ХАБАРИ ДОҒ

Марказҳои муҳоҷират заруранд?

  • Чоршанбе, Нояб 24 2021

  Чун бозори меҳнат сол аз сол ба касбу кори нав ба нав ниёз дорад, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд тибқи талаботи замон ба он омода ва мутобиқ бошанд.

 

Федератсияи Россия тасмим гирифтааст дар 3 соли оянда- аз соли 2022 то соли 2025 дар кишварҳои асосии таъмини қувваи корӣ - Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон 3 маркази тайёрии пеш аз муҳоҷиратро бунёд, муҷаҳҳаз ва роҳандозӣ кунад. Дар ин маврид муовини вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Дмитрий Волвач хабар дода, гуфтааст, ки шаҳрвандони ин 3 кишвар дар ингуна марказҳои омодагӣ метавонанд маҷмӯи пурраи хидматгузориҳоро дар бахши муҳоҷират дарёфт карда, бо бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо барои кору зиндагӣ дар қаламрави кишвар ба Россия биёянд.

 

На танҳо барои Россия

Бино ба гуфтаи Дмитрий Волвач, дар доираи ташаббуси стратегии ҳукумат “Россия - кишвари ҷолиб барои таҳсилу кор” оид ба “вуруд ба бозори кори Россия”, ки ба афзоиши хориҷиёни расман машғули кор то 3,5 млн нафар дар соли 2030 имкон медиҳад, тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд.

Дар яке аз тадбирҳо ташкили фазои рақамӣ оид ба таъмини шуғли хориҷиён дар Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пешбинӣ шуда, бо ин мақсад замимаи махсуси “Кор дар ИИАО” роҳандозӣ мешавад.

 

«Сафирон»-и маориф ва иқомати бемуҳлат

Дар идома гуфта мешавад, ки то соли 2024 шумори омӯзгорони забони русӣ дар хориҷи кишвар чаҳор баробар афзоиш меёбад (аз 150 ба 618 омӯзгор), ки як навъ “сафир”-и маорифи Россия хоҳанд шуд. Дар натиҷа, то соли 2030 дар назар аст, ки шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия ҳамасола 1,5 маротиба (аз 300 ҳазор то 450 ҳазор) зиёд шавад. Дар байни онҳо боистеъдодтарин (на бештар аз 5%) кӯмаки грантӣ гирифта, ба дарёфти иҷозаи иқомат (ВНЖ) имкон пайдо мекунанд.

Боз як самти дигари кор - ҷалби мутахассисони ҳирфаӣ ва сармоягузорон ба Россия аст. Вазорат барои мутахассисони ҳирфаие, ки давоми 2 сол дар Россия кор карда, андоз супоридаанд, дар бораи “шиносномаҳои тиллоӣ” ва иҷозаи иқомати бемуҳлат 2 лоиҳаи қонун таҳия кардааст.

 

Талаботи бозори меҳнат пайваста иваз мешавад

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҳамчунин марказҳоро фоли нек номида, мегуянд, ки баръакс то ифтитоҳи чунин марказҳои омодагӣ шароити бештаре барои муҳоҷирони корӣ фароҳам омада, аз руи омузиши бозори корӣ ва талабот ба ин ё он тахассус онҳо пеш аз сафар метавонанд касби худро сайқал дода, дорои сертификат ё ҳуҷҷати лозимӣ гарданд. Чун бозори меҳнат сол аз сол ба касбу кори нав ба нав ниёз дорад, муҳоҷирони меҳнатӣ бояд тибқи талаботи замон ба он омода ва мутобиқ бошанд.

Бояд гуфт, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса дар шаҳри Душанбеву вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» фаъолият доранд.

Тавре ба мухбири мо дар маркази матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар итиллоъ доданд, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати вазорати мазкур  ба 33 ҳазор шаҳрвандони мамлакат, аз он ҷумла ба 31 799 нафар шифоҳӣ, ба 55 нафар хаттӣ ва ба 1148 нафар тавассути телефонҳои боварӣ машваратҳои пеш аз сафар ва вобаста ба муҳоҷират дода шудааст. Инчунин, дар ин муддат ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Федератсияи Россия 9366 нафар, ки дар руйхати манъшудагони махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират мавҷуд буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд. Аз ин теъдод ба 3817 нафар тавсия барои касбомӯзӣ ва ба 55 нафар тавсия барои ҷойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натиҷа 612 нафар касби худро сайқал дода, 477 нафар дар дохили ҷумҳурӣ соҳиби ҷойи кор шуданд.

Баҳори Нозанин,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter