Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Водии Вахон, ки ба гузаргоҳ ё долони "Вахон" -и Шоҳроҳи Бузурги Абрешим дохил мешаванд, ифодагари мероси ғании таърихӣ ва далелҳои раднопазиреанд дар сатҳи ҷаҳонӣ. Ёдгориҳои машҳуре, ки дар ин долон ҳастанд ба мисоли ёдгории таърихию фарҳангии "Карон" -ноҳияи Дарвоз, "Дайри Буддоии Вранг", "Қалъаи Қаҳ-Қаҳа", "Қалъаи Ямчун" -и Ишкошим, Петроглифҳо ё худ "Тасвирҳои рӯйисангӣ" -и Лангари ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чандин ёдгориҳои дигари ин долон исботкунандаи онанд, ки ин минтақа ба асрҳои 3-4 -и пеш аз мелод бар мегардад ва дар он танҳо тоҷикон зиндагӣ мекарданд. Аз ҳама муҳим ин аст, ки аксарияти ёдгориҳои ин долон дар минтақаҳои сарҳадӣ ҷойгир буда, характер ё хусусияти стратегиро доро мебошанд.
Танҳо 1 талошу 1 қадам…
Бояд қайд намуд, ки ёдгориҳои мазкур аллакай дар рӯйхати пешакии Мероси фарҳанги умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил ҳастанд ва танҳо 1 талош ва 1 қадами устувори дигар зарур аст, то ёдгориҳои бузурги ин долонро ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил созем.
Бубинед ҳамватанон то чанд вақти пеш ким-кадом 1 журналисти Чину Қирғизистон даъвои ин минтақа (Бадахшон-Мурғобу Ишкошим) мекарданд, ҳоло бошад саркардаҳои онҳо дар мисоли Президенти давлаташон (ишора ба Садир Жаппаров) манқуртона даъвои сарзамини мо мекунад.
Ишора кардан зарур аст, ки дар сурати аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шудани ин ёдгориҳо тамоми кишварҳои ин созмон (193 кишвари аъзо) махсусан Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Чин ин арзишҳои таърихию фарҳангии Тоҷикро эътироф хоҳанд кард. Пас ин шонси аввалинро набояд аз даст диҳем.
Иловатан ёдгориҳои ин долон ёдгориҳое мебошанд, ки ба талабот ва критерияҳое, ки ЮНЕСКО вобаста ба шомилшавӣ дар Феҳристи умумибашарӣ дорад, мувофиқат мекунанд ва қобили қабул ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки парвандаҳои номинатсионии ёдгориҳои долони "Вахон" омода буда, танҳо каме такмилу таҷдид ва иловаҳои навро ворид кардан лозим. Аз ҷумла сертификат кардани ҳудудҳои ёдгориҳо, ҳудудҳои буферӣ ва ҳудудҳои махсус ҳифзшавандаи ёдгориҳои мазкурро.
Даъвоҳо зиёд мешаванд
Ҷои зикр аст, ки дар лоиҳа (проект) -и охири Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар он тармиму барқарорсозӣ ва омода намудани 4 объект аз ҷумла ёдгории "Қалъаи Ямчун" -и долони Вахон дар баробари ёдгориҳои "Мақбараи Хоҷа Машҳад", мавзеи "Чилучорчашма" ва "Шаҳри қадимаи Ҳулбук" дар назар буд, аз ин лоиҳа бардошта шудааст, сабабашро шояд масъулони Маркази татбиқи лоиҳаҳои Вазорати молия равшанӣ андохта шарҳи бештар диҳанд (зеро татбиқкунандагони асосии лоиҳа бевосита онҳоянд).
Ин даъвоҳо (ишора ба даъвоҳо ё изҳоротҳои ахири Садир Жаппаров -Президенти Қирғизистон) бори аввал ҳам нест ва бори охир ҳам нест. Бо мурури замон чунин даъвоҳои пучу беасос зиёд мешаванд. Зеро мо дар замони мураккаби ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо қарор дорем. Кишварҳои минтақа дар андешаи экспансия (васеъ кардани ҳудудҳо) -и давлатҳои худ ҳастанд. Ҳимояи моддию маънавӣ накардан ва кӯтоҳӣ кардан дар муаррифии шоистаи сарзаминҳои таърихию аҷдодӣ ин бохти миллати мо хоҳад буд.
Аз ин рӯ пешниҳоди банда ин аст, ки ҳарчи тезтару барвақттар ёдгориҳои таърихию фарҳангии гузаргоҳи "Вахон" -ро, ки дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим ҷойгир аст, омода намуда, ба Феҳристи асосии мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО шомил созем, то ин гуна даъвоҳои беасосу пуч кам шавад.
Ҷаҳон бояд Тоҷиконро эътироф кунад!
Шомил намудани ёдгориҳо чанд ҷанбаи мусбӣ барои миллати мо дорад, аз ҷумла он чи дар ин маврид мехоҳам бигӯям ин аст, ки аввалан миллат ба ҳайси 1 миллати қадимӣ, шаҳрсозу давлатдор шинохта ва эътироф карда мешавад. Сониян тавре қайд кардем, кишварҳои зикркарда ҳамчун узви ЮНЕСКО қарори дахлдори ЮНЕСКО -ро вобаста ба сарзаминҳои аслии Тоҷикон қабул ва эътироф менамоянд.
Албатта, бояд ишора намоям, ки мо ба ҳайси ҳамоҳангсоз ва ваколатдори соҳа талош ва кӯшиши худро ҷиҳати амалишавии ин андешаҳо мекунем, вале ногуфта намонад, ки ин масъала ба 1 ё 1 нафар алоқаманд набуда, дар маҷмуъ тамоми масъулон аз ҷамоату маҳаллаҳое, ки ёдгориҳо дар онҷо воқеъ ҳастанд, то мақомотҳои шаҳру ноҳияҳо ва ниҳодҳои марказии вазоратҳо бояд ташаббус намоянд. Ҳамчунин тибқи моддаи 44 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар 1 шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки мероси таърихию фарҳангиро ҳифз намояд.
Мирзошариф Абдусаломов,
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масъалаҳои фарҳанги моддӣ дар ЮНЕСКО, мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон