ХАБАРИ ДОҒ

ШИКАСТИ АҒБАИ ТАҚДИРШИКАН

  • Душанбе, Май 22 2023

(Қиссаҳои воқеӣ)

 Ағбаи Анзоб. Мошини мо босуръат ҷониби нақби «Истиқлол» ҳаракат мекард. Бо ҳамкурсонам нияти ба Паҷакенти бостонӣ рафтан дорам. Роҳҳо чу шиша, манзараҳои атроф чун лентаи навор зуд-зуд иваз мешаванд. Ростӣ табъам хира, бори аавал ҳам нест, ки ба ин ҳолат гирифтор мешавам, сабаб ё асараш ду ҳодисаест, ки сахт муассиранду фаромӯшнопазир. Ин рӯйдод дар ҳамон солҳое, ба вуқӯъ пайваста буданд, ки ҳоло нақби «Истиқлол», ки қаблан нақби «Уштур» мегуфтанд, кушода нашуда, шаш моҳ роҳи Душанбе-Суғд баста буд.

Соли 1999, баъд аз  таҳсил дар Академияи радио-телевизионии «Коика» аз Куриёи Ҷанубӣ вориди Тоҷикистон шудам, чун ба Куриё тайёра фақат аз Тошканд парвоз мекард, рафтуомад  ба Душанбе тариқи вилояти Суғд сурат гирифт.

Моҳи ноябр буд. Он солҳо таксиҳо камчин буд, шӯру вал-вала дар осмон. Ногоҳ чашмам ба се ҷавоне афтод, ки назди мошини «Волга» истодаанду ба ман ишора карда,чизе мегӯянд. Ҳамон солҳо ба қавле яке аз симоҳои ТВТ будам. Оқибат нафаре аз онҳо бо чеҳраи кушодаву лафзи ширин:

-Акои Абдуқодир, дуруд ба шумо, агар Душанбе меравед, биёед бо мо, пулатон даркор не, мо мухлиси шумо, чақ-чақ карда меравем. Ба роҳ баромадем. Маълум гашт, ки бародарон дар шаҳри Хуҷанд ба тиҷорат машғул будаанду сабаби сафари дастҷамъонаашон нотобии Модар. Дар пои ағба дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ мошиҳои зиёде ҷамъ шуда буданд.Бо назардошти бад шудани ҳаво, боридани барф ва хавфи тармафароӣ кормандони БДА ва масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода роҳро муввақатан баста будаанд. Бори аввал аз кору вазифаам “суистифода” кардам, худро муаррифӣ кардан замон милиса шинохт. Масъулияту ҷавобгариро ба худи мо бор карду иҷозаи сафар дод. Қариб нисфи ағбаро баромадан пас ҳаво якбора сард шуду барфи лак-лакӣ борид. Бо душворӣ ба Шодмон-дара расидем, фалокат ҳам расид. 50 метр аз мо дуртар тармаи азим фуромад, ронандаамон зуд мошинро ба қафо ронд, баъди чанд дақиқа ҳамаро даҳшат фаро гирифт, миёни ду тарма монда будаем. Аз мошин берун шудем. Поин ҷарии бетаги барфпӯш, боло кӯҳи сар ба фалак, пешу пас тармаи баландияш 8-10 метра, туман, хунук, барфбод...

Чи бояд кард?, зинда мемонда бошем?, наход ҳаёт тамом?, интизории марг? - Ин суолҳое буданд, ки дар сари ҳамаамон мечархид. Соат тақрибан 11 рӯз буд, каме баъд ба худ омадему дар талоши зинда мондан шудем. Ҳар ду соат барфҳои атрофи мошинамонро меруфтем, то дар зиндони барф намонем, баъд аз  ҳар 30 дақиқа матори мошинро  медаровардем, то каме гарм шавем, либосҳои мавҷударо рӯиҳам пӯшидем, то  сармо назанад, беҳунарона машқи бадан мекардем, то каме хуни баданамон ба ҳаракат биёяд. Соати тақрибан 10-11 шабгуруснагӣ ғалаба кард, дар суроғи ғизо шудем. Мутаассифона,аз сумкаҳомон ба ҷуз аз ним кило зардолуи қоқ дигар чизе пайдо накардем.  Мақоли «пул бошад дар ҷангал шӯрбо” ҳам асос надоштанаш собит гардид. Кисаҳои мо пури пулу шикамҳо аз гуруснагӣ “нағора” менавохтанд. Касе ба касе гап ҳатто намезад, дигар на касе ситори ТВТ буду на касе тоҷири муввафақ, фақат садои “сура”-хонии додари хурдии бародарон ба гӯшамон мерасид. Суханҳои модарам пеши назарам омад, ки мегуфт: “ бачам ҳар ҷое рафти ақалан каме нон дар анбонат гир”...

Ба ҳамин минвол бе хоб шабро саҳар кардем, нисфирӯзӣ буд, ки садои булдозер ба гӯшамон расид, яъне муждаи ҳаёт, об бе ихтиёр дар чашмҳоямон ҳалқа зад, ҳеҷ гоҳ садои трактор дар гӯшам ин қадар форам набуд...

     Аз байн ду сол гузашт, ҳамкурсам Шуҳратҷон, ки якҷо дар Идораи сиёсии ТВТ кор мекардему зодаи деҳаи Дашти Қозӣ (шаҳри Панҷакент) буд маъюс ба утоқи кориямон даромаду аз марги модараш хабар дод. Замистон буду роҳ баста. Хеле пофишорӣ кардем то аз сафари хатарнок худдорӣ кунад, азмаш қатъӣ буд, чун писари дӯстдору кенҷагии Модар буд “алвидоъ”- и модарро қарзу фарзи фарзандӣ медонист...

     Баъдан хабар расид, ки ҳамон рӯз аз ноҳияи Варзоб роҳбаладе ёфта,бо шаша нафари дигар аз ағба нишеб мешаванд.  Вақте аз Шодмон-дара гузаштанӣ мешаванд  тарма мефарояду онҳоро ба коми худ  мекашад. Бо омадани баҳор ва об шудани  тармаҳо ҷасадҳо ёфт шуданд ва Шуҳратҷонро дар паҳлуи модараш гӯрониданд.

  Солҳо пушти сар шуданд, бо ибтикори Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳи Душанбе - Чаноқ  азнавсозӣ шуда, чандин нақбҳову пулҳо, аз ҷумла нақби “Истиқлол” бунёд, рафтуомади ҳамаи манотиқи кишвар бо пойтахт тамоми сол таъмин гардид.   

   Ҳоло нигоҳдории роҳи Душанбе – Чаноқро  дар асоси шартномаи консесионӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиали Ширкати “IRS” ба уҳда дорад. Ҳарчанд дар аввал  буданд нафароне, ки  норозигӣ мекарданд, вале  бо гузашти вақт  ин тоифа аз байн рафтанду ҳоло мардум аз фаъолияти ин Ширкат қаноатманданд. Роҳи мазкур баъд аз таҷдид мавриди истифода аст ва мусаллам аст, ки дар ин муддат он таъмирталаб шудааст. Аз ин рӯ, агар кормандони “IRS” зимистону баҳор ба тоза кардани роҳ аз тармаву селовардаҳо машғул шавад, пасмавсими  гармо таъмири роҳ самти асосии фаъолият аст.  масъалаи меҳварист. Имрӯзҳо агар аз ин роҳ гузар намоед, дар ҳар қитъа кормандону техникаҳои зиёди  «IRS»-ро машғули кор мебинед.

  Корхонаҳои қуму сангреза ва истеҳсоли асфалт бо сармоягузории «IRS»- таъсис ёфтаву алъон фаъолияти пурмаҳсул доранд. Чунин тарзи кор боис гардид, то мардум боварӣ ҳосил  намоянд, ки бе мавҷудияти “IRS” шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Чаноқ кайҳо хароб мегардид.

  Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ филиали Ширкат, ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетаваҷҷуҳ нест. Хусусан, ҳангоми ба садама дучор шудан бо истифода аз техникаҳои махсус ҳатман автомобилҳоро  ба макони лозимӣ мерасонанд. Босуръат ва муташаккилона ҷараён доштани нигоҳдории роҳ аз масъулиятшиносиву поквиҷдонии кормандони ин ширкат гувоҳӣ дода, далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои “IRS” нигоҳбони боэътимод дорад.

 

   Хулоса, ағбаи тақдиршикани Анзоб низ, ки тақдири садҳо нафарро шикаста буд, аз дасти инсон тасхир гардиду   шикаст ёфт...

 

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР (Ориёмеҳр Зардушт)

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter