Чаро дар Тоҷикистон садамаҳои маргбор зиёд шудааанд? Чаро аксари ҷавонон садама мекунанд? Чаро аксаран ҷавонон мефавтанд? Чаро ситораҳои санъат бар асари садамаҳо ҷон мебозанд? Чаро сафи ҷавонони маъюби садамавӣ ба карат афзудааст? Чаро, чаро, чаро???
Хабарнигори СССР одитарин роҳи ҳалли моҷароро кушод: мактабҳои ронандагии шахсӣ баста ва давлатӣ кушода шаванд!!!
Дар шумораи гузашта мо дар бораи зарурати афзоиш додани дарсҳои омодагии дифоъ ва барномаи таълимии он дар мактабҳои миёнаи кишвар гуфта будем. Пас аз нашри матлаб хонандагони зиёде ба идораи газета занг зада, вобаста ба мавзӯъ назару андешаҳои худро иброз доштанд.
Сафаралӣ Усмонов, яке аз хонандагони газета аз шаҳри Ваҳдат занг зада, пешниҳод намуд, ки мисли давраи шӯравӣ хонандагони синфҳои болоиро бояд аз давраи таҳсил мактаб ба касбомӯзӣ фаро гирифт.
Аз ҷумла ӯ таъкид дошт, ки зимни таҳсил дар мактаб ба хонандагони синфҳои 9-10 касби ронандагӣ омӯзонида, дар баробари хатми мактаб барояшон гувоҳнома ё ҳуҷчати ронандагии мошин, трактор ё комбайнро ҳам тӯҳфа мекарданд. Дар даврони советӣ чунин ҳам буд. Вале бо мурури замон ин анъана аз байн бардошта шуда, айни замин танҳо комиссариатҳои ҳарбӣ дар якҷоягӣ бо зерсохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи ҷавононро ҷамъ оварда, ба онҳо касби ронандагӣ меомӯзанду бас, ки қонеъкунанда нест.
Права ва аттестат дар 1 вақт
Абдурозиқи Собир, сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар пайи баррасии ин мавзӯъ назари хешро баён намуда, мегӯяд, ки бигузор дар мактабҳои миёна дар баробари омӯзиши фаннҳои дақиқ ва гуманитарӣ дарсҳои ронандагӣ низ омӯзонида шаванд.
- Дар мактабҳои советӣ, дар дарсҳои таълими меҳнат ва пасон дар кружокҳои махсус ба мо нозукиҳои касби ронандагӣ ва таъмири мошинҳои гуногунро меомӯзониданд. Ин машғулиятҳо барои писарбаччаҳо аз синфи 9-ум оғоз шуда, дар замони советӣ танҳо дар баъзе аз мактабҳои шаҳру ноҳияҳо он ба барномаи таълимӣ ворид будӣ. Дар шаҳри Кӯлоб бошад, танҳо дар мактаби миёнаи №6 чунин дарсу курсҳо фаъол буданду аксарияти кӯлобибаччаҳо орзуи таҳсил дар ин мактабро доштанд. Ба забони дигари ба имрӯзиён фаҳмо “факултети ҳуқуқи Университети имрӯза” ҳамон дарсҳои шофирӣ дар мактаби №6 буд, ки ҳазорон нафар, тағобозӣ карда, меомаданд. Зеро дар барорбари гирифтани номаи камол-аттестат хонанда инчунин ҳуҷҷати ронандагӣ низ мегирифт ва метавонист мустақилона ба кор баромада ронандагӣ кунад, - афзуд Абдурозиқи Собир.
ДОСААФ чӣ кор мекунад?
Сайидо Назаров, хонандаи дигари рӯзномаи СССР аз фаъолияти ташкилотҳои ДОСААФ ёд оварда, иброз намуд, ки солҳои гузашта хонандагони синфҳои болоӣ метавонистанд ба ин ташкилот рафта, курсҳои ронандагиро гузаранд, вале аксар вақт ин курсҳо, ки касбӣ буданд, пулакӣ шуданд.
- Ҳоло намедонам ин ташкилот ҳаст ё нест, бо чи кор машғул аст, агар курсҳои ронандагӣ дошта бошад, киҳо метавонанд ба он рафта иштирок кунанд. Оё ин ташкилот ронандаҳои автобусу троллейбус ва трактору комбайн тайёр мекарда бошад ё не? – пурсид ӯ.
Хоҳишу завқ нест..
Ватанбек Маҳмудҷонов, ҳамсуҳбати дигари мо низ аз давраи таҳсил дар мактабҳои советӣ ёд карда, гуфт, ки дар замони мактабхонии мо духтарону писарон дар давоми 1 ҳафта 1 маротиба аз дарсҳо озод гашта, касбомӯзӣ фаро гирифта мешуданд.
- Хоҳишмандон дарсҳои механизаторӣ ва автодело мехонданд. Дар ин дарсҳо ба мо таъмири мошинҳо, мотористӣ, трактористӣ, сартарошӣ, ошпазӣ, устои хонасоз, устои калидсоз, устои пойафзолдӯз ва дигар ҳунарҳои мардонагиро меомӯхтанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои духтарон бошад, санъати ороиши либос бо зардӯзию кашидадузӣ, гулдузии куртахои чакан, кадбонугӣ ва ошпазӣ омӯхта мешуд. Омӯзгорону мактаб ҳар 1 хонандаро пеш аз хатми мактаб бо ин роҳ ба зиндагии мустақилона омода карда, дар интихоби касби оянда роҳнамоӣ менамуданд. Ҳоло мутаассифона чунин нест, на дар барномаи таълимӣ ва на завқу хоҳиши омӯзгору хонанда, - афзуд Ватанбек Маҳмудҷонов.
Ба ҷои хотима
Мо ҳатман пайгири ин мавзӯъ хоҳем буд, зеро воқеан ҳам ин таҷрибаи советӣ яке аз беҳтарин роҳҳои тарбия ва касбомӯзии наврас дар зинаҳои болоии мактабӣ буда, замина барои интихоби касби оянда ва омодагӣ ба ҳаёти мустақилонаи чӣ духтарон ва чӣ писарон аст. Пас, чаро мо ин дарсҳоро эҳё накунем? Бигузор хонандагони синфҳои болоӣ дар мактаб касби ронандагӣ ва таъмири воситаҳои нақлиётро бепул омӯзанд, ин тавр хеле хуб ёд мегиранд, назар ба они курсҳое, ки пул дода мехонанду оддитарин қоидаҳои ҳаракати роҳро намедонанд...
Омиронаи Сайёф,
СССР
PS: Вақте матлаб омода мешуд, 1 нафар, бе ифшои ном гуфт, ҳоло мактабҳои ронандагӣ аз сердаромадтарин омӯзишгоҳҳои муваққатиянд, аксари кормандони БДА ё худ чунин мактаб доранд, ё дар он таъсир. Зеро ин мактабҳо дар 3-4 моҳ ба ҷавонон “права” медиҳад. Онҳо балое карда, праваро гирифта, дар ҷодаҳои мо “имтиҳон” карда, баъди 3-4 моҳ сӯи Россия ба кирокашӣ мераванд. Ин аст, ки садамаҳо дар роҳҳои кишвар хеле афзудааст. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!