Сар аз 30.04. 2020 пас аз оне, ки нахустин беморони сироятёфта аз COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, корҳои безараргардонӣ-дезинфексия дар кӯчаву маҳаллаҳо, хиёбону гулгаштҳо, боғҳои истироҳативу фароғатӣ ва биноҳои истиқоматӣ оғоз шуда, тавре аз гузоришҳои телевизионӣ бармеояд, то ба имрӯз ҳам дар тамоми кишвар идома доранд.
Ин хуб аст, вақте масъулон дар фикри солимии сокинону тозаву озода ва бидуни вирус будани муҳити зистанд. Бо гузаштии беш аз 1,5 моҳ шояд даҳҳо нафар гӯянд, ки оре, роҳраву биное, ки ман истиқомат мекунам, дар ин муддат 2-3 маротиба дезинфексия карда шуд, вале боз ҳам шояд даҳҳо нафари дигар бигӯянд, ки кӯчаву биное, ки мо зиндагӣ мекунем, ба гӯшаи фаромушӣ рафт ё барои дезинфексия аввал пул ҷамъ карданду пасон ба подъездҳо каме хлор пошида рафтанд. Ман ҳамчун сокини маҳаллаи 24-уми пойтахт-минтақаи Сирки н.Фирдавсӣ ба гурӯҳи дуюми сокинон шомил мешавам, ки дар бинои истиқоматии навбунёди 18-ошёна зиндагӣ карда, боре ҳам надидаам, ки сохторҳои дезинфексионии шаҳр дар он корҳои безараргардонӣ гузаронида бошанд.
Безараргардонӣ ё масъулкобӣ?
Чун дидам, ки бо гузашти 1,5 моҳ нафаре аз сохторҳои масъули дезинфексияи пойтахту н.Фирдавсӣ ба суроғи мо-сокинони бинои навбунёд намеояд, худам дунболи онҳо шудам.
Нахуст ба Раёсати тандурустии ш.Душанбе муроҷиат кардам. Дар онҷо посух доданд, ки масъулияти корҳори безараргардонӣ дар пойтахт, бар дӯши Стансияи дезинфексионии ш.Душанбе, воқеъ дар к.А.Дониш, дар гардиши фурудгоҳ будааст. «Пири ту мардон!»-гуфта он ҷо рафтам. Вале аз онҷо маро ба Маркази назорати давлатии санитариву эпидемиологӣ дар н.Фирдавсӣ равон карданду санитарҳои ноҳия бошанд дар навбати худ ба Раёсати хоҷагию-манзилии микрорайон, ки сардораш шахсе бо насаби Сайфуллозода асту чанд рӯз шуд ӯро намеёбам…
Бояд гуфт, ки дезинфексияи биноҳои истиқоматиро дар н.Фирдавсӣ ин 2 сохтори ахир байни ҳам тақсим карда, якеро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ маблағгузорӣ мекунаду дигареро МИҲД н.Фирдавсӣ. Тибқи қарори вежаи раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ корҳои безараргардонӣ дар баробари иншоотҳои муҳиму биноҳои маъмурӣ ва маишӣ дар биноҳои истиқоматӣ, новобаста аз ҳама ҳолат бояд гузаронида шаванд, вале чаро кормандони Сайфуллозода аз бинои мо, ки навбунёд аст, сарфи назар мекунанд, наметавонам бифаҳмам?! Боз ҳам дар он замоне, ки бино бо сохтори зертобеи мавсуф шартнома дорад…
Магар дастури раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Сайфуллозода ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин дахл надорад!? Чанд бинои дигар дар ин ноҳия ба гӯшаи фаромушӣ рафтаасту касеро парвое на! Дар замоне, ки тамоми сайёра бо ин пандемия мубориза мебараду мардум оламро дезинфексия доранд, мо бошем идора ба идора гашта, масъул мекобем!!!
Дезинфексия ройгон аст!
Тавре дар суҳбати ихтисосии худ бо мухбирони Газетаи мардумии СССР Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии ш.Душанбе таъкид дошт, чорабиниҳои безараргардонӣ дар ҳудуд ва атрофи биноҳои истиқоматӣ айни замон тариқи ройгон гузаронида мешаванд.
Яъне, сокинони пойтахт ва на танҳо пойтахт, балки дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ бояд бидонанд, ки дезинфексия аз ҷониби сохторҳои маҳалии СЭС, Раёсатҳои хоҷагию манзилӣ айни замон ба таври ройгон гузаронида шуда, барои ин маблағҳои иловагӣ аз буҷаи Ҳукумати ҶТ ва МИҲД дар ҳар шаҳру ноҳия пешбинӣ ва ҷудо гардидааст. Ба ҷуз он ҳолатҳое, ки агар шумо аз хизмати ширкатҳои хусусӣ, амсоли КВД «Фавз» истифода накунед, дигараш ройгон аст, мардум!
Вале акнун, хонанда ба СССР нависад, ки барои безараргардонӣ-дезинфексия аз онҳо пул гирифтаанд, ё на? Ин хабарро мо ҳатман ба масъулин ва мақомоти назоратӣ мерасонем. Зеро Мо Метавонем!
Ҷамилаи Мақсуд, СССР
-Салом ба СССР-и азиз! Дар шумораи гузашта Талбак Холов, сокини н.Рӯдакӣ дар баробари бархе аз проблемаҳои ноҳия, боз 1 масъалаи хеле муҳимро бардоштааст-корти ройгони нақлиёт барои нафақахӯрон ва имтиёздорон барои сафар дар автобусу троллейбусҳои пойтахт. Воқеан ҳам чаро масъулони соҳаи нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чунин тасмимро гирифтаанд ва дар асоси кадом таҳлилу тадқиқот ё пурсиши иҷтимоӣ? Чаро корти ройгон маҳз ба он нафароне дода мешавад, ки синашон ба 75 расидааст? Онҳое, ки пас аз 58 ва 63-солагӣ ба нафақа мебароянду шояд то 75 солагӣ умр набинанд, бояд чӣ кор кунанд? Пас мо, ки 67 солаем, ё одам нестем ё аз ин олам нестем?
Бурҳониддин Шоев, ш.Душанбе
То соати 18:00 дақиқаи 11.06.2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4834 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то ба имруз дар мамлакат 3062 (63,3%) нафар шифо ёфтаанд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, ки то 11 июни соли равон дар мамлакат 887 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 115 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд. Шумораи фавтидагон бошад то ин дам 49 нафарро ташкил менамояд.
(Human story)
28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:48 дақиқа. Барои аспсаворӣ ба н. Хуросон сафар кардем. Ҳавои салқину гуворо ва тару тоза, насими гулу гиёҳи атромез рӯҳу равонро оромӣ бахшида, ба вежа дар ин рӯзҳои худкарантинӣ ба кас тавоноӣ мебахшид. Дар деҳаи Ғаллаобод аспсаворонро дида шод гаштем, чун мо тасмим гирифта будем, ки ҳатман савори асп мешавем. Вале ҳайрати мо канора надошт, чун соҳиби асп гуфт, бар ивази миллион сомонӣ низ моро савор намекунад. Зеро-афзуд ӯ-дар ин гармои тоқатфарсо, ситам бар аспи безабон нахоҳад кард. Мо маҷбур шудем, ки барои саворӣ то поин шудани шиддати гармо сабр кунем. Мо метавонем!
Ба 1 мард 20 асп кам аст!
28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 17:48 дақиқа. Бо ҷавонмарди ҷасури аспбоз, ки худро Қурбонов Давлтмурод Бобомуродович муаррифӣ кард, суҳбати хотирмоне намудем. Ӯ гуфт, “20 сол мешавад бо аспон сару кор дорам ва ҳоло соҳиби 24 асп ҳастам. Аспон моли хусурбурда, додарарӯсам мебошанду мо ман галабон. Шахсе, ки дар деҳот зиндагӣ мекунад, заҳматҳои маро мефаҳмад. Галлабонӣ подабонӣ нест! Малакаи махсус талаб мекунад. Зеро ҳар асп шахсият аст, диду назар ва хислати вежаи худро дорад!”.
Даромад аз асп
Давлатмурод Қурбонов афзуд, ки аз рӯи аспсавории туристон ва меҳмонон касби маоши рӯзгор мекунад: “Рӯзҳои шанбе ва якшанбе 4 аспи боқуватро аз он тарафи кӯҳ ба инҷо меоварам. 1 соат аспсаворӣ 150-200 сомонист. Дар айни мавсими аспсаворӣ, ки ба мавсими хочу гулу гиёҳу баҳор рост меояд, рӯзе то 700-800 сомонӣ даромад дорем. Бо ин маблағ ҳам харҷи рӯзгор, ҳам ҷаву коҳи аспон ва низ ғизои хонаводаро фароҳам меорем. Яъне рӯзгори худро таввасути аспдавонӣ ба пеш мебарам.
Аспи хонагӣ ва адирӣ
Ба гуфтаи қаҳрамони репорти мо, аспе, ки дар хона ва барои саворӣ тарбият мегирад дигар асту аспи човандозӣ дигар ва аспони адирӣ, ки барои насланд тамоман чизи дигар. Ӯ гуфт: “ин асбҳоро ман дар хона худам нигоҳу бин менамоям ва фоидаи хуберо ба даст меорам. Аспҳои хонагӣ танҳо дар хона парвариш мешванд. Онҳо танҳо коҳ, алаф, ҷав, юнучқа истеъмол менамоянд. Аспҳои хонагӣ ва дастомуз аз одамон дида бомеҳртаранд. Инро аз таҷруба мегӯям. Зеро аз қадим то ҳол авлоди мо ба аспбонӣ машғул аст. Дар муддати тӯлонӣ, аспҳо аз ҷумлаи муҳимтарин ҳайвоноти хонагӣ барои одамон буданд, аммо аҳамияти онҳо аз сабаби рушди механизатсия коҳиш ёфтааст. Қариб дар ҳама кишварҳо зотҳои зиёди аспони хонагӣ маълуму машҳуранд.
Аспони сухангӯ
-Ман аз парвариши аспон роҳат мебарам-мегӯяд амаки Давлатмурод- вақте ки ман ба чашмони аспони худ назар менамоям баҳри дилам кушода мешавад. Ҳар саҳар аввал ба аспонам ҷав медиҳам, баъд худам наҳор мехӯрам. Ман забони аспонро мефаҳмам.
- Забони аспонро мефаҳмед? Магар асп забон дорад???
- Чаро не? Забони аспон бисёр забою ғанӣ, нарм ва шевост. Мо фикр дорем, ки танҳо одамон гап мезананд. Вале асп низ бо соҳибаш сухан мекунад ва ҳар шаб то саҳар пеши Худо зикр менамояд ва саломатии соҳибашро дуо мекунад! Нафаре асп дорад, ҳамеша солим аст. Зеро аспаш ҳар шаб дар ҳаққаш дуо мекунад!
Деҳотиён бузургтар аз моянд
28.05.2020. Соат ба вақти Душанбе 18:17 дақиқа. Бори дуввум аст, дар тӯли моҳи ахир ба деҳа меравам ва бо чашми сар мебинам, ки қишлоқиҳо дар нисбат ба мо-шаҳриён бузургтаранд, одамитаранд, меҳнату меҳмондӯстанд, бо обилаи даст нони худро ҳалол меёбанд. Вақте ману бародарам аспи Саманди Давлатмурод Қурбоновро, пас аз салқинии ҳаво, зин задаву савор шудем, дидам, ки ӯ бо чашмони дурахшон ба бодпои худ менигарист. Асп низ сӯяш нигоҳ дошт. Галабон ба гӯши асп хам шуда, бо меҳр гуфт:
-Инҳо шаҳриянд, наафтонишон-а, эҳтиёт кун...
Асп гӯё ӯро шунид, дарк намуд ва ба мулоиматӣ ҳаракат карда, шиҳае заду чароғпоя шуд ва моро ба домани кӯҳсор кашид. Мо метавонем!
Омиронаи Сайёф
Махсус барои СССР
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар ҶТ, ки ба он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода роҳбарӣ мекунад, имрӯз ба аҳолии кишвар дар мавриди пӯшидани ниқоб ва фосила гирифтан аз ҳамдигар Муроҷиатнома паҳн кардааст.
Дар муроҷиатнома чунин омадааст:
«Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти сокинони мамлакат мерасонад, ки дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин бемории сироятӣ хуруҷ карда, ҳукуматдорони ин давлатҳоро барои тадбирандешиҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди ин беморӣ водор сохтааст. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии ӯзбекистон, Арманистон, Олмону Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо баъди коҳиш ёфтани сатҳи гирифторшавии аҳолӣ ба ин беморӣ бинобар риоя нагардидани қоидаҳои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, хусусан риоя нагардидани қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷаъмиятӣ, инчунин бе ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ гаштугузор намудани одамон аллакай паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 бештар гардидааст.
Бо назардошти ин, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷаъмиятиро ба таври ҳатмӣ риоя намуда, бе ниқобҳои муҳофизатӣ аз хона набароянд, дар нақлиёт ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатмӣ аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ истифода намуда, ба таври қатъӣ фосилаи байни ҳамдигарро ба андозаи аз якуним то ду метр нигоҳ доранд».
Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар ҶТ ҳамчунин аз тамоми сокинони мамлакат, ки аз минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ ба ш.Душанбе меоянд, даъват ба амал меорад, ки бе зарурат ба пойтахти мамлакат сафар накунанд ва дар акси ҳол аз ниқобҳои муҳофизатии тиббӣ ҳатмӣ истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва қоидаҳои фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя намоянд.
Ҳамчунин Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони мамлакат бори дигар даъват ба амал меоварад, ки аз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳо, ҷашну маросим ва маъракаҳои хурсандиву азодорӣ то ба эътидол омадани вазъияти эпидемиявӣ худдорӣ намоянд.
Дар сурати иҷро нагардидани талабот ва қоидаҳои пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар мамлакат нисбате нафароне, ки ин қоидаву тартиботро иҷро намекунанд, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
То соати 17:30 дақиқаи 3 июн дар кишвар 4191 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2347 (56%) нафар шифо ёфтаанд. Шумораи фавтидагон аз ин беморӣ бошад то ба имрӯз 48 нафарро ташкил менамояд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ то шоми 3 июни соли равон дар мамлакат 1463 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар 1 шабонарӯзи охир 321 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар