ХАБАРИ ДОҒ

«Ҷиллои Нигин»: Мо ҳам метавонем!

  • Панҷшанбе, Май 05 2016

Шоми имрӯз дар меҳмонхонаи «Шератон» Намоиши мӯд, ки ба Рӯзи байналмиллалии ҳимояи ҳуқуқи маъюбон – 5 май бахшида шуда аст, бо номи «Ҷилои Нигин» баргузор хоҳад шуд. Дар ин намоиши мӯд коллексияи нави Нигина Икромова, тарроҳи хушсалиқа дар ҳамкорӣ бо духтарони имконияташон маҳдуд ба намоиш гузошта мешавад.

 

Чуноне ки Нигина Икромова дар сӯҳбат бо мухбири СССР иброз дошт, коллексияи нав аз 20 либос иборат буда 7-тои он кимонои ҷопонӣ, вале бо либосҳои миллии тоҷикӣ тарроҳӣ ва дӯхта шудааст. Кимонои ҷопониро бошад тарроҳ бо пешниҳоди худи духтарони имконияташон маҳдуд омода намуда либосҳоро низ худи онҳо пӯшида дар саҳна намоиш хоҳанд дод.

- Коре, ки мо кардем пеш аз ҳам ба ҳамон духтароне, ки имконияти маҳдуд доранд, писанд омад. Чаро онҳо бояд зебо набошанд? Чаро онҳо бояд либосҳои зебо напӯшанд? Онҳо ба ин ҳақ ва ҳуқуқ доранд ва аз хамин лиҳоз кӯшиш кардем хостаҳои онҳоро бароварда барояшон либосҳое тарроҳӣ кунем, ки ҷавобгӯи замон буда аз арзишҳои миллӣ дурр набошанд, - таъкид дошт хонум Нигина.

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter