Зикри хайр
Ман аз овони мактабхонӣ ба эҷодиёти адиби зиндаёд Наримон Бақозода тавассути маҷаллаи “Машъал” ва рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ошно будам. Шеърҳои барои бачаҳо навиштаи Н. Бақозода бисёр самимӣ ва таҷасссумгари дунёи рангину зебои кӯдакон буданд.
Ортиқ-шоҳи ҷоҳил???
Баъдан дар саҳнаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар яке аз намоишҳои барои бачаҳо навиштаи устод Бақозода, ки “Бахтатро бедор кун” ном дошт, нақши шоҳ Кузурбойро офаридам. Дар ин афсонаи басо ҷолибу шавқангез иҷрои нақши як шоҳи золиму ҷоҳил барои ман имтиҳони хуби ҳунарӣ буд. Устод Н. Бақозода дар машқҳои ниҳоӣ ба театр меомаданд, ба мо ҳунармандон баҳри ворид шудан ба олами ботинии қаҳрамонони худ ҳам маслиҳатҳои муфид медоданд ва ҳам бо суханони пурмеҳри худ илҳом мебахшиданд. Ҳамин тавр ман устод Н. Бақозодаро ҳамчун адиби масъулиятшинос ва инсони нармдилу меҳрубон, хушлаҳну хушгуфтор шинохтам.
Эҷодкоре, ки барои насли наврас, барои кӯдакон заҳмат мекашад, рисолати басо муборак ва созанда дорад, зеро ӯ барои оянда, барои бунёди ҷомеаи бофарҳангу маърифатобод ранҷ мекашад. Афсонаи “Бахтатро бедор кун” ба наврасону мактабиён ва ҷавонони солҳои 80-уми қарни гузашта бисёр хуш омад. Мо ҳунармандон дар иҷрои нақшҳои худ, ки хислату рафтори аҷоиб ва гуногуну рангин доштанд, бисёр лаззат мебурдем ва бо шавқу кайфияти хоса образҳои ҷолиби афсонавӣ меофаридем. Намоиш диловариву шуҷоат, дӯстиву якдилӣ, накӯиву хайрхоҳиро бар муқобили зулму ситам, ноадолативу ҷаҳолат гузошта, билохира тантанаи адолату ҳақиқатро нишон медод. Аз он, ки тамошогарони наврас аз дидани ин афсонаи рангину зебо завқ мебурданд ва ба худ сабақи диловариву ватандӯстӣ мегирифтанд, илҳоми мо-ҳунармандон боз ҳам саршортар мегашт.
Иҷрои нақши шоҳи золим бо хислатҳои аҷибу хандаовараш ба худи ман ҳам бисёр писанд буд ва ҳамеша бо шавқу нерӯи ҷавонӣ рӯи саҳна меомадам...
Кадри ҳавойии устод
Дар доираи ин ҳамкории эҷодӣ бо устод Н. Бақозода сӯҳбату вохуриҳои судманде доштем. Хусусан нишасти дӯстона бо аҳли эҷоди намоиш дар ҷои кори устод Шӯъбаи Тоҷикистонии бунёди сулҳи Иттиҳодӣ Шӯравӣ хеле хотирмон буд. (Сабти намоиши “Бахтатро бедор кун” дар бойгонии телевизиони тоҷик маҳфуз аст.) Бо тақозои қисмат соли 1990 боз бо устод Н. Бақозода, вале ин бор дар телевизиони тоҷик ба ҳамкории дигари эҷодӣ муваффақ шудем. Яке аз коргардонҳои маъруфи телевизиони тоҷик Наим Латифов (ёдаш ба хайр) тасмим гирифт, ки аз рӯи намошномаи мазҳакавии Н. Бақозода “Кадри ҳавоӣ” спектакли телевизионӣ таҳия намояд. Шодравон Н. Латифов иҷрои нақши асосӣ Ғоибхонро ба ман бовар намуд. Баъди ошноӣ бо асар ман дарк кардам, ки ин ҷо масъулияти басо гарону ҳамзамон пурифтихор ба дӯши ман вогузор шудааст. Нахуст ин, ки мавзӯи асар мавзӯи басо муҳиму доғи рӯз буд, яъне мавзӯи дарду иллати миллати тоҷик-мавзӯи маҳалгароиро баррасӣ менамуд.
Лоиқу Камолу Бақозода
Ин мавзӯъ дар адабиёти тоҷик камубеш дар як-ду шеъри устод Лоиқ ва шеъри “Тоҷикистонро дигар қисмат макун”-и Камол Насрулло таҷассуми худро ёфта буд, аммо дар наср, дар драматургия ва аз ҳама муҳимаш дар минбари баланди иттилоотиву идеологӣ-телевизион бори аввал бо ҳаҷви тезу тунд ва кинояву мутояба сахт маҳкуму мазаммат мегардид. Ин нахустин иқдом дар ифшои дарду доғи миллат аз минбари баланд,аз телевизиони тоҷик ҷуръату ҷасорати бузурге буд, ки аз устод Н.Бақозода ибтидо гирифту коргардони соҳибтаҷриба Наим Латиф ва мо ҳунармандонро низ илҳому нерӯ бахшид.Ин намоиш фиғоне буд,фарёди қалбҳои миллатдӯстоне буд алйҳи маҳалгароёни хоину ғаразҳои нопоки эшон. Ман ки худ дар тӯли умрам, хоса дар айёми ҷавониҳоям, дар роҳи фаъолияти эҷодиам аз ин мараз, аз ин заҳрпечак, яъне аз иллати маҳалгароӣ зарбаву зарарҳои зиёде дида будам, нақши Ғоибхонро нақши худам донистам.
Дар мувофиқа бо муаллиф ва коргардон барои намоиш ва махсусан барои қаҳрамони худам чанд монологу хитобаҳо ва аз ашъори устод Лоиқ байтҳои мувофиқеро илова намуда, фиғону эътирози худро дар иҷрои нақш қавитар гардонидам. Афзудаҳои ман дар намоиш ба устод Н. Бақозода хеле писанд омад ва бо меҳру муҳаббат, бо арзи сипосу мамнуният маро табрику шодбош гуфтанд. Бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки он чӣ ман мехостам, шумо онро пиёда сохтед, тири маро ба ҳадаф расонидед. Фиғони дили маро тавассути ин намоиш ва ҳунари шумо гӯши ҳазорон-ҳазор мардуми диёр шунавид. Устод офарину аҳсант мегуфтанду мисли кӯдак шодӣ мекарданд, балки худ қалби дардошное доштанд, ки ба ҳама ҳаводис ва зуҳуроти ҷомеаву иллатҳои он бетараф набуд.
Санги сафеду сиёҳ
Баъди пахши намоиш дар ҷумҳурӣ гӯё таҳаввуле дар андешаҳо, сӯҳбатҳо ва амалҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳама ҷо, дар ҳар ҳолати мушоҳидаи маҳалгароӣ сухан аз намоиши “Кадри ҳавоӣ” мерафт. “Санги сиёҳӣ”, “Санги сафедӣ”- ин ибораҳо бо тамасхуру ханда вирди забони хурду калон гардиданд. Бо шарофати ин намоиш он замон мо “қаҳрамони рӯз” гаштем. Ҳар куҷо, ки мардум моро медиданд, “ҳа, санги сафедӣ!” ё “санги сиёҳӣ”-гӯён вокуниши пурэҳтироме зоҳир менамуданд.
Бисёр мансабдорону зимомдорон дар симои қаҳрамони манфии асар- роҳбари корхона чеҳраи худро медиданд. Баъзе роҳбарон талошу мудохила ҳам мекарданд, ки пахши намоиши “Кадри ҳавоӣ”-ро маҳдуд ва ҳатто манъ намоянд. Билохира ҳамин тавр ҳам шуд, ки сабти он аз бойгонии телевизион “ғайб” зад. (Танҳо дар телевизиони “Сафина” як нусхаи сабти он маҳфуз аст, ки баъзан пахш мешавад.)
Нуктаи ифтихорангезе аз ин ҳамкорӣ боз он буд, ки соли 1992 ман барои иҷрои нақши асосӣ дар намоиши “Кадри ҳавоӣ”-и Н. Бақозода ( ва ҳамчунин намошҳои телевизионии “Ҳаёт ва ишқ”-и Ф. Ансорӣ, “Ашки сӯзон”-и Б. Икром) сазовори ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шуда будам...
Ҳамин тавр ба василаи ҳамкориҳои эҷодӣ ва вохӯриву сӯҳбатҳои зиёде аз устод Наримон Бақозода хотираҳои неку гуворое дар кӯлбори ёдҳоям боқӣ мондаанд. Чеҳраи нурониву ҳамеша хандонашон пайваста дар ёдам мондааст. Руҳашон шоду охираташон обод бод!..
Ҳунарпешаи мардумии
Тоҷикистон Ортиқи Қодир