Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳо , сардорони муассисаҳои хоҷагию коммуналӣ ва раёсатҳои он дар шаҳраку микрорайонҳои пойтахт супориш додаст, ки бо сокинон дар бораи одоби шаҳрдорӣ, ободонӣ, тоза кардани таҳхонаҳо аз ҳезуму қоғаз, барканор кардани танӯрҳо, ҷобаҷо намудани лӯлаҳои обу коррез, алалхусус оби гарм ва гармӣ сӯҳбат гузаронанд.
Чунин вохӯрӣ шоми дирӯз дар маҳаллаи 63-юми н. Фирдавсии пойтахт сурат гирифта намояндагони Ҳукумати ноҳия, муассисаҳои манзилӣ, хоҷагию коммуналӣ, шӯъбаи корҳои дохилӣ ва хадамоти оташнишонӣ бо сокинони маҳалла дар бораи фарҳанги шаҳрдорӣ, маромномаи сокини пойтахт, баргузор намудани ҳашару шанбегиҳои пайваста ва ободониву сабзкорӣ сӯҳбат карданд.
Аз ҷониби намояндагони хадамоти оташнишонӣ ба мардум тавсия дода шуд, ки ба хотири пешгирии сӯхтор дар наздиктарин фурсат таҳхонаҳоро аз чӯбу ҳезум ва картону қоғаз тоза намоянд. Масъулини меъмории ноҳия сокинонро аз он огоҳ карданд, ки дар рӯзҳои наздик тамоми танӯрҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, барканор хоҳанд шуд.
Инчунин, ба сокинон тавсия дода шуд, ки лӯлаҳои оби байни ошёнаҳоро, хусусан оби гарм ва гармиро, ки қаблан аз ҷониби шаҳрвандон худсарона бартараф карда шуда буд, дубора барақарор намоянд, зеро дар соли 2017 дар назар аст барои бо оби гарм ва гармӣ таъмин намудани сокинони н. Фирдавсӣ корҳои барқарорсозӣ оғоз шаванд.
СССР
Нафақагирони ш.Панҷакент нисбати соли 2015, 1659 нафар афзудаанд. Ин нукта дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш.Панҷакент, Абдулҳамид Саидов зикр гардид. Тибқи иттилои манбаъ, айни ҳол дар қайди раёсати мазкур 22513 нафақагир мавҷуд будаанд, ки аз онҳо 16352 нафақагирони синнусолӣ, 1801 нафақагирони оилаҳои бесаробонмонда, 4360 нафақагирони маъюбӣ, 6 иштирокчии ҶБВ, 684 маъюби то 18 сола будаанд. Дар асоси рӯйхати Хадамоти ташхиси тиббию иҷтимоӣ, нафақаи 1262 нафар маъюб боздошта шудааст, ки аз ин 883 нафар маъюбиашон барқарор, 213 нафар маъюбиашон қатъ ва 62 нафар гурӯҳи маъюбиашон иваз карда шудааст.
Хуршед Фозилов
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар соли 2016 аз ҳисоби заминҳои партов 844га, аз ҳисоби чарогоҳ 595 га ва дигар заминҳо 99 га аз худ карда шуда, ба замини корам майдони умумии 1538 га, аз ҷумла 1498 га корами обӣ ба гардиши кишоварзӣ гузаронида шудааст.
Чуноне ки Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 16.01.2017 зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, санҷишҳо нишон доданд, ки дар соли 2016 ҳамагӣ майдони 12 830 га, аз он 10 247 корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монданд, ки аз он бо сабабҳои бад будани ҳолати мелиоративӣ 9181 га ва корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ 3649 гектарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттиллои раиси кумитаи мазкур, ба ҳар шаҳрванди кишвар 6 сотих замини корами обӣ рост меояд.
СССР
Баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани вайронкунии қонунгузории замин Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи ҶТ ва мақомотҳои он дар маҳал, дар тӯли соли 2016 13 389 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуданд, ки нисбати 12 163 ҳолат дастур, 9235 протокол ва дар 9235 ҳолат ҷаримабандӣ қабул карда шуда, ба маблағи 2 миллиону 911 ҳазору 240 сомонӣ ҷарима баста шудааст. Дар ин бора дар мулоқоти хеш бо намояндагони воситаҳои ахбори омма Раҷаббой Аҳмадзода, раиси кумитаи мазкур рӯзи 16.01.2017 хабар дод.
Ӯ, инчунин қайд намуд, ки барои додани баҳои ҳуқуқ 490 мавод ба прокуратура, 780 мавод барои бо таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷаримаҳо ба судҳо ирсол карда шуда, 8 ҳазору 933 ҳолати қонунвайронкунии замин дар маҳал бартараф шудааст.
СССР
Чанде аз сокинони шаҳри Панҷакент мегӯянд, аз хизматрасонии интернетии ширкати Тселл тамоман розӣ нестанд. Вақтҳои охир суръати интернети ширкати Тселл ба ҳадде суст аст, ки ҳатто наметавонанд оддитарин муоширатро тариқи "Вайбер" анҷом диҳанд.
Садбарг, як сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, имрӯз баъди нисфирӯзӣ чанд муддат тариқи телефонам натавонистам ба интернет ворид гардам. Фаридун, дигар аз муштарии ширкати Тселл мегӯяд, ман дар Маскав чандин сол аст кор мекунам ва ингуна суръати пасти интернетро дар ягон гӯшаи Руссия надидаам.
- Охир мо пул медиҳем барои истифодаи интернет, аммо чаро ин ширкатҳо ба мо интернети босифатро таъмин намекунанд? Ман намедонам ширкатҳо дар ғами муштариён нестанд - мегӯяд ин нафар.
Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад вақтҳои охир суръати интернет дар ҳама ширкатҳо поён фаромадааст.
Дар Сарраёсати агентии омори назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва хабарнигорон доир гашт. Дар нишаст намояндагони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, радио ва ТВ иштирок доштанд. Давлатзода Зарина-сардори Сарраёсат қайд намуд, ки шумораи аҳолӣ ба 3047784 расидааст, ки нисбати соли 2015 76320 зиёд гаштааст. Оид ба никоҳ ва талоқ дар вилоят дар соли 2015 19374 никоҳ ба қайд гирифта шуда, дар соли 2016 бошад, 1661 кам аст. Нисбати талоқ бошад дар ҳудуди вилоят дар соли 2015 1345 талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2016 9 нафар кам мебошад. Ин боиси хушбахтист, ки ҷудошавии оилаҳо нисбати солҳои пеш бениҳоят кам шудааст.
Баҳодур Уроқов
СССР вилояти Хатлон
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар