Дар муроҷиатномаи ширкати мазкур омадааст: «Пеш аз ҳама мехостем аз ҳар яки шумо барои тағйир додани ҷадвали парвозҳо ва дар ҳафтаи охир бароятон эҷод кардани нороҳатиҳо маъзарат пурсем. Бадбахтона 2 ҳавопаймои мо бо сабабҳои техникӣ, ки аз мо вобаста намебошад муваққатан аз истифода бароварда шуданд. Яке аз ҳавопаймоҳо дар натиҷаи ба муҳаррик расидани парранда зарар дид, ҳавопаймои дуюм бошад аз қисми интерсептор осеб дид. Феълан таъмири ҳавопаймоҳо давом дорад. 1 ҳавопаймои дигар аз хизматрасонии техникӣ гузашта истодааст. Ҷадвали ҳафтаинаи парвозҳои ширкати ҳавопаймоӣ истифодаи 5 ҳавопайморо дар назар дорад. Мутаассифона, бинобар сабаби масъалаҳои дар боло зикргардида, мо танҳо се ҳавопайморо истифода мебарем.
Ҷиҳати расонидани мусофиронамон аз рӯйи самтҳои барояшон зарур мо тамоми тадбирҳоро андешида истодаем, аммо бо сабаби кам будани теъдоди ҳавопаймоҳо мо наметавонем парвозҳоро бе таъхиргузорӣ иҷро намоем. Барои ҳаллу фасл кардани мушкилии баамаломада ва огоҳ кардани ҳамаи мусофирон дар бораи батаъхиргузории парвози хатсайр мо дар як шабонарӯз 24 соат кор карда истодаем. Шахсоне, ки хоҳиши супоридани чиптаро доранд, барояшон маблағи харҷкардаашонро бозпас мегардонем. Илова бар ин, ҷойгиркунии мусофирон дар меҳмонхона ва ба онҳо пешниҳод кардани ғизо ба роҳ монда шудааст.
Мо интизори он ҳастем, ки ҳафтаи оянда ду адад ҳавопаймоҳои ширкатро ба истифода диҳем ва ҷадвали парвозҳо мӯ1адил хоҳад шуд. Мо ба сабри Шумо ва дарки мушкилии бо ширкат рӯйдода умед дорем.
Барои ба даст овардани маълумот ба маркази маълумотдиҳии «Сомон Эйр» занг занед: 6404040,6404049, 6404050, 6404051ё ба агент оиди фурӯши чиптаҳои авиатсионӣ, ки Шумо чиптаро харидорӣ намудаед.»
СССР