Чуноне ки хабар дода шуд, филиали мазкур дар 6 моҳи сипарӣ гардида, ба ҷои 230000 сомонии пешбинӣ гардида, 145393 сомонӣ даромади молиявӣ гирифтааст.
Коршиносон сабаби кам шудани даромаднокиро асосан рақобати суст бо дигар ширкатҳои мобилӣ ва афзудани шумораи муштариёни дигар ширкатҳо медонанд. Таъкид гардид, ки имрӯзҳо муштариёни ширкати «Тоҷиктелеком» кам гардида, шумораи мизоҷонаш дар шаҳру деҳоти Панҷакент коҳиш ёфтааст.
Бархе аз коршиносон бар онанд, ки бо чунин тамоюл, шояд ягона ширкати ватанӣ дар таъмини алоқаи телевонӣ муфлис гардида аз байн равад.
Аммо бархе бар он ақидаанд, ки солҳои оянда ҳамаи дигар ширкатҳои мобили дар зери назорати «Тоҷиктелеком» хоҳанд гузашт. Худи ҷаноби Бег Зуҳуров дар ин бобат чи андеша дошта бошад?
Хуршед Фозилов