24 соати парҳез ва омодагӣ
Дар қабулгоҳи марказ, ки дар ошёнаи 2 ҷойгир аст, бо хоҳиши хунсупорӣ муроҷиат мекунам. Хоҳари шафқате, ки паси компютер нишаста буд, хеле боэҳтиромона аз ман чанд суол пурсид: «Чандсола ҳастед? Чанг кг вазн доред? Дар хурдсолӣ ба кадом бемориҳо гирифтор шудаед? Таваллуд кардаед?». Фикр кардам, ки ин суолҳо ва ин чизҳо барои супоридани хун чӣ алоқамандӣ доранд, охир! Вале доштаанд! Хоҳари шафқат таваҷҷӯҳи маро ба қоидаҳои супоридани хун, ки дар девор насб шудаанд, ҷалб кард ва таъкид дошт, ки ман бояд бо риояи ин қоидаҳо пагоҳ дар ҳамин вақт барои супоридани хун биёям ва шиносномаамро низ фаромӯш накунам. Тибқи қоида шахсе, ки хун месупорад бояд 24 соат пеш аз он дар хӯрдани хӯрок парҳез карда, анвои тезу шӯр ва равғанину бирён нахӯрад, 48 соат пеш нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол нанамояд, фишори хуну ҳарорати баданаш мутобиқ бошад. Агар хунсупоранда зан бошад, бояд боз чанд талаботи дигарро низ иҷро карда, аз баъзе корҳо парҳез кунад ва ин корҳо кадомҳоянд, мо ин ҷо нахоҳем гуфт, чун аз рӯи одоб нест! Боз 1 нуқтаи муҳим: аз рӯи қоида ҳар 1 донор бояд 450 гр хун супорад, на 200 грамму 100 грамм!
Тозагии фавқуллода ва хизмати ройгон
24 соат пеш аз амалиёти хунсупорӣ инчунин бояд анализи хунро барои муайан кардани дараҷаи гемоглобин низ бояд супорид ва ман ҳам ин корро кардам: барои супоридани анализ ба лабораторияи марказ, ки дар бинои дигар ҷойгир буд, рафтам. Дар ин ҷо низ духтурон маро хеле хуб қабул ва ба утоқи хос роҳнамоӣ намуданд. Ба курсӣ нишаста, дар интизори хоҳари шафқат будам, то омадани ӯ дастонамро бо салфеткаҳои махсус тоза кардам. Хоҳари шафқат омада ному насаб пурсида, ба дафтараш қайд карда, аз ҷевон 1 баста сӯзан ва шишаи найчашаклро, ки маълум буд барои 1 бор масраф аст, гирифта боз карду ба ангуштам сӯзан зада, хун гирифт ва дар ҳамин чанд лаҳза дараҷаи гемоглобинро муайан ва бароям роҳхат навишт: гемоглобини хунам барои супоридани хун ҷавобгӯ будааст! Фикр кардам хоҳари шафқат барои ин кор аз ман ҳатман пул хоҳад гирифт ва барои он ҳамёнамро низ омода кардам. Ӯ чизе нагуфт, маҷбур шудам пурсам, ки «ман ба шумо бояд чанд пул диҳам?», ӯ ба сӯям нигоҳи ҷиддие карда гуфт: «Саломат бошед!» ва тамом…
Аҷибтар аз ҳама бароям тозагиву покизагии чӣ худи бинои марказ ва чӣ дохили лаборатория буд: на гарде, на хоке ва чанге, мегӯӣ на танҳо фарш, балки дару девору мизу курсиҳоро низ фаррошон лесида гирифтаанд! Хеле ҳам покиза буд ин марказ!
Хун? Марҳамат!!!
28.09.2016. Соат бо вақти Душанбе 13:30 дақиқа. Ба ошёнаи 2 мебароям ва роҳхатро бо натиҷаи анализи гемоглобини хунам ба хоҳари шафқат месупорам. Ӯ аз ман дубора бо таъкид мепурсад: «Хӯроки бирён нахӯрда бошед, боз?», ман ӯро мутмаин месозам, ки аз дируз то имрӯз парҳез кардам ва аз рӯи қоидаҳои марказ амал намудам. Сипас, ӯ шиносномаи маро гирифта, дар бойгонии марказ сабт мекунад, бароям рохҳати дигаре бароварда, аввал ба утоқи 7 ва сипас ба утоқи 6 мефиристад. Дар утоқи аввал маро боз ба қайд мегиранду ба утоқи навбатӣ-ҷои асосии амалиёти хунсупорӣ мефиристанд. Дар назди дар ба поям бахил пӯшида, телефонамро хомӯш карда, сумкаамро ба модарам, ки маро ҳамроҳӣ кардааст, месупорам. Дар утоқи калону барҳаво наздики 10 кати махсуси хунсупорӣ гузошта шудааст. Хоҳарони шафқати ин қисмат маро роҳнамоӣ намуда, роҳхатамро мегиранду ба кресло мешинонанд. Рагҳои дастамро месанҷанд, дарҳол пахтаи спиртдор молида, аз бастаи маҳками селофанӣ сӯзан ва шлангчаи хурдро бароварда, онро ба 1 асбоби дигари дар бари кресло буда, насб карда ба раги дасти рости ман мегузоранд. Тавсия медиҳанд бо кафи дасту ангуштонам кор карда, чуқур-чуқур нафас кашам. Ман низ ин корро карда, мехобам ва чизеро эҳсос намекунам. Дар рӯбарӯи катҳо телевизори калон насб карда шудааст ва ман баҳузур ба тамошои пахши ҷараёни сафари кори президенти кишвар ба н.Нуробод сар мекунам. Пас аз 2 дақиқа баногоҳ ҳолам бад шуд. Хоҳари шафқат омада, сарамро хам карда, барои пешгирии ҳолати беҳушшавӣ ба биниям пахтаи спирти навшодирро наздик мекунад. Чуқур-чуқур нафас кашидан мегирам ва расо пас аз 1 дақиқа сӯзанро аз раги дастам мегиранд. Дар 3 дақиқа 400 гр хун гирифтаанд, чун диданд ҳолам каме бад шуд, гуфтанд барои бори нахуст 400 гр ҳам кифоя аст.
Бо 50 сомонӣ донор шудам!
Аз утоқ баромадаму худро ба рӯи курсиҳои коридор партофта, дароз кашидам, сарам чарх мезад. Марди дигаре, ки барои хунсупорӣ даромада буд, маро дида писханде зад: «Э, ин тунук шудаст-ку!»… Чанд лаҳза хобида баъд аз ҷо хестам, маро ба 1 утоқи дигаре, ки он ҷо чою нон ва печенйе буд, равон карданд. Дар онҷо зуд чойи ширинро бо 2 дона пичинӣ муроот карданд. Чойро нӯшидам ва пас аз чанд лаҳза худро хуб эҳсос намуда баромадам. Хоҳари шафқате, ки дар қабулгоҳ буд, маро садо карда ба дастам 1 варақи дигарро дод, ки он барои хазина будааст.
«Ба хазина равед ва 50 сомониатонро гиред, шумо акнун донор шудед, мо барои донорҳо ҳар дафа баъди супоридани хун пул медиҳем!».
Хеле тааҷҷуб кардам, намедонистам, ки барои ин ҳам пул медиҳанд. Фаромада аз хазина 50 сомонӣ гирифта, пеши худам гуфтам, пул муҳим нест. Муҳим он аст, ки хуни супоридаи ман шояд ҳаётеро наҷот бидиҳад. Ман метавонам! Мо метавонем!
Ҷамила Ҳусейнова,
СССР
PS: Баъди иҷрои супориши редаксия назди сардабир даромада, баъди рапорт аз кори кардагӣ, пешниҳод намудам, ки бо 50 сомонӣ «1-то обедча» барои коллектив ташкил кунам, ки СМ гуфт, «Ҳаргиз! Ин бо маънои томаш «твои кровные деньги». Аз он хӯрдан хуни туро макидан аст!»...Мо Метавонем!