Аз муътабарии газетаи дӯстдоштаам истифода бурда, мехоҳам оиди пайдоиш ва ғалат будани 2 вожа (ном)-мавзеи истироҳатии ҷумҳурӣ Искандаркӯл ва Сафед-дара рӯшанӣ андозам.
1. Имрӯзҳо вожаи Сафед-дара ( 2 вожа хатост,ҳам аломати тире зиёдатист ва ҳам ҷудо навиштани калимаи мураккаб), ки имрӯзҳо дар матбуоту ТВ-ҳои ҷумҳурӣ фаровон истифода мебаранд, нодуруст буда, тарзи дурусти калима Сафедорак аст. Фарзи мисол, мавзеи Сафедорак (Сафеддара) деҳаест дар совети қишлоқи Деҳмалики ноҳияи Ленини РСС Тоҷикистон, территорияи совхози ба номи Ҳасан. Аз деҳа то Совети қишлоқ 9 км, то ноҳия 77 км. Аҳолиаш 260 нафар (соли 1981). Заминҳо аз сои Сафедорак обёрӣ мешаванд. Дар наздикии деҳа базаи республикавии лижатозӣ мавҷуд аст (ЭСТ № 6 соли 1986 саҳ. 622).2. Дар 1 китоби бонуфузи имрӯзае оиди суҳбати 2 шахсияти бузурги илму адаби тоҷик, устод Мирзо Турсунзода ва устод Абдусалом Деҳотиро хонда будам. Он ҷо сухан оиди номи Искандаркӯл мерафт. Устод Абдусалом Деҳотӣ шоир, забоншинос, олими соҳаи илми терминология (суханшиносӣ)-и тоҷик, муаллифи даҳҳо луғатҳои тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ ҳангоми истироҳат дар ин мавзеи хушбодуҳаво оиди суҳбат бо устод Мирзо Турсунзода дар мавзӯи ба кӯл гузоштани номи Искандари Мақдунӣ чунин ҳикоятро нақл мекунад: -Номи кӯл асосан аз вожаи суғдии «Искодар» гирифта шуда, маънои баландиро (яъне кӯли дар ҷои баланд воқеъбударо) ифода мекунад. Ин вожаи тоҷикии асил буда, ба забони мардуми таҳҷоии суғдҳо хос аст. Бо мурури замон ҳам шакл ва ҳам маъниашро тағйир дода, ба номи Искандари ғоратгар табдил ёфтааст. Аз таърих маълум аст, ки қадами номубораки Искандар ба ин мавзеъҳо нарасидааст. Пас, ба кӯл гузоштани номи Искандар хатои маҳз аст.
Албатта, бо гузаштани вақт таърихи пайдоиши ин вожаи баҳсбарангез аз тарафи олимони забоншинос омӯхта шакли дурусти он муайян карда мешавад ва кӯли мазкур, ки ифтихори мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мебошад, соҳиби номи зебою лирики аслиаш мегардад.
Шарифҷон Раҳимзода,
узви ИЖТ,
ноҳияи А. Ҷомӣ