Вақтҳои охир оиди дағалрафтории шаҳрвандони Афғонистон, ки аксарият гурезаанду кишвари моро барои муваққат интихоб намуда, бо умеди ҳаққи паноҳандагӣ дар Амрикову Аврупо рузҳоро паси сар мекунанд, шикоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд аст. Худи ман низ чанде пеш шоҳиди чунин 1 дағалрафтории афғоне будам-як марди нисбатан ҷавони афғон дар назди Маркази савдои «Садбарг» ба фарроши калонсоле дод зада суханҳои қабеҳ мегуфт…
Шояд бархе маро ба миллатчигӣ муттаҳам кунанд, вале воқеан мардҳои бо он тану туш Ватанро партофтаву гурехта, омада дар кишвари мо зурӣ мекунанд ва бовар кунед дар нигоҳаш заррае ҳисси таассуфу ғарибӣ ва муқадассот дида намешавад. Мисле, ки фикр мекунӣ ҳоло шонсаш диҳӣ, пора-пораат мекунад. Қаблан мегӯям ман тарафдори занону кудакони афғонистонӣ ҳастам, зеро ин қишри бегуноҳони он ҷомеаанд ва бояд аз ҷониби ҳамагуна созмонҳои башарӣ дастгирӣ ёбанд, вале баъзе мардҳояшон аслан арзиши дилсузӣ надоранд!
Мутаассифона, назарҳои зери навиштаҳои фейсбукиро дида, нороҳат мешавам. Тоҷикони «баномус» бар зиди худи мо бархеста, аз ин фирқа одамон тарафдорӣ мекунанду миннати онро мезананд, ки дар вақти ҷанги шаҳрвандӣ онҳо моро ба кишварашон роҳ додаанд. Дуруст аст роҳ доданд ва мо инро рад намекунем, вале дар чи шароит? Магар наворҳои он давраро намебинед? Тоҷик дар кадом шароит мезисту чи мехурду чи мепушид?
Бархе хабарҳоро дар бораи эътирози шаҳрвандони гурезаи Афғонистон дар мавриди шароити будубош мехонаму ангушти ҳайрат мегазам. Аксарияти гурезаҳои афғон дар истироҳатгоҳҳои Ромиту Варзоб ва ҳатто мавзеи Сафеддара мезиянд, бо ҷойи хуби зист таъминанд ва боз талаб доранд, ки ба онҳо кӯмаки молӣ карда шавад. Агар аз гурезаҳои давраи ҷанги шаҳрвандии тоҷик пурсед, он вақт мефаҳмед, ки ҳангоми дар Афғонистон гуреза буданашон, дар чи вазъ зиндагӣ мекарданду баъзе нохалафони он миллат бар ивази пул ё хурок аз занҳову духтарони тоҷики гурезаи мо суистифода мекарданд.
Ҳеҷ чиз бе меҳнат ба даст намеояд. Гурезаҳои афғонистонӣ имрӯз дар он шароите нестанд, ки гурезаҳои тоҷик 30 сол пеш буданд. Ба шароити зист таъминанд, ягона мушкил нест, агар баромада кор кунанд. Бо нишастану умед ба кумаки Амрикову Аврупо бастан намешавад. Намехоҳанд? Баргарданду Ватани хешро обод кунанд!
Гулбаҳори Ҳалим,
СССР