ХАБАРИ ДОҒ

Фахр кардан бо лимӯ кори вазир нест!

  • Чоршанбе, Март 23 2022

 

Моҳи январ бо даъвати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вилояти Хатлон дар ҷашни Садаи вилоятӣ меҳмон шуда будем. Пас аз намоиши маҳсулоту  техникаи кишоварзӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маҷлиси тантанавӣ оғоз шуд. Маҷлисро ғайричашмдошти ҳозирин муовини якуми раиси вилояти Хатлон, собиқ вазири кишоварзии мамлакат Амонулло Салимзода ифтитоҳ намуд. Шояд Амонулло Салимзода соҳаи кишоварзиро хуб медонанд, вале ин маънои онро надорад, ки эшон бояд чорабинии сатҳи болоро баррандагӣ кунанд, боз ҳам вақте маҳорати суханварӣ надоранду аксари калимаҳорро хато мехонанду мегӯянд.

Пас аз сухани табрикии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, сухан ба Каримзода Саъдӣ Ғаффор-вазири нави кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Мавсуф зимни баромад фақат худро таъриф кардаанд, ки дар хориҷа будаанду зиёд сафар кардаанд. Нуқтаи дигаре, ки вазири нави кишоварзӣ якчанд маротиба такрор ба такрор гуфта ин буд, ки ба кадом бозори Россия рафтаву онҷо лимӯҳои тоҷикро дида аз ин хеле фахр кардааст. Лимӯҳои тоҷик аз даврони советӣ ҳам бозорҳои Россияро зеб медоданду ҳамеша харидор доштанд ва 30 сол боз такрор ба такрор гуфтани ин маънои онро дорад, ки мо дигар чизе барои фахр кардан магар надорем?

Хуб мешуд вазири нав зимни мулоқот бо мардум арзи деҳқонони тоҷикро мешунавид, дар бораи проблемаҳои соҳаи кишоварзӣ, нархи гарони нуриҳои минералӣ, маводи сӯхт, бозори яклухтфурӯшӣ, техникаи кишоварзӣ, ғасби заминҳои чарогоҳҳо мегуфту барои ҳалли ин мушкилот коре мекард, зеро фахр кардан бо лимӯ кори вазир нест!

Ҷамила Ҳусейнова,

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter