ХАБАРИ ДОҒ

Хафтаи «Поси хотир» дар Душанбе

  • Чоршанбе, Май 04 2016

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи 9 май – Рӯзи Ғалаба бар ҶБВ солҳои 1941 – 1945 дар шаҳри Душанбе ҳафтаи «Поси хотир» гузаронида мешавад.

 

Чуноне ки ба мухбири мо дар дафтари матбуоти шаҳрдорӣ иттиллоъ доданд, ин амал бо мақсади баланд бардоштани худшиносӣ, тақвият бахшидани эҳтирому садоқат ба диёр, арҷгузорӣ ба корнамоиҳои афсарону сарбозон ва поси хотири ҷовидонаи онҳо, усулҳои мусоидаткунандаи ифтихор ва талош барои хидмат ба Ватан, ташаккули ҷаҳонбинию зиракии сиёсӣ ва  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон баргузор гашта рӯзи 7 майи соли ҷорӣ аз соати 8 то 10 субҳ дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ҷамъомади поси хотири ҷанговарони интернатсионалист сурат хоҳад гирифт.

Ҳафтаи «Поси хотир» инчунин аёдати пиронсолону барҷомондагон, ташкили ҳашару шанбегӣ дар оромгоҳҳо, баргузории конфронсу маҳфилҳои ватандӯстонаро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, озмуни «Суруди сарбоз»-ро дар бар хоҳад гирифт.

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter