ХАБАРИ ДОҒ
Чоршанбе, Сен 22 2021

 

Боби 1. Ихлосу халос

    Дар сари гӯри бобоёни мо анбӯҳи занону мардони бегона низ омада буданд, ки баъзеи онҳо сарҳои худро ба сангҳои мақбараи ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробии Марди Валии Ҳомонии Кирмонии Балҷувонӣ гузошта, бо садои гирён мегуфтанд, ки эй шайхи бузургвор дарде, ки дар бадани ман пайдо шудааст аз Худо ва аз ту барои дармонаш шифо мехоҳем:

Мардони Худо Худо набошанд,

Аммо зи Худо ҷудо набошанд.

Ин тоифа теғи обдоранд,

Ҷон аз тани беадаб бароранд…

Оре, мардуме ба зиёрати қубури бузургони гузашта худ меравад, ба умеде меравад, ки ин ҷо назар Худо бештар аст…

05.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 05:30 дақиқа. Бо аҳли оила ба сари манзили бобоёни хеш ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ ва ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ, воқеъ дар Балҷувони Тоҷикон рафта, дар сари гӯрашон дуо кардем. Дар он ҷо одамони бегона низ барои халосӣ аз беморӣ ва бо нияти дуо кардан. ки ба бефарзандон  тифл ато кунад, зиёд буданд.  Ростӣ эътиқоди мардумро нисбати бобоям дида, ангушти ҳайрат газидам.

Бо чашми сар дидам. ки чӣ гуна мардум гирди мақбараи бобоям давр зада мегуфтанд, ки эй шайхи бузургвор тӯли чанд сол аст, ки мо фарзанд надорем. Эй ҳайзрати Шоҳбақои Туморӣ ту, ки ҳабиби Яздони покӣ, мо ба нохуни фарзанд зорем, аз Ту фарзанд талаб дорему  аз Худованд шифо. Ба додамон бирас.

Аз мардум пурсидам, ки оё ин мазорот воқеан кӯмак мекунанд? Ҷавонзане ба атрофиён дида дӯхта, гуфт, «хоҳарам, агар кӯмак намекард, одамон тӯли садсолаҳо ин ҷо намеомаданд. Ихлосу халос гуфтаанд!».

                             Боби 2. Бобоҷонҳо ба аёдататон омадам

05.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 09:13 дақиқа. Аслиддин Нисориддинов абераи ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки авлоди мо авлоди Саидзода аст. Саидзода ба маънои саид, яъне пок будан, пок дидан, пок қадам ниҳодан, пок гаштану пок фикр кардан аст.

    Ҳабиба ном абераи Ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ дар сӯҳбат ба мо гуфт:

 -Аслан авлоди мо авлоди паёмабар Муҳаммад (с.) аст. Ҳафтод пушти гузаштагони мо дар қишлоқи Хуҷа Чилони Балҷувон дар қабристони бо номи «Дашти Майдон», бо мақбараҳои ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ ва ҳазрати Шоҳнеъматуллоҳи Заробӣ ва зиёратгоҳи Саидмеҳроҷи Мардивалӣ гуронда шудаанд. Авлоди мо пешвоёни мазҳаб буданд ва умре мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифаро ҳифз мекарданд. Дар ун даврон ягон ҷараёни дигари мисли имрӯз экстремистӣ ба Тоҷикистони азиз роҳ намеёфт. Бобоҳои мо сутуни мазҳаб ва тарафгири сарсахти давлати Тоҷикон буданд. Ин аст, ки то ҳол ба зиёраташон меоянду мераванд!»

Боби 3. Зиёрати қубур манъ аст?

14.09.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:29 дақиқа. Эшони Саидмуттаҳар дар сӯҳбати телефонӣ бо хабаранигори СССР гуфт, ки дар Қуръони карим омдааст:  «Шуморо ман марду зан офаридаам аз ин лиҳоз шумо бояд қабилаатонро бишиносед».

Лиҳозо ҳар нафар бояд қабилаи худро шиносаду эҳтиром кунад.  Мо авлоди саидзодаем, пушти мо пушти паёмбар Муҳаммад (с) ва мо аз авлоди Шоҳбақои Туморием. Ҳазрати Шоҳбақои Туморӣ дар қишлоқи Хуҷа Чилон дар қабристони «Дашти майдон» аст ва мардум зиёд рӯзҳои чоршанбе барои туморгирӣ ба он макони зиёратгоҳ мераванд. Бузургонро ба хотири дӯсти Худо буданашон зиёрат мекунанд ва ин шахспарастиву санампарастӣ нест…

Омиронаи Сайёф,

Душанбе-Балҷувон-Душанбе,

СССР

Чоршанбе, Сен 15 2021

Рӯзҳои охир 2 бозори калони ш.Бохтар-«Фаровон» ва «Ҳоҷӣ Шариф» аз харидор пур буда, бештар падару модарон ҳамроҳи фарзандонашон барои хариди либоси мактабӣ омадаанд. Бояд гуфт, ки 2 ҳафтаи охир нархи сару либос, лавозимоти хониш ва мактабӣ дар бозори «Фаровон», аз ҷумла либоси мактабӣ, пойяфзол, ҷузвдон нисбат ба 1 моҳи гузашта 35% боло рафтааст. Мисол нархи пойяфзол барои синфи 1-ум аз 75 сомонӣ то ба ба 160 сомонӣ ҷаҳидааст. Ҷузвдон бошад аз 75 ба 150 сомонӣ. Савдо сабаби гарон шудани лавозимоти хонишро аз гарон шудани роҳкиро мансуб медонанд. 

Ширкатҳои дӯзандагӣ ё бозор?

Дар бозори «Фаровон» бо модаре, ки ҳамроҳи писараш даргири харид буд, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ худро Азиза ном гирифту гуфт, ки аз ноҳияи А. Ҷомӣ ба ин макон барои харидани либос барои писараш омадааст, зеро нарху навои бозори ш.Бохтар, нисбат ба бозори н.А.Ҷомӣ арзонтар аст. 

- Магар шуморо маҷбур накарданд, ки либоси мактабиро аз ҷойи хостаашон бигиред? – пурсидем аз ӯ. Азиза дар посух чунин гуфт:

- Бале мудири шуъбаи маориф аз падару модарон хоҳиш карданд, ки аз ширкатҳои либосдӯзие, ки онҳо шартнома бастаанд, либос гиранд. Аммо сифати маҳсулоти онҳо пасту ба нархаш мувофиқ нест. Нархи либоси мактабӣ дар сехи дӯзандагии фармудаашон аз 250 то 280 сомонӣ нарх дорад, - афзуд мавсуф.                    

Ҳамсӯҳбати дигари мо Мадина Азизова сокини ш. Бохтар дар сӯҳбат ба мухбири  СССР гуфт, ки 2 фарзандам дар мактаб таҳсил мекунанд. Дар оғози моҳи август, директори мактаб тамоми падару модаронро дар ҳузури кумитаи падару модарони мактаб даъват намуда, изҳор дошт, ки бо ширкати «Котал глобал», ки дар назди корхонаи «Ресанда»-и ш. Бохтар фаъолият дорад, шартнома доранд. Пасон таъкид дошт, ки мо аз он ҷо либос гирифта, расидашро ба мактаб оварда супорем. Баъди дидан сифати либоси ширкати болозикр писанд наомаду аз бозор харида истодаам, ки оқибаташ ба хайр шавад.

Касеро маҷбур намекунем!

Абдуғиёс Бобоев, мудири шуъбаи маорифи н.Ёвон дар робита ба мавзӯи харидани сарулибоси иҷбории мактабӣ аз корхонаҳои дӯзандагӣ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки директорони мактабҳо падару модаронро барои харидани сарулибоси мактабӣ аз ин ё он корхонаи дӯзандагӣ маҷбур намоянд.

- Масалан, дар ноҳияи мо 59 085 талаба мехонад. Мо бо ширкатаи ҶДММ «Текстайл»-и ноҳия барои дӯхтани сарулибоси мактабӣ ба 29 000 нафар хонандагон шартнома бастем. Сарулибоси бачагона 250 сомонӣ буда, духтарона аз 180 то 220 сомонӣ аст. Мо тамоми мудирони муассисаҳо, раисони ҷамоатҳоро вазифадор намудем, ки деҳа ба деҳа рафта мусоидат кунанд, то аз ширкат сару либос харидорӣ намоянд. Маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ мабаротиб арзон буда, сифаташон ҳам бад нест, мо танҳо тавсия медиҳем, вале касеро маҷбур накардаем, - таъкид дошт Абдуғиёс Бобоев.

75 корхонаи дӯзандагӣ ва наздики 780 ҳазор хонанда

Бино бар иттилои шуъбаи таҳлилӣ-итиллоотии Дастгоҳи раиси вилояти вилояти Хатлон айни замон дар вилоят 1359 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, дар он 779 616 нафар хонандагон, аз ҷумла 375.337 нафар духтарон таҳсил мекунанд. Дар вилоят ҳамагӣ 75 адад коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ фаъолият дошта, ба дӯхти либоси мактабӣ машғуланд. Оё ин 75 корхона имкон доранд сарулибоси наздики 780 ҳазор хонандаи мактаҳои вилоятро «дӯзанд?».

Баҳодур Уроқов, СССР, 

вилояти Хатлон 

Панҷшанбе, Сен 09 2021

 

Бо хушдоманам балони газро, ки барои хӯрокпазии хона аст, гирифта ба нуқтаи фуруши сузишворӣ “заправка”-и  Соро-Ойл рафтем.  Кормандони НФС гуфтанд газ несту дигар НФС равед. Ҳамон рӯз қариб ба 10 нуқтаи фуруши сузишворӣ рафта, газ наёфтем. 

30.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:05 дақиқа. Боз ҳамон  балони газро гирифта, ба “Газпром”- рафтем. Хушбахтона газ ёфт ва мо аз саргардонӣ халос шудем. Пеш аз пур кардани газ аз корманди нуқтаи сӯзишворӣ пурсдам, ки  чаро дар бештаре аз нуқтаҳои сузишворӣ газ нест? Вай гуфт, чанд моҳ пеш ронандагон танҳо газ истифода мебурданд, аз ҷумла  мошинҳои тамғаи  “Опел”, “Хундай”, “Киа”,“Ваз,” “Мерседес”, “Тойёта” , зеро нархи газ аз бензин дида арзонтар буд. Ҳоло бошад нархи газ баробари нархи бензин шудааст, аз ҳамин лиҳоз, аз 1- уми август сар карда, ронандагон қариб, ки газ истифода намебаранд...

Нархи гази имрӯза аз дирӯза афзуд

Масъулини НФС мегӯянд, пасту баландшавии нархи газ дар дасти мо нест. Об аз боло лой! Аз боло нархи газро мебардоранду мо маҷбурем нархномаро бардорем. Мумкин баъди 9 уми сентябр боз арзонтар шавад-ишора мекунанд ҳамсӯҳбатони ман.

Нархномаи НФС-ҳо дар ин рӯз: Бензин 10-сомону 10 дирам. Газ 9- сомон. Солярка 9- сомону 50 дирам.

 Газ нони моро газид!

31.08.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:31 дақиқа. Бо ронандаи ширкати “Рахш такси”  Назиров Маҳмадалӣ вақте бобати гароншавии нархи газ ва бензин сухан кардам, бо оҳи сард гуфт, ки “хоҳарҷон  чанд моҳ пеш дар бозор кор мекардаму рафиқонам ба ман тавсия доданд, ки айни ҳол барои пули хуб ёфтан ба таксӣ ру биёр.  Ман ростӣ фикри онҳоро писандида, савдогариро 1 сӯ гузошта, ба таксӣ гузаштам. Хуллас, тӯли 1 моҳ бо даводаву заҳматҳои зиёд таксӣ гирифта, ба кор шуруъ намудам. Сароғоз кор хуб буд, то он вақте, ки дар ҶТ нархи газ гарон нашуд!!!  Айни ҳол барои мо ронандагон хеле мушкил аст, худ бубинед, ба мо лозим меояд, ки барои 1 рӯзи кор 200-250 сомонӣ маблағи кор кардаамонро барои  газу бензинпулӣ харҷ кунем.  Зӯр монад 50-100 сомонӣ мемонад. Бо ин хароҷот оилаи маро, ки 7 нафарем, кӣ мехӯронад? Мошинро кӣ ремонт мекунад? Равғану чархашро кӣ мехарад? Ҳукумат бояд дар сатҳи олитарин масъалаи нарху навои сӯзишвориро баррасӣ кунад. Зеро мисли ман ҳазорон оила нимагуруснаву нимабараҳна шудан доранд...

Омири Ҳаёт, махсус барои СССР 

 

Чоршанбе, Сен 01 2021

Нозири «Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб» Сиёвуш Шарипов ба хонаам омада, ҳисобкунаки барқиро  санҷида, маро 300 сомонӣ қарздор кард. Ин маблағ аз куҷо пайдо шуд, намедонам, ҳоло он, ки қувваи барқи ман ин қадар ҳеҷ гоҳ кор намекард. Ман фарзанди даврони СССРам, агар нафақаам мерасид-мепардохтам. Нозир 2 поро ба 1 мӯза андохта, не ҳозир бипардоз гуфта, исрор мекард. Ҳарчанд ба нозири ҷавон гуфтам, ки баъди 1 ҳафта нафақа мешавад, худам пардохт мекунам, аммо гапро нафаҳмид ва бо писханду истеҳзо қувваи барқамро хомӯш карду рафт…

   Муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир, вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ! Шумо дар хона ҳатман барқ доред, вале ман то ҳол-1 моҳ шуд бебарқам. Шояд ин нозири барқ дар бораи ҷанговарони башардӯст ва хизмати онҳо дар ҷанги Шӯравӣ бо Афғонистон таассурот надорад, вале шумо доред ку?! Шумо хотири иштирокчии ҷанги афғонро намекунед, ки зердастонатон нисбати мо шахсони хизматнишондода чунин густохиро раво мебинанд?  О, канӣ, қадршиносӣ, иззату эҳтироми имтиёзот, лготҳои мо, ки синаро дар синну соли ҳамин нозири барқ барои ҳифзи Ватан сипар карда, садҳо захми тиру тӯпу табару корду камон хӯрдаем?

   Дигар ин, ки ягон нафар нозири «Шабакҳои барқи шаҳри Кӯлоб» бо мардум муносибати хуб надоранд. Онҳо агар аз хизмат нагурехта, дар артиш адои хизмат мекарданд, асло ба чунин муносибати дағал бо мардум роҳ намедоданд. Агар худое накарда барқ кам кор кунад, боз мо мардуми одӣ зери борони таҳқиру маломат мемонем, ки чаро ҳисобкунак кам кор кард?! Ин нозирони барқ ҳамон Арбоб-Камолҳои устод Айнӣ шудаанд, ки бо ҳар роҳу восита ба мардум ситам мекунанд…

    Магар аз байни  68 шаҳру ноҳия танҳо сокинони шаҳри Кӯлоб аз пардохти пули истифодаи барқ қарздоранд? Ва кай кормандони сохтори зертобеи шумо аз рӯи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ одоби муоширатро бо муштариён ёд мегиранд!? Ман Интизори ҷавоби шумоям муҳтарам Ҷумъа Далер Шофақир! 

Алихон Шарипов, ҷанговари башардӯст, 

ш. Кӯлоб

 

Аз СССР: Воқеан ҳам, Алихон Шарипов писари Бобои Ғулом Шарипови таърихӣ, охирон иштирокчии ҶБВ аст, ки бояд 29 августи 2021, охири ҳафта,  худойии Сари Солашро гиранд. Сипос ба ҳукумати ш. Кӯлоб, Шабакаҳои барқии ш. Кӯлоб ва ҳама масъулини баландпояи ин шаҳри бостонӣ, ки дар арафаи солгарди фавти қаҳрамон барқи хонаашро буридаанд… 

Эҳ… агар Бобои Ғулом зинда мебуд, ба шумо соли 1945-ро 1 бори дигар нишон медод. 100 афсӯс…

 

Чоршанбе, Авг 25 2021

Салом ба аҳли рӯзноманигорони ҳафтаномаи СССР! Дар ҷаҳон паҳншавии Сovid-19 ба маротиб меафзояд. Аз ҷумла ин вабои аср дар ҷумҳурии мо низ қадами номубораки худро гузошт. Дар шаҳри Исфара ситоди махсус ташкил карда шуд, аммо имрӯз аъзои ситод, кормандони ҳукумати шаҳр, маркази санитарию эпидемиологӣ, волонтёрон, кумитаи танзими ҷашну маросимҳо бепарвоӣ зоҳир менамоянд. Ҳоло дар ҷойҳои серодам, бозори марказии шаҳр ва микроавтобусҳо, боғи марказӣ бонувону кӯдакон бе ниқоб мегарданд, ки боиси сироятёбӣ ба ин вирусро дорад. Табибон мунтазам аз шабакаҳои телевизионӣ баромад намуда, маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Бояд масъулин ҳам ҳамеша миёни халқ гашта корҳои таблиғотиро зиёд намоянд. Охир чаро мо ин қадар бепарвоем??

Муқсидҷон Сатторов, 

ш.Исфара

 

Чоршанбе, Авг 18 2021

 Салом ва паёми самимӣ ба СССР! Шаҳодатномаҳои 3 кӯдаки бародарам нодуруст пур карда шуда буданд. 8 июли моҳи гузашта онҳоро барои ислоҳ ба идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Кӯшониён бурдам. Масъулон қабул карда гуфтанд, ки ҳоло «бланка» надорем, моҳи август тайёр мешавад. 

Аллакай моҳи август шуд, ба муроҷиатҳои телефонии мо чунин ҷавоб медиҳанд: «Ҳоло бланка надорем». Қабл аз ман чандин нафари дигар низ ҳуҷҷатҳояшонро супорида буданд. Аз байн 1 моҳ гузашту ҳанӯз ҳам дар идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия «бланка» нест. Саргардонии мардум то  ба кай?

Амонҷон Муҳиддинов,

вил. Хатлон

 

саҳ 17 аз 156

Китобҳо

Flag Counter