Интиқолдиҳандаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» дар соли 2016 325 341 мусофирро интиқол дод, ки ин нисбат ба соли 2015 – 12 812 нафар зиёд мебошад. Ин нишондод дар натиҷаи самаранок истифода бурдани иқтидори ҳавопаймоҳо, яъне афзоиши гунҷоиши тиҷоратӣ ба 9,6%, бандкунии курсиҳо ба 1,1% ва иҷрои барномаи «Ҳаҷ – 2016» ба даст омад.
ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 ба 1 миллиону 156 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, аз он ҷумла, ба 605 ҳазор мусофири рафта ва 551 ҳазор мусофири омада.
Дар давраи ҳисоботӣ миқдори бору почтаи ба анбори тиҷоратии фурӯдгоҳ қабулгардида 2236 тоннаро ташкил дод, ки аз он ҷумла маҳсулоти хоҷагии қишлоқ 122 тонна.
Чуноне ки ба СССР аз маркази матбуоти ин корхона иттиллоъ доданд, парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 12 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла: - 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷии дур (Turkish Airlines, Kam Air, China Southern Airlines, Flydubai Iran Aseman Airlines), 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ют Эйр, Урал, Авиатрафик - Қирғизистон, Эйр Астана - Қазокистон) ва 2 ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» амалӣ меёбанд.
Аз фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймоҳо ба 12 шаҳрҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Исломии Эрон парвоз мекунанд. Миқдори рейсҳои доимии ширкатҳои ҳавопаймоии мазкур дар як рӯз 12 ададро ташкил медиҳанд.
Музди меҳнати миёнаи кормандони ҶСК «Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли 2016 - 2779 сомониро ташкил дода, шумораи миёнаи ҳайат 1305 нафар мебошад, ки аз он 305 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.
СССР
Бохтар яке аз калонтарин ноҳия дар вилояти Хатлон аст, ки ошхонаи таърифии «Оши Хуҷандии 1х1» меҳмононро пешвоз мегирад. Аммо дар асл бӯи партовгоҳаш табъи касро хира мекунад. Дирӯз 19 январ, баъди нишасти матбуотӣ дӯстон даъват карданд, ки дар н.Бохтар бениҳоят оши хубе тайёр мекунанд. Хуллас, ба ин ошхонаи таърифӣ рафтем. Ростӣ, ҳангоми даромадан аҳамият надодем. Дар аксарияти ошхонаҳо пешхизмат меҳмонҳоро «хуш омадед» гуфта дастпоккунак-«палатенса» медоданд, мутаассифона, дар ин ошхона надидем. Оши таърифиро 25 дақиқа (!!!) интизор шудем, дар миз на салфетка асту на сачоқ, дастҳоро шуста дар либосамон қоқ кардем. Баъди 25 дақиқа оши таърифиро оварданд. Деги ошпазии ошхона дар пеши партовгоҳ-«латок» ҷойгир буда, зидди санитария аст!!!
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
Чуноне ки қаблан СССР хабар дода буд, аз имрӯз, 20.01.2017 сар карда фаъолияти микроавтобусҳои «Стракес»-у «Мерседес» тавассути к. Н. Қаробоев ва хиёбони С. Шерозӣ манъ карда шуда ба хати сайри аксарияти маршрутҳои ш. Душанбе тағийрот ворид гардид.
Бино ба иттиллои аз шӯъбаи нақлиёти Ҳукумати ш. Душанбе ба мо расида, хати сайри микроавтобусҳое, ки ба воситаи кӯча ва хиёбони мазкур фаъолият мекарданд, иваз шуда сар аз имрӯз микроавтобусҳои хатсайрҳо тавассути кӯчаҳои Соҳилӣ ва Борбад сурат мегирад. Аз ҷумла, аз субҳи рӯзи ҷумъа фаъолияти хатсайрҳои мусофиркаши №№ 5, 33 ва 54 ба воситаи к. Соҳилӣ ба роҳ монда шуда дар к. Н. Қаробоев ва х. С. Шерозӣ шумораи бештари автобусу троллейбусҳо ҳаракат хоҳанд кард.
- Мусофирон бояд нақлиёти истифодаи умумро дар истгоҳҳо интизор шаванд, зеро минбаъд ҷадвали харакат дар кӯчаҳои дар боло зикр карда ҳамин хел ба роҳ монда мешавад, - гуфтанд дар шӯъбаи нақлиёти Ҳукукмати пойтахт.
СССР
Нақлиёти мусофиркаше, ки соли бароришашон то соли 2003 аст, шояд аз фаъолият бароварда шавад - гуфт Нурали Дӯсталиев, раиси ҶСК "Даврон" дар ш.Панҷакент. Ӯ ин нуктаро имрӯз 18.01.2017 дар ҳузури рузноманигорон баён дошт. Ба иттилои ӯ, рӯзҳои наздик шояд фармони вазири нақлиёт дар ин бора барояд ва нақлиётҳои нав ба хатсайрҳо ворид карда шавад. 540 ронанада дар 43 хатсайр бо ҶСК "Даврон" шартнома дорад ва фаъолияти ин ронандагон мунтазам ва ҳамарӯза зери назорат аст. Онҳое, ҳамарӯза пеш аз кор аз назорати тиббӣ мегузаранд ва бо гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хатсайр ба кор мебароянд - гуфт Дӯсталиев. Дар масъалаи норозигии кори ронандагон аз тарафи мусофирон, роҳбари ҶСК Даврон мегӯяд, ягон шикоят дар соли 2016 нарасидааст. Тибқи қоида ронандагон аз сотаи 7-и субҳ то 20 дар хатсайрҳои дохили шаҳр фаъолият кунанд, иброз дошт Дӯсталиев. Ин дар ҳолест, ки аз тарафи сокинони ш.Панҷакент, набудани нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳо баъд аз соати 18 ҷой дорад.
Хуршед Фозилов
Ҳукумати ш. Душанбе тасмим гирифтааст фаъолияти микроавтобусҳои мусофиркашони «Старекс»-у «Мерседес»-ро тавассути хиёбони С. Шерозӣ манъ намояд. Ин амал бо мақсади сабук намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҷорӣ кардани тартибу танзим дар ин хиёбон сурат гирифта ба ҷойи микроавтобусҳо дар ин хиёбон теъдоди бештари автобусу троллейбусҳо фаъол хоҳанд шуд. Чунин таҷрибаро нақлиётчиёни пойтахт дар мисоли хиёбони Рӯдакӣ доранд ва барои фароҳам овардани шароити лозима ба мусофироне, ки тавассути хиёбони С. Шерозӣ рафтуомад мекарданд, айни замон шаҳрдорӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст.
Чуноне ки ба мухбири СССР 1 манбаи боэътимод дар шаҳрдории пойтахт иттиллоъ дод, инчунин аз ҷониби шӯъбаи нақлиёти Ҳукумати ш. Душанбе дар самти ҳаракати тамоми хатсайрҳои мусофиркаши пойтахт тағийрот ворид карда шуда истодааст ва дар чанд рӯзи оянда ҷадвали нави ҳаракати микроавтобусҳо тавассути воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
Ҳукумати ш. Душанбе дар баробари танзими фаъолияти микроавтобусҳо, ният дорад истгоҳҳои имрӯзаи нақлиёти истифодаи умумро низ бо истифода аз таҷрибаи шаҳрҳои дигар таҷдид намояд.
СССР
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар