оҳангсозӣ машҳур Дмитрий Шестакович буданд, ҳини сафари хидматӣ ба Олмони Ғарбӣ эълон карданд, ки дигар ба СССР барнамегарданд.
11.04.1991. КМ ҲКИШ мактуби кушодаеро нашр намуд, ки тибқи он аз коммунистон даъват карда мешуд, ислоҳотхоҳони ашаддиро аз сафҳои ҳизб берун кунанд. Ин мактуб сабаб шуд, ки яке аз коммунистони ислоҳотхоҳ Николай Травкин эълон кард, аз ҲК хориҷ шуда, ҳизби навро бо номи Ҳизби демократӣ таъсис медиҳад.
12.04.1918. Нерӯҳои Артиши Сурх ва ВЧК соати 3-и субҳ якбора ба 26 лонаи анархистон шабехун заданд. Анархистон ҳама мусаллаҳ буданд ва ҳеҷ нерӯро эътироф намекарданд. Амалиёт бобарор анҷом гирифт ва анархистон шикасти сахт диданду тамоми силоҳашон мусодира шуд ва худ ба пинҳонкорӣ гузаштанд.
12.04.1961. Аввалин парвози инсон ба фазои кайҳон. Кайҳоннаварди шӯравӣ Ю.Гагарин дар киштии кайҳонии «Восток» ба фазо баромада, Заминро давр зада, поин омад.
12.04.1984.Дар мактабҳои миёнаи СССР маълумоти миёнаи 11-сола ҷорӣ карда шуд.
13.04.1919.Таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Бавария. Дар ин рӯз коммунистони олмонӣ шӯриши зиддиинқилобиро дар Мюнхен пахш карда, Ҷумҳурии Шӯравии Баварияро созмон доданд.
13.04.1941. СССР бо Япония Созишномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро ба имзо расонид.
14.04.1918. Дар Русияи шӯравӣ бо қарори КМИ парчами сурх, парчами давлатии Ҳукумати Шӯравӣ эълон карда шуд.
14.04.1978.Дар ш.Тбилисӣ-пойтахти РСС Гурҷистон намоиши оммавии мардумӣ доир шуд. Намоишгарон аз ҳукумат талаб доштанд, забони гурҷиро ба ҳайси забони расмии кишвар эътироф кунанд.
16.04.1945.Оғози амалиёти Берлин. Ин амалиёт қариб 1 моҳ идома кард ва бузургтарин амалиёти ҶБВ ба шумор меравад.
17.04.1923. Оғози Анҷумани XII-и РКП (б). Ин аввалин Анҷумани ҳизбӣ буд, ки сарвари болшевикон Владимир Ленин дар он ширкат наварзид.
СССР