ХАБАРИ ДОҒ

Сипосномаи ҷанговарони интернатсионалист ба Газетаи мардумии СССР

  • Панҷшанбе, Апр 16 2020

   Имрӯз Раиси Ташкилоти ҷамъиятии "Маъюбони ҷанг дар Афғонистон" полковники мустаъфӣ Ҳикматулло Мирзоев, ба ифтихори 75-умин солгарди Рӯзи ҒАЛАБА ва ҳамкории судманд бо ташкилотҳои ветеранӣ, Сармуҳаррири рӯзномаи СССР Сайёфи Мизробро бо медали ҷашнӣ ва Сипосномаи Ташкилот, Гурдофариди СССР Ҷамила Ҳусейноваро бо Сипосномаи Ташкилот сарфароз гардонид. Муборак бошад, воқеан ҳам СССР дар инъикоси фаъолияти ташкилотҳои ветеранӣ саҳмгузор аст.

Дар ҳамин маврид, Сайёфи Мизроб, сардабири газетаи мардумии СССР роҷеъ ба кору пайкори ҷанговарони башардӯст гуфт:

-Маро доиман 1 фикр доманкаш аст, ки мабодо ҷанговарони интернатсионалист ё худ "афганец"-ҳо, ки хеле размдидаанд, бо ҷангиёни наҳзати мепайвастанд, ҳоли ин сарзамин чӣ мешуд? Вале хушбахтона, онҳо, ки фарзандони ватананд ва ҷанги муҷоҳидину террористони исломиро бо чашми сар дида буданд, ба онҳо напайвастанд. Баракс, дар барқарорсозии ҳукумати дунявии конститутсиони саҳми бориз гузоштанд.

Мо ун ва ин қаҳрамонии ҷанговарони башардустро ҳаргиз фаромуш нахоҳем кард ва барои барқарорсозии имтиёзҳои ишон талош хоҳем кард. Ҳукумат бояд донад, ки ин мардум, ки ҳамакнун куллан-100% инвалиданд (тирхурда, маъюб, асабони ва ғ. ва х.) акнун ба ғамхории Давлат ниёз доранд. Зеро агар 1 тир дар Афғонистон хурда бошанд, 2-3 тири дигар дар ҷанги граждании Тоҷикистон хурдаанд...Мо Метавонем!

 

PS: Ҳикматулло Мирзоев, раиси ТҶ "Маъюбони ҷанги Афғонистон" ба сардабири СССР барои ин талошҳояш медал тақдим намуд (дар акс)...

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter