ХАБАРИ ДОҒ

Ворух: чаро бостоншиносон хомӯшанд?

  • Чоршанбе, Нояб 17 2021

Таърих гувоҳ аст, ки Ворух, Чоркуҳ, Хоҷаи Аъло, Хистеварз.. замини таърихӣ, аҷдодӣ ва меросии ТОҶИКОН буд, ҳаст ва мемонад! Таърих гувоҳ аст, ки ин минтақаҳои болозикр, ҳудуди мутааллиқи мутлақи ТОҶИКОН, ҳеҷ гоҳ анклав набуд! Таърих гувоҳ, ки ҳамсоягони қирғизи мо дар соҳилҳои марзии мо бо кадом роҳе омаданду барои муваққат хаймаашон додем, то гову мол чаронанду корҳои хоҷагиро кунанд! Таърихро ҳеҷгоҳ намешавад инкор кард.

 Азбаски Тоҷик миллати дорои таърихи бузург ва қадимии зиёда аз 5500-сола ҳаст ва Тоҷикистон кишвари таърихист, моро зарур аст таърихи худро исбот кунем, онро ҳифз намоем ва ба арзишҳои таърихию фарҳангии аҷдодӣ ҳамчун рукнҳои асосии миллат арҷ гузорем.

 

Археология ва марз

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуда буданд, ки масъалаи Ворух-марзро на дипломат қазовати комил карда метавонаду на органҳои қудратӣ. Масъалаи марзро танҳо БОСТОНШИНОСОН метавонанд ҳал кунанд.

 Бостоншиносон (археологҳо, таърихдонон) метавонанд исбот намоянд, ки ин заминҳо моли таърихии тоҷикон ҳастанд. Ҳама маводу маълумот, харитаҳои сиёсӣ-маъмурии даврони Шӯравӣ ва муосир ва ҳама факту далелҳо вуҷуд доранд, танҳо бостоншиносону таърихшиносони ҳувиятдоре лозим, ки аз ин арзишҳои миллӣ дифоъ ва ҳимоя намуда, ин моли таърихиро дар назди ҷаҳониён эътироф кунонанд.

Лозим ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифз, тармим, таҷдид, барқарорсозӣ ва ҳафриётҳои бостоншиносии мероси таърихию фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти олии Ҳукумат қарор гирифтааст. Маблағҳои ҳангуфте дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардида, барои БОСТОНШИНОСОН беҳтарин шароитҳо фароҳам оварда шудаанд то корҳои ҳафриётӣ ва илмӣ-таҳқиқотии хешро дар соҳаи мазкур ба роҳ монанд.

Аз ин хотир аз тамоми муаррихон, бостоншиносон, этнографон даъват ба амал меорам, ки дар масъалаи марз бетараф набошанд ва вокунишу пажуҳиш ва мақолаву хулосаҳо бо фактҳои таърихии худро нависанд, нашр кунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ироа кунанд ва дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ замини аҷдодӣ ва мероси таърихии ТОҶИКОНРО муаррифӣ ва ҳимоя намоянд.

 

Мирзошариф Абдусаломов,

Ваколатдори ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ

 

PS: Дар ин рӯз бетараф будан, бешараф будан аст! Умедворем бо бостоншиносон дар ин самт якҷоя даст ба кор мешавем.  Мо метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter