Дар баробари 120 нафар ҷавононе, ки аз Панҷакент имрӯз ба сафи артиши миллии кишвар сафарбар гардиданд, 4 нафар ҷӯгиҳо ҳам буданд. Дар ин бора Муҳаммадсодир Сафаров, раиси комиссияи даъвати ҳарбӣ ба СССР иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, субҳи имрӯз 120 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба комиисариати ҳарбӣ омада, онҳо дар фазои тантанавӣ ба хизмати модар ватан гуселонида шуданд. Дар тантанаи гусели ҷавонон, хешу ақориби эшон, донишҷӯён ва сарбозон ширкат доштанд. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода, дар баромади хеш ҳангоми гусели наваскарон иброз дошт, ки хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ ин вазифа ва ифтихори ҳар як ҷавонмарди тоҷик аст. Ӯ барои ин наваскарон роҳи сафед ва хизмати содиқона таманно кард. Пас аз чорабинии расмӣ, тантанаи шӯъбаи фарҳанги ҳукумати шаҳри Панҷакент ва дастурхони идона барои ин наваскарон омода гардид. Лаҳзаи аҷиб дар ин даъват дар он буд, ки 4 нафар фарзандони лӯлиён низ дар баробари дигар сокинони Панҷакент ба хизмат рафтанд.
Хуршед Фозилов