ХАБАРИ ДОҒ

Лоиҳаи Eurasia Mobile Challenge-имконияти беҳтарин барои стартаперҳо

  • Чоршанбе, Окт 12 2016

 

ҶДММ “Таком” (ТМ Beeline) хотиррасон менамояд, ки то ба охир расидани мӯҳлати номнависӣ ба озмуни байналмилалии “Ҷоми Мобилии Евразия” (Eurasia Mobile Challenge) рӯзҳои башумор боқӣ мондаанд ва ҷавононро таъкидан барои иштирок дар озмун даъват менамояд. Зеро Ҷоми мобилии Евразия барои ҷавонони болаёқат ва ботакаббур беҳтарин имконият барои соҳибкори муваффақ шудан аст. Номнавис шудан ба озмун дар сомонаи   www.eurasiamobilechallenge.com то 15-уми октябри соли 2016 имконпазир аст. 

Махсус барои иштирокчиёни озмун ва соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон, Beeline соҳибкор ва сармоягузори машҳури ИМА Макс Гурвитсро даъват намудааст, ки ба иштирокчиён оиди чи тавр бо сармояи хурд фаъолияти соҳибкориро оғоз намудан, даромадро то ба миллион расонидан, роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ, расидан ба финали минтақавӣ ва Барселона маъруза хоҳад гузаронд. 

“Ҷоми мобилии Евразия”- ин барномаест, ки ба рушди соҳибкорӣ ба воситаи дастгирии стартаперҳо равона шудааст. Дар он метавонанд ҳам соҳибкорони ҷавони ботаҷриба, ҳам онҳое, шурӯъкунандагон дар ин соҳа, чун шахсоне, ки маълумоти техникӣ доранд, инчунин дорандагони маълумоти гуманитарӣ иштирок намоянд. Асос ин идеяе аст, ки онро ба стартап мубаддал гардадонидан мумкин аст.  Дар фарҷоми озмун ҳайати ҳакамон се дастаеро интихоб менамояд, ки барои мукофоти пули ба маблағи $20 000 дар марҳилаи минтақавии озмун, ки дар шаҳри Ереван баргузор мегардад, мубориза хоҳанд бурд. 

- Иштирок дар соли гузашта дар озмуни «Eurasia Mobile Challenge» нишон дод, ки дар мамлакати мо ҷавонони болаёқате ҳастанд, ки дар ҳақиқат идеяҳои дурнамо доранд. Вазифаи мо, ҳамчун ташкилкунандагони озмун дар Тоҷикистон ин кумак ба ҷавонон барои амали намудани имкониятҳои онҳо ва мусоидат ба  рушди digital-стартап дар Тоҷикистон мебошад. Мо умедворем, ки ин сол иштирокчиёни мо худро хуб муаррифи намуда, дар марҳилаи минтақавӣ ва ҳатто дар даври умумиҷаҳони озмун чойҳои намоёнро ишғол хоҳанд намуд, - иброз намуд менеҷер оид ба робитаҳои ҷамъиятии ҶДММ “Таком” Мария Веторази.

Озмуни Eurasia Mobile Challenge бори дуввум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Соли гузашта се дастаи ғолибон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон идеяҳои худро дар марҳилаи минтақавии озмун, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид муаррифӣ намуданд. 

СССР

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter