Дар толори факултаи журналистикаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯён бо коллективи кори газетаи мардумии СССР баргузор шуд. Ин дидор бо ташаббуси бевоситаи декани фаултаи журналистика, номзади илми филологӣ, Шаҳномашинос ва муаллифи доимии газетаи СССР-устод Саъдии Маҳдӣ доир гардид.
Сароғоз устодони ин даргоҳи сухан ва қалам Саъдии Маҳдӣ ва Сангин Гулзод-яке аз нахустин муаллифини газетаи мардумӣ дар солҳои 2008, 2009-2016 риштаи суханро ба каф гирифта, перомуни сиёсати ватанпарастӣ ва патриотизму профессионализми СССР сӯҳбат карданд. Баъдан Сарвинисои Давлат-донишҷӯи ин факулта ва корманди СССР роҷеъ ба таърихи 8 солаи газета баромади хубе кард, ки он гуфтаҳо дар сотаҳои наздиктарин пешкаши хонандагон мегардад. Сангин Гулзод ин маърузаи шогирдашро шунида, пешкаш намуд, ки он дар шакли кори курсӣ ва сипас ҳамчун Рисолаи дипломӣ бояд дар факулта қабул карда шавад. Сипас сардабири газетаи мардумии СССР сухан карда, роҷеъ ба сиёсати дохилии кори редаксия, чаҳорчӯбаи информатсионии он, шиору забони вежа, услуби газета, сайтҳои тобеъи СССР (www.football.org.tj: www.cccp.tj ) сӯҳбат орост.
Баъдаҳу баҳсу мунозира сурат гирифт, ки тафсилоташ дар соатҳои баъдӣ пешкаш мегардад. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!