Салом «СССР»-и азиз»! Духтари ман Гавҳаршодбегим Холмаҳмадова, 39 сола буда, дар сини 4-солагиаш духтурон нодуруст табобат карда, ӯро барои тамоми ҳаёт маъюб сохтанд. Нафақаи маъюбии Гавҳаршодбегим то ба имрӯз 180 сомониро ташкил медиҳаду ӯро модараш парасторӣ ва нигоҳубин мекунад, вале чаро модараш барои парасторӣ нафақа намегирад? Аз моҳи сентябри соли 2020 нафақа зиёд шуд, вале мо ҳануз ҳам нафақаи зиёдшударо ба даст нагирифтаем, ва намедонем, ки чӣ қадар афзуда аст?
Барои кӯмаки ичтимоӣ ба духтарам чанд маротиба ба раиси ш.Панҷакент муроҷиат кардам, зеро ҳар маротиба аз деҳа ба шаҳр барои муоинаи духтурон бурдан ташвиш дорад, лек чорае дар ин маврид андешида нашуд. Соҳибкорон, бачаҳои ба нангу номуси ш.Панҷакент агар лутф карда ба духтари ман аз ягон таҳхонаи биноҳои навсохти хеш 1 ҳуҷра ҷудо карда медоданд, нуран алонур мешуду дар ҳаққашон то умр ҳаст, дуо мекардам. Бо нафақаи 3 нафар рузгорро пеш мебарем, бо ин нарху навои гарон чӣ гуна минбаъд рӯз гузаронем?
Раҷаб Холмаҳмадов, нафақахӯр,
сокини д.Туркироҷи ҷ.Амондараи ш.Панҷакент
Посбонони бозори маъруфи Деҳқон мизоҷонро пеш аз дохил шудан ба бозор нағз назорат намекарданд. Чаро бе санҷиши ҳарорати бадан харидоронро ба бозор роҳ медиҳанд? Инҳо хавф аз бемории коронавирус надорнд ё фикр мекунандд ин мараз ба зудӣ аз байн рафтаасту хатараш гузаштааст?
Масъулин бояд донанд, ки саломати одамон картошкаву пучоқи пиёз нест, ки хариду фурӯш шавад! Беморӣ дар хунукӣ авҷ мегирад, пас хоҳиш худро ку не ҳади ақал ба фарзандони худ раҳм кунед. Рузи дароз такрор ба такрор тариқи телевизион мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз ҷойҳои серодам худро канора гиред, вале ин гапҳо ба бозори Гипрозем-Деҳқон дахл надорад? О, ақаллан 2 шиша «антисептик дар даромадгоҳ монед. Гарон нест-ку?!
Бозор ё вирусгоҳ???
Бо модарам ба бозори Гипрозем барои хариди помидор ва меваҷот рафтем. Ҳама ҷо ифлос, савдогарон бе ниқоб ба мардум хизмат мекарданд, нархи ҳама намуди маҳсулоти хӯрока ва меваҷот дар осмон, савдогарон гигиенаи санитариро иҷро намекарданд, бархе аз харидорон ҳамдигарро рӯ ба рӯ китф ба китф зада, ба харид банд мешуданд. Ҳеч кас дар фикри саломати худ набуда, ба тозагӣ бошад умуман аҳамият намедиҳанд. Бовар кунед, ҳамин бозорҳо бошанд, барои миллати мо бомбаи атомӣ лозим нест. Худамон худамонро сироят карда, мекушем!
Болои ҳама намуди маҳсулоти хӯрока кушода, аз ҷумла чакка, нон, салату гӯшт. КВД бозори Деҳқони шаҳри Душанбе ба талаботи имрӯза ҷавобгу нест. То ба охир бозори деҳқонбозоро бо модарам якҷо чарх зада, аз ҳоли бозор бохабар шудем, ҳатто савдогарони бозор либосҳои яклухти корӣ надоштанд, ягон кас ниқоб ҳам надораду дастпӯшак низ. Вале он чанд нафаре, ки гӯиё дастпӯш доранд, намедоштанд, беҳтар. Зеро чирку микробу ифлосӣ аз он дастпӯшакҳо мерехт!!!
Ногуфта намонад пеш аз дохил шуданамон моро ягон кас на ҳарорати баданамонро санҷиду на ниқоб пурсид. Вой бар ҳоли мо! Дили мо ба фарзандони хурди шумо месӯзад ҳамватанони азиз, худрову тифлаконатонро эҳтиёт намоед. Боқӣ худ медонед. 1000-ҳо маротиба оиди риояи санитарию гигиенаи бозорҳо гуфта будем, лек бе натиҷа. Зеро ба назар мерасад, ки бозорҳои Душанбе шаҳри бедарвоза шудаанд. Мо Метавонем
Омирона Достиева, СССР
- Салом «СССР»-и азиз! Сар аз 1.09.2020 маошу нафақа дар кишвар боз 10-15% зиёд карда шуда, маошхӯрону нафақагирон чӣ қадар афзудани маошу нафақаро дар моҳи октябр эҳсос карданд. Ман дар мавриди маоши кормандони буҷавӣ ва нафахӯрон чизе намегӯям, зеро барои аз они кӣ чӣ қадар зиёд шуд, бояд соатҳо гап заниву қиёс кунӣ. Ман мехоҳам дар бораи нодуруст нақшабандӣ кардани нафақаи маъюбон арз кунам.
Бубинед, Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баланд кардани маошу нафақа ба тамоми қишри ичтимоӣ равона шудааст, вале чаро Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҶТ нафақаи маъюбон ва парасторони онҳоро нодуруст тақсимбандӣ кардааст. Ҳамакнун, нафақаи маъюби гурӯҳи 1-ум ва парастори он зиёд карда шуду, нафақаи парасторони маъюбони гурӯҳҳои 2-юму 3-юм не? Ин магар одилона аст? Чаро шумо бо чунин амалҳо ба обрӯ ва нуфузи Президенти ҶТ латма мезанеду бовариро ба Ҳукумати марказӣ коста?
Даврон Шоев, ш.Душанбе
Салом “СССР”! Почталёнҳои советиро барқарор бояд кард. Дар замони советӣ дар ҳар як ё ду деҳа як почталён мавҷуд буд. Онҳо ҳар рӯз номаву мактубҳои мардумро сари вақт бурда мерасониданд. Инчунин рӯзномаву маҷалла ва нафақаи пиронсолонро оварда медоданд. Мутаассифона бо барҳамхӯрии СССР ин касб ҳам аз байн рафт. Ҳоло дар ҷамоатҳо ҳуҷраи нафақадиҳӣ ташкил карда шудааст, ки бознишастагон маҷбуранд баҳри гирифтани нафақа ба он ҷой раванд. Бисёр вақт мешавад, ки мераванд, пул несту сарсон меоянд. Рӯзномаҳоро ҳам маҷбур мешавӣ, 1 ҳафта интизор шуда, пас худат рафта гирӣ. Магар Хадамоти алоқа наметавонад, ки лоақал дар ду деҳа 1 почталён таъин намояд? То ин ки ҳам ҷои кор шаваду ҳам мушкили мардум осон. Лутфан масъулини хадамоти алоқа ҷавоб гӯянд!
Ҷумъабой Яҳёев, н.Деваштич,
тел: 928887506
Дӯстам ва дӯстони журналистам! Журналистика имрӯз дар дасти шумост. Як сутуни давлат шумоед, ки ин гуфтугӯ надорад. Касе шуморо кам мебинад, ҳамунест, ки дузд дар торикӣ, чизеро намебинад. Журналистика касби даркорӣ аст ва шумо даркорӣ ҳастед.
Баротон як овардае менигорам, худатон бинед, ки рост аст ё дурӯғ. Агар ба касе орд даркор шуд, пеши осиёбон меравад? Мӯзааш дарид, пеши мӯзадӯз меравад? Нонаш набошад, пеши нонво меравад?
Ба ҳамин гуна ҳар касеро информатсия даркор шуд, пеши шумо меояд. Шумо худро кам набинед, кам ҳам насозед. "Пешвои муъаззам"-ро ҳам шумо месозед ва "хоини миллат"-ро ҳам. Ҳич ошпаз на "пешво"-ю на "хоин" сохтан наметавонад.
Боре дар як иди Қурбон ҳамроҳи Абдуқодир "идгардак" хонаи Сайёф рафтем. Боло шудем, ки як хона пур журналист нишастаанд. Болонишини хона як мулло (равонашон шод, ҷошон Биҳишт). Моро, ки мешинохтанд, паҳлуи худ хонданд. Ҳама хомӯш. Эшони равоншод суханро ба ман доданд. Гуфтам, ки "бимиред як хона интеллигенти дипломдор, ки болонишинатон муллои синфи 3-ро базӯр хонда бошад". Эшон хандиданд ва ману Абдуқодир "амри маъруф" мекардем.
Камбуди имрӯзи шумо дар он аст, ки ҳар нокасу ночизро баробари худ мегиред. Ҳамун "кибр" и журналистиро гум кардаед. Осиёбону мӯзадӯзу нонво "кибр"-и худро дорад. Хоҳиш мекунам, бо беному гумномҳо баробар шуда, арзиши худро поён набаред.
Тоҷик будан кори ҳар буз нест!
Содаҳои мо бовар доранд, ки "ҷомеъа исломгаро шудаст". Чунин нест. "Исломгароҳо" на бӯе аз ислом бурдаанду на гарде бим аз Худо доранд. Инакҳо бандатарс ҳастанд. Аз тарсуйӣ, аз бандатарсӣ худро "уммат" вонамуд мекунанд.
Ҳо! Инҳо гӯспандҳоеянд, ки ҳунари тоҷик будан надоранд. Аз тоҷик будан метарсанд. Аз худро тоҷик номидан метарсанд. Барои ҳамин худро ба анбӯҳи мусулмонони кавказу мардуми дигар мезананд, то ҷони ночизашон эмин монад. Масҷид мераванд, ки касе тоҷикашон нашуморад, озаримонанд бошанд. Аз тарси Худо масҷид намераванд инакҳо. Бинед, ки ҳамаи ин "уммат" аз Россия менависад. Дар Россия тоҷик будан кори ҳар буз нест. Мард бояд бошӣ, ки аз тоҷик буданат дар Россия болӣ.
Ва ин чизи наве нест. Миллионҳо чунин гӯспандони мо паштую ҳиндую турку тозӣ шуданду гуму гумном, ба партовгоҳҳои бӯгин рафтанд, ки инҳош ҳам меравад. Инҳо кирои андеша надоранд. Дар Россия монанд, духтаронашон шӯи чукчию қалмиқу якут мегирад, Аврупо бошанд негр. Ягон миллати сиҳат духтарони инҳоро ба занӣ намегирад. Партов буданашонро мефаҳманд. Ҳамин гуна гум мешаванд.
Инҳо аз Худо не, аз миллатгароҳои рус метарсанд. Ман аз Худо метарсам. Тоҷикам! Тоҷики мусалмонам! Аз тоҷик буданам меболам. Барои тоҷик будан ҳама корро мекунам. Ва инро миллатгароҳои рус хуб медонанду арҷ мегузоранд. Тоҷик будан кори ҳар буз нест. Ва тоҷик бояд донад, ки чаро ин бузакҳо худро "уммат" кардаанд.
Бомбаҳои мағзию ичтимоӣ
Ду-се моҳ аст, ки дар бораи куштору зӯроварию гумшавии духтарону бонувони ҷавон бештар сару садо шуда истодаст. Агар бозтоби сиёсӣ намедошт, мегуфтем, ки чунин корҳо дар ҳар давлат ҳаст. Хоҳиш мекунам, як эффекти пасманзари ин хабарҳоро омӯзед, мебарояд, ки ҳамаи онҳо гӯё қурбонии режиманд. На танҳо дар Тоҷикистони мо, дар ҳич куҷои ҷаҳон, ягон режим ин корро намекунад. Ниёз надорад. Терроризми имрӯзаро кам гирифтан даркор нест. Имрӯз танҳо бомбаю калашникуф нест дар дасти онҳо. Бомбаҳои мағзию иҷтимойӣ мӯд шудаанд.
Гумонам ин кори густурдаи кадом гурӯҳ аст. Мо бояд нагузорем, ки бонуҳомон бозичаи хунини ҳич касе шаванд. Омӯхтан бад нест. Методҳошонро инҷо наменависам, лекин медонам.
Ҳар тоҷик бояд посбони Тоҷикистон бошад!
Сафват Бурҳонов, ш.Одесса
Рӯзҳои охир қисми чоруми филми мустанади «Хиёнат» тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуд, ки дар он асосан ҷиноятҳои мудҳиши ташкилоти терористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ, хусусан аз тарафи ин табоҳкорон гаравгон гирифтани одамон ва мавриди азобу шиканҷа қарор додану қатл кардани онҳо инъикос ёфтааст.
Албатта таҳиягарони филми мазкур шоистаи таҳсин ҳастанд, ки дар як муддати ниҳоят кутоҳ аз уҳдаи иҷрои ин вазифаи мушкил ва пурмасъул бо сарбаландӣ баромадаанд. Зеро филм дар сатҳи зарурӣ таҳия гардида, бинандагон новобаста аз дараҷаи донишу фаҳмиш ва сатҳи ҷаҳонбинӣ онро ба хубӣ дарк менамоянд.
Муҳиматар аз ҳама дар филми «Хиёнат» наворҳои воқеӣ, суханронии ҷабрдидагон ва шоҳидии иштирокчиёни амалҳои ҷинояткоронаи террористони наҳзатӣ тавре банду баст карда шудаанд, ки дар тасаввури ҳар як бинанада тамоми таърихи фаъолияти нангину зиддимардумии наҳзатиҳо ҳосил мегардад. Одамон бо тамошои ин филм аз мақсаду ҳадафҳои нопоки саркардагони ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷии онҳо огоҳ мегарданд ва дар хусуси амалҳои ҷинояткорона ва хиёнатҳои онҳо маълумоти дақиқ мегиранд.
Хусусан, дар филми мазкур аз тарафи дастаҳои қотили наҳзатӣ гаравгон гирифтани одамон ва мавриди азобу шиканҷа қарор додану қатл кардани онҳо возеҳу равшан инъикос ёфта, бо далелҳо исбот гардидааст.
Гуфтан мумкин аст, ки ин филм ҷиноятҳои наҳзатиҳоро комилан ошкор кард. Зеро наворҳои воқеӣ, суханронию нақли собиқ гаравгонҳо, шоҳидии иштирокчиёни бевоситаи он амалҳо, яъне аъзоёни собиқи ТТЭ ҲНИ пураа исбот кардаанд, ки гаравгонгирии одамон бо мақсадҳои расидан ба ҳадафи нопок ва рӯйёндани маблағҳои пулӣ як шеваи фаъолияти раҳбарияти наҳзати террористӣ будааст. Саркардаҳои наҳзатӣ ба дастаҳои қотили худ амр медодаанд, ки одамони бегуноҳро гаравгон гирифта, ба ивази раҳоиашон аз хешони онҳо маблағ талаб кунанд. Инчунин онҳо хориҷиён, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шахсони ба ақидаҳои касифашон мухолифро гаравгон мегирифтанд, то бо роҳи фишор овардан мақсадҳои худро амалӣ кунанд. Дар наворҳои филми мазкур ба таври возеҳу равшан омадааст, ки саркардаи ТТЭ ҲНИ аъзоёну дастаҳои қотили ин созмони террористиро ба куштани одамон ҳидоят мекунад.
Гаравгонгирӣ яке аз намудҳои маъмулии амалҳои террористӣ аст, ки наҳзатиён дар тамоми кишвар аз ин усули ҳаросафканӣ ва даҳшатафканӣ васеъ истифода бурдаанд. Онҳо ашхоси ба гарав гирифтаи худро бо бадтарин шаклҳои шиканҷа азоб дода, охиран онҳоро хунхорона ба қатл мерасониданд. Дар филми навбатии “Хиёнат” бархе аз он гаравгонгириҳои наҳзатиён, ки аъзоёни худи наҳзат аз даст доштани худ ба ин амалҳои террористӣ иқрор шудаанд ва шоҳидони зинда шаҳодат додаанд, рӯи навор омадааст.
Ҳамин тавр, филми мазкур бори дигар собит намуд, ки ин палидону разилон ва бешарафону беномусон ҳеҷ гоҳ дар фикри оромию осудагии Тоҷикистон набуда, балки ҳамеша дар пайи тарҳрезӣ ва амалисозии амалҳои экстремистона ва террористонаи худ буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд.
Бо вуҷуди ҳамаи ин, террористони наҳзатӣ имрӯз дар хориҷи кишвар тарсуёна пинҳон шуда, ба миллат ва Ҳукумати кишвари худ бешармона санг мезананд ва мехоҳанд бо нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ кишварро ба гирдоби носуботиву нооромӣ рӯ ба рӯ кунанд.
Аммо дур нест он рӯз, ки ин бешарафон ва ватанфурушон дар аъмоли бади хеш гирифтор хоҳанд гашт ва сазои ин аз худбегонагиро хоҳанд чашид. Ҳар як шахси ватандусту меҳанпараст ба чунин иғвоҳои беасоси камдонишону беҳуввият фирефта нахоҳад шуд ва ақли солими худро дуруст истифода хоҳад кард.
Имрӯз тамоми мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ гардидаанд, ки ташкилоти террористии наҳзатӣ сабабгори дар Тоҷикистон сар задани ҷанги дохилӣ буд, ки ба кушта шудани бештар аз саду панҷоҳ ҳазор тоҷикистониён, бехонумон шудани ҳазорон нафар ва хароб гардидани мамлакат шуда буд. Ғайр аз ин ҷинояткорони наҳзатӣ баъд аз истиқрори сулҳ низ аз раҳи террору зуроварӣ даст накашида, амалҳои нангини худро идома доданд.
Ин буд, ки созмони мазкур баъди исботи тамоми ҷиноятҳояш бо қарори Суди Олии Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ эълон гардид. Ҳамватанони мо бояд дониста бошанд, ки ҳар гуна ҳамкорию муносибат бо ин созмони зиддимардумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳушёриро аз даст надиҳем ва дониста бошем, ки душмани аслии миллат ва давлати Тоҷикистон маҳз террористони наҳзатӣ мебошанд.
Парвиз Баҳриддинзода,
ходими илмии АМИТ
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар