Ба мӯҳтарам раисони шаҳру ноҳияҳо муроҷиат менамоям, ки ҳадди ақал дар арафаи Рӯзи матбуот (11-уми март иди касбии кормандони ВАО) ба редаксияҳои рӯзномаи маҳаллии худ, ки муассиси онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аст, ташриф оварда 1 бор аз ҳолу аҳвол ва шароити кори рӯзноманигорон бохабар шаванд. Зеро аҳволи аксарияти нашрияҳои маҳаллӣ чандон хуб набуда, солҳост, ки аз таваҷҷуҳи муассисон дур мондаанд. Аслан рӯзномаи маҳаллӣ низ 1 муассисаи давлатӣ аст ва он бояд баробари дигар бахшҳои соҳаи маънавиёт рушд кунад. Аммо сад афсус, ки имрӯз он қариб, ки ба ниҳоди нолозим мубаддал гардидааст. Ҳатто дар маъракаи обуна онҳо аз ҳама охирон ба ёд мерасанд ва ё баъзан фаромӯш мешаванд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода низ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат пайваста бо аҳли эҷод аз ҷумла рӯзноманигон дар мулоқот буда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд. Борҳо шоҳиди ҳол ҳам будем, ки дар рафти сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят махсус ба идораҳои рӯзномаҳои маҳаллӣ рафта, бо шароити кори аҳли эҷод аз наздик шинос шудаанд. Ва инро ҳам хуб медонем, ки баҳри фароҳам овардани шароити муносиби кору эҷод ба рӯзноманигорони маҳаллӣ ва дастгирии фаъолияти онҳо ба раисони шаҳру ноҳияҳо супоришҳо мушаххас додаанд. Аммо сад афсус, ки вазъи нашрияҳои маҳаллӣ рӯз то рӯз бад мешаваду беҳ не.
Ғайр аз ин имрӯз бархе аз рӯзномаҳои маҳаллиро мутахассисони соҳа роҳбарӣ намекунанду ҳайъати эҷодии онҳоро низ рӯзноманигорони кордида ташкил намедиҳанд, ки ин ҳам нигаронкунанда мебошад. Шоҳиди ҳолам, ки имрӯз рӯзномаҳои якчанд навоҳии вилоятро нафароне сармуҳаррирӣ мекунанд, ки таҷрибаи кофӣ надоранд ва аз пешрафти соҳа фарсахҳо дур мебошанд.
Амонҷон Маҳкамов,
журналист,
вилояти Хатлон