26.04.1920. Таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм. Ин ҷумҳурии нав дар қаламрави собиқ хонигарии Хоразм таъсис дода шуд ва ҳудуди Туркманистон ва Узбекистони имрӯзаро дар худ муттаҳид мекард. С.1922 ҶХШ Хоразм аз миён бардошта шуд ва қаламраваш ба РСС Туркманистон ва Ӯзбекистон гузашт.
26.04.1945. Дар рафти муҳорибаи Берлин тонкҳои шӯравӣ маркази шаҳрро рахна карданд. Ин ҳарб охирин ва бузургтарин задухӯрдҳои ҶБВ буд, ки 16 рӯз идома ёфт ва Артиши Сурх баъди ҷанги шадид, пойтахти Рейхи 3-умро тасарруф кард.
26.04.1986. Садама дар Нерӯгоҳи атомии Чернобил. Он яке аз бузургтарин садамаҳои атомии асри 20 ба шумор меравад, ки қариб буд Аврупоро маҳв кунад.
27.04.1918.Дар Русияи Шӯравӣ бо қарори КМИ кишвар ҳаққи варосат (меросбарӣ) бекор карда шуд. Дар аввалин кишвари Шӯроҳо дигар касе аз касе ирс намебурд. Албатта болшевикон ба бемантиқии ин қонун зуд пай бурданд ва 22.05.1922 онро бекор намуданд.
27.04.1932.Раёсати КМИ СССР аввалин Кодекси ҳавоии СССРро ба тасвиб расонид.
27.04.1978.Инқилоби савр (апрелӣ) дар Афғонистон. Дар ин рӯз нерӯҳои мусаллаҳи ба Ҳизби Халқи Демократии Афғонистон содиқ ҳукумати Довудшоҳро сарнагун карданд ва қудрат ба дасти коммунистон гузашт. Ин инқилоб мунҷар ба ҷанги дарозмуддат дар Афғонистон гашт, ки то ҳол идома дорад.
28.04.1920. Таъсиси РСС Озарбойҷон.
28.04.1953.Дар СССР Василий-писари Иосиф Сталин ба ҳабс гирифта шуд. Ӯ ба округи ҳавоии Маскав фармондеҳӣ мекард ва баъди марги падар вазири мудофиаи СССР Н.Булганин ӯро наздаш даъват карда, хост Маскавро тарк кунад. Аммо Вася ба фармони вазир гӯш надод ва ӯро аз артиш берун карданд. Вася ба сафорати Чин муроҷиат кард, то барояш дар ин кишвар паноҳгоҳ диҳанд. Баъди ин кор ӯро фавран ба ҳабс гирифта, 8 сол зиндонӣ карданд.
29.04.1918. Дар Петроград киностудияи «Ленфилм» таъсис дода шуд, ки он замон киностудияи Кумитаи Петроградии Иттиҳоди Коммунаҳои Шимолӣ номида мешуд. «Ленфилм» баъди чанде ба яке аз бузургтарин киностудияҳои СССР табдил ёфт.
30.04.1907. Дар Лондон Анҷумани V-и РАСДРП ифтитоҳ ва охирин нишасте шуд, ки дар он болшевикону меншевикон дар якҷоягӣ ширкат варзиданд.
30.04.1945.Дар рафти амалиёти Берлин нерӯҳои Артиши Сурх ба Рейхстаг-Маркази ҳукумати Гитлер расиданд ва ба тасхири он пардохтанд. Фюрери олмонӣ бошад бо ҳамроҳии Ева Браун даст ба худкушӣ заданд.
1.05.1890.Нахустин ҷашни иди 1 май. Бори аввал 1 майро коргарони Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания ва Испания ҷашн гирифтанд ва аз ин ба баъд ҳамасола ин идро дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд.
СССР