- Салом СССР-и азиз! Ҳар моҳ ба хотири гирифтани нафақа мо аз рӯзи 15 то 20 назди банкоматҳои бонки «Амонатбонк»-ро ба қавле охурча мекунем. Гоҳо дар ҳавои сард то 2-3 соат бояд истем, то навбатамон расаду ба банкомат наздик шавем. Навбати зиёди мардумро дар назди банкоматҳои «Амонатбонк» шояд шумо ҳам дидаед.
Зеро нафақа, маош ва дигар имтиёзҳои давлатиро мардум бояд тариқи бонки давлатии «Амонатбонк» ба даст бигирад, вале вақте мардум зиёду пул дар банкоматҳо зуд тамом мешавад, чӣ бояд кард? Оё намешавад, ки нафақаро тавассути «Корти миллӣ» аз банкоматҳои дигар бонкҳо ҳам бигирем? Маълум аст, ки бонки дигар ҳатман фоизи худро барои ин хизматрасонӣ мегирад, вале агар Ҳукумати кишвар сари ин масъала таваҷҷӯҳ карда, ин корро ройгон анҷом диҳад, яъне бар ивази хизматрасонии нафақахӯрон бонкҳо аз баъзе андозу пардохтҳо озод шаванд, нуран ало нур мешавад. Дигар кампираку мӯсафед барои нафақа то бонки «Амонатбонк» нарафта, пулашро дар наздиктарин банкомат бидуни навбат мегирад.
Пӯлод Норов, ш.Душанбе
Бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҶТ аз 1.02.2021 ба ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намози ҷумъа иҷозат дода мешавад.
Дар қарори Ситоди аз ҷумла гуфта шудааст, ки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадоранд, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳурияви оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар ҶТ ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро қатъиян риоя намуда, ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд. Дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.
Ҷамоати деҳоти Язғулом дорои меваҳои шаҳдбор, гиёҳҳои дорувор, табиати зебо, ҳавои тоза ва кӯҳҳои осмонбӯс мебошад, ки шахс аз тамошояш ҳаловат мебарад. Ин гӯшаи кӯҳистон макони сайёҳиест, ки бо тамоми табиаташ метавонад ба инсонҳо 1 дармони бе табиб бошад. Оби зулолаш ҳам дар тобистон ва низ ба зимистон сардие дорад, ки ба гуфти занҳои солхӯрдаи ин деҳа, шифодиҳандаи ҳамаи дардҳост. Хушбахтона, бо ин ҳама зебоиҳое, ки дорад дар замони Истиқлолият боз ҳам ин ҷамоат ободтар гаштааст.
40 квотаи президентии Язғулом
Таваҷҷӯҳи беандозаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ин деҳаи дурдаст боиси он гашт, ки дар деҳа пешравиҳои зиёд ба вуҷуд ояд. Файзиддин Ҳусейнов, сокини Ҷамоати деҳоти Язғулом зимни сӯҳбат чунин ибрози ақида намуд:
- Ҷамоати деҳоти Язғулом дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба пешравиҳои бесобиқа рӯ ба рӯ шуд. Яке аз мушкилоти муҳими рӯзгори мардум ин надоштани барқ буд, ки дар даврони истиқлол ҳалли худро пайдо кард. Муассисаҳои таълимии замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ бунёд гардиданд, заминҳои бекорхобида обёрӣ гашта, бунгоҳҳои тиббии муосир бунёд шуда, ҳоло дар истифодаи мардум қарор доранд. 4 пули нав байни деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Андарбаг ва Жамаг сохта шуданд. Инчунин аз ҳисоби квотаи президентӣ ҷавондухтарони Ҷамоати Язғулом ба донишгоҳ ва донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гашта, дар баробари ин 40 квотаи иловагӣ ба Ҷамоати мо ҷудо шудааст, ки ин ҳама нишондиҳандаи пешрафт ва омода намудани кадрҳои гуногуни баландихтисос барои деҳаи дурдаст мебошад, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.
Деҳае, ки солҳои тӯлонӣ аз бебарқӣ ва дигар мушкилот азият мекашид, имӯз ба гулистоне табдил ёфтааст, ки ин боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Роҳҳо ба таъмир ниёз доранд
Нахшидамоҳ Давлатёрова, сокини дигари Ҷамоти Язғулом афзуд, ки 80 соли умрамро ҳамҷун 1 табиби ин деҳот гузаронидам, вале ҳеҷ гоҳ боварӣ надоштам, ки ба деҳаи мо қувваи барқ меяоду хонаҳо рӯшан мешаванд. Зеро дар 70 соли шӯравӣ ин деҳа барқ надошт!
- 1000 маротиба минатдорем аз Ҳукумати кишварамон, ки моро соҳиби қувваи барқ кард. Кӯҳистон ин ҷодаи ганҷҳост, агар онро муфид истифода барем, бо чунин шароите, ки имрӯз дорем, метавонем хоҷагии халқро таьмин намоем. Зеро деҳаи мо табиати соф ва меваҷоту сабзавоташ мазаи хоси худро доранд, ки метавон онро ба хубӣ истифода намуд, - иброз медорад холаи Нахшидамоҳ.
Албатта, зодгоҳ ин муқаддасттарин ҷойгоҳ барои ҳар шахс мебошад. Танҳо ягона мушкилие, ки ба чашм мерасад ин роҳи байни деҳаҳои Ҷамоат аст, ки бисёр ниёз ба таъмиру таҷдид доранд.
Саҳоба Шарипова,
Ҷамоати деҳоти Язғулом, барои СССР
Аз СССР: Оморҳои хориҷӣ ва расонаҳои беруна борҳо хабар додаанд, ки зодагони ин мавзеъ-Язғулом, ки воқеан ҳам музейи зинда аст, зеро ин деҳа мардуми хоса ва забони вежаи язғуломӣ дорад, бештар аз дин осебпазиранд ва сафи онҳо гӯиё дар гурӯҳҳои ифротиву террористии ба ном Давлати исломӣ низ зиёд аст. Мо тасмим гирифтем, ин мавзуъро низ пайгирӣ кунем. Мо Метавонем!
Дар шумораи гузаштаи Газетаи мардумии СССР мо шикояти меҳмони идора Қурбоналӣ Тураев, ронандаи ККВД «Троллейбус»-ро дар бораи рафтори масъулони ин корхонаи нақлиётӣ нисбати 1 ронанда ва мушкилоти дигари корхона нашр карда будем. Мавсуф аз он шикоят дошт, ки бо сабаби набудани манзили зист ва ё утоқ дар хобгоҳи корхона, ӯ маҷбур аст шабҳо дар дохили троллейбус бихобад. Пас аз нашри ин мақолаи шикоятӣ шоми 4.01.2021 раҳбарияти ККВД «Троллейбус» мухбири СССР-ро ба ин муассиса даъват карданд, то дар якҷоягӣ бо ронанда Қурбоналӣ Тураев проблемаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд.
Хобгоҳ дар мадди аввал!
Тавре зимни суҳбат бо мудирияти ККВД «Троллейбус» маълум шуд Қурбоналӣ Тураев моҳи июли соли ҷорӣ дар бораи ҷудо намудани 1 утоқ барои зист бо оилааш дар хобгоҳи корхона ариза навишта будааст. Чанде пеш 1 утоқ холӣ шуду раҳбарият дар он ронанда-занро, ки бо 1 фарзанд танҳо мезисту 3 сол пеш барои ҷудо намудани утоқ дар хобгоҳ ариза ирсол карда буд, ҷо карданд.
- Масъалаи таъмин бо утоқ дар хобгоҳи Қурбоналӣ Тураев шояд то охири ҳафтаи равон ҳалли худро ёбад. Мо дар фасли зимистон ҳақ надорем касеро берун кунем. Вале талош дорем барои ин ронанда ва зану фарзандаш 1 утоқ пайдо карда, онҳоро ҷо намоем, гуфт зимни суҳбат директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамов.
Бояд гуфт, ки падару 2 бародари дигари Қурбоналӣ Тураев ҳам дар ККВД «Троллейбус» кор карда, ҳар се соҳиби утоқ дар хобгоҳи корхонаанду солҳои тӯлонӣ онҷо зиндагӣ мекунанд.
Троллейбус хона нест!
Дар робита ба он, ки ронанда Қурбоналӣ Тураев маҷбур аст шабҳоро дар троллейбус рӯз кунад, Муҳаммадҷон Ғуломов, муовини директори корхона мегӯяд, ки корхона корхонаи давлатӣ асту нақлиёт, хосса троллейбус моликияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, касе ҳуқуқи шаб дар дохили он хоб рафтанро надорад.
- Чанд маротиба ронанда Тураевро шаб дар дохили троллейбус дида, пеш кардем, ки рафта дар хонаи падару модар ё бародаронаш бихобад. Дар дохили троллейбус пас аз соати корӣ будани ронанда умуман мумкин нест,- афзуд ӯ.
План барои ҳама ҳатмист!
Дар идомаи суҳбат Сорбон Акрамов афзуд, ки ҳамаи ронандаҳо нақшаи ҳамарӯза доранд, амсоли дигар корхонаҳои коммуналии нақлиётӣ ва бояд пас аз ба итмом расидани баст нақшаро ба муҳосиботи корхона супоранд. Аз пули дар тӯли 1 моҳ овардаи ронанда 25% ба худи ӯ дода мешавад. Яъне, ҳар ронандае, ки хуб кор мекунад, маоши хуб мегирад.
-Қурбоналӣ Тураев аз оғози фаъолият дар корхона дар хатсайри №5 фаъолият мекунад ва чанд рӯз пеш ба ӯ троллейбуси нав ҳам ҷудо карда шуд. Агар хуб кор карда, нақшаро ҳам хуб ҷамъ намояд, маошаш ҳам шояд 2-3 баробар афзояд. Нақшаи якрӯзааш 130 сомонӣ аст. Ин аз худи ронанда вобаста аст. Дигар ин, ки чанд далели қоидавайронкунӣ аз «Шаҳри бехатар» дорад, ки дар ҷамъ беш аз 2000 сомониро ташкил медиҳад. Ин маблағро худи ронанда бояд пардохт кунад, чун зимни ҳаракат ба саҳлангорӣ роҳ додаст. Вале мо бо назардошти вазъи ронандаҳо тасмим гирифтаем онҳоро аз кор озод накарда, бо тадриҷ аз маошашон кам кунему ҷаримаҳоро пардохт, то аз ин дида бештар нагардад, -таъкид медорад директори корхона.
Ба СССР ваъда медиҳем!
Новобаста аз он, ки баъзе аз паҳлӯҳои шикояти ронанда Қурбоналӣ Тураев барои мо дар диди нав ошкор гашт, яъне бархе аз шикоятҳо асос надоштанду худи ронанда инро тасдиқ намуд, раҳбарияти ККВД «Троллейбус» ба газетаи мардумии СССР ваъда доданд, ки проблемаҳои ӯро ҳаллу фасл намуда, пас аз кӯчонидани номбурда ба хобгоҳ дар ин бора ҳатман СССР-ро хабардор хоҳанд кард.
ККВД «Троллейбус» ягона корхонаи троллейбусии пойтахт ба шумор рафта, аз 2 ДЕПО иборат аст. Корхона ҳамарӯза ба 6 хатсайр-№№ 1, 4, 5, 10, 11 ва 12 60 адад троллейбус бароварда, онҳо дар 2 баст фаъолият менамоянд. Бо вориди троллейбусҳои нав кор дар ин самт беҳтар гардида, ҳамакнун троллейбусҳои нав, ки аз ноқилҳои махсус қувват (заряд) мегиранд, ҳангоми қатъу васли хати барқ низ метавонанд бе ягон мушкилӣ ба роҳи худ идома диҳанд.
М.Аминова, СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар