Бо дуруд! Ҳазрати Лоиқ фармудаанд:
Дар хотири тоҷикон ҷовидон ҳамемонӣ,
Бунёдгари миллат Исмоили Сомонӣ!
Шояд шаҳри Истаравшан ягона шаҳрест, ки то ҳанӯз ҳайкали Исмоили Сомонӣ, асосгузори Давлати тоҷикон гузошта нашудааст. Пешниҳод дорам, ки тарҳи илман асосноки муҷассама бо чунин мазмуни волои фарҳангиву таърихӣ омода гардида, дар маркази бостоншаҳр гузошта шавад. Чунин тарҳу монумент ҳатман аз хӯлаи биринҷӣ (бронза) бояд сохта шавад. Агар ин идеяи моро дарку фаҳмида, амалӣ созанд, он тӯҳфаи арзишманд ба ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Маннон Махсумов,
ш.Истаравшан,
Тел: 988097194