6. 05. 1917. Дар Русия Қонун бобати таъсиси кумитаҳои заводӣ ба тасвиб расид. Ин кумитаҳо қабули коргарон ва хориҷ кардани онҳоро аз корхона назорат мекарданд.
6. 05. 1920. Нерӯҳои Артиши полякӣ дар рафти ҷанги Полша бо РСФСР пойтахти Украина-шаҳри Киевро ба тассаруф дароварданд.
7. 05. 1934. Дар вилояти Амури СССР, Вилояти Мухтори Яҳудиён таъсис дода шуд. Пойтахти вилояти навтаъсис шаҳри Биробиҷан интихоб гардид.
7. 05. 1945. Соати 21:41 дақиқа, дар шаҳри Реймси Олмон, аввалин санади таслими бе чунучароӣ Олмони фашистӣ ба имзо расид.
7. 05. 1951. Кумитаи байналмиллалии Олимпӣ аз СССР даъват кард дар бозиҳои Олимпии соли 1952 ширкат варзад.
7. 05.1985. Шӯрои Вазирони СССР қарор «Бобати чораҳо барои рафъи майзадагӣ ва алкоголизм ва аз байн бурдани самогонпазӣ»-ро ба тасвиб расонид. Акнун дар СССР фурӯши маҳсулоти алкоголӣ танҳо дар ҷойҳои махсус ва дар соатҳои муаян амалӣ мегардид.
7. 05.1988. Дар СССР маҷлиси муассисони «Иттиҳоди демократӣ» доир гардид. Иттиҳоди демократӣ, аввалин ҳизби сиёсии мухолифи ҲКИШ ба шумор мерафт ва ба он Валерия Наводворская сарварӣ мекард.
8. 05.1945. Дар СССР Рӯзи ғалаба муқаррар карда шуд ва онро 9 Май ҷашн мегирифтанд.
9. 05.1917. Ҳукумати Муваққати Русия эълон намуд, ки дар кишвар сензураи матбуот барҳам дода мешавад.
9.05.1945. Дар майдони ҳавоии Марказии ба номи М. Фрунзе, тайёраи Ли-2 ба сарварии сарнишин И. Семенков фуруд омад. Семенков ба Маскав хабари бениҳоят хуш, санади таслими бечунучарои Олмони фашистиро овард.
9.05.1992. Дар рафти ҷанги арману озарӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ артиши арманиҳо, шаҳри калидии Шушаро ба тассаруф даровард. Баъди суқути Шуша, Қарабоғ ба пуррагӣ ба тассаруфи арманиҳо даромад.
10.05.1940. Артиши олмонӣ дар Фронти Ғарбӣ амалиёти таҳоҷумиро алайҳи нерӯҳои муштараки иттифоқчиён (нерӯҳои англисӣ, фаронсавӣ, ҳолландӣ ва белгиягӣ) анҷом доданд. Амалиёти «Гелб» аввалин тарҳи ҷанги барқосо «блитскриг» ба шумор меравад, ки бо ғалабаи пурраи немисҳо анҷом ёфт.
11.05.1918. Бо пешниҳоди Феликс Дзержинский раёсати КМИ қарор бобати бастани рӯзномаҳои москвагиро ба тасвиб расонид. Дар қарор омада буд, ки ин «рӯзномаҳо дар саҳифаҳои худ хабарҳои бардурӯғро нашр мекунанд, то миёни мардум ваҳму даҳшат афканда, шаҳрвандонро алайҳи Ҳокимияти Шӯроҳо таҳрик менамоянд.
11.05.1955. Дар Варшава машварати намояндагони 8 кишвари сотсиалистии аврупоӣ ( Албания, Болгария, Олмони демократӣ, Полша, Руминия, СССР ва Чехословакия) бобати таъмини сулҳ ва бехатарӣ дар Аврупо доир гардид. Дар ин машварат ин кишварҳо Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрӣ ба ҳамдигарро ба имзо расониданд, ки бо Созишномаи Варшава маъруф гардид.
12.05.1949. СССР расман муҳосираи Берлини Ғарбиро қатъ кард.
13.05.1935. Дар СССР КМ ВКП(б) ба тамоми кумитаҳои ҳизбии кишвар мактуберо равона карданд, ки тибқи он тамоми ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мебоист тафтиш мешуданд. Ин мактуб чораҳои ҷазоиро нисбати «душманони халқ» боз ҳам пурзӯр намуд.
СССР