ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: собун паз!

  • Ҷумъа, Окт 14 2016

9.10.2016. Соат бо вақти Душанбе 13.30. Ба самти хонаи бародар Маҳмудҷон Муқимов, ки дар ҷамоати Чимтеппаи н.Рӯдакӣ воқеъ аст, меравам. Муқимов имрӯз дар Тоҷикистон ягона шахсест, ки ба собунпазӣ машғул ва собунҳои мушкини Тоҷикиро, ки падидаи нав аст, дар хонааш бо истифода аз асбобу ашё ва равғану хушбӯиҳои хос омода мекунад. Мо низ тасмим гирифтем меҳмони манзили ӯ гашта, барои пухтан ва омода намудани бастаи нави собунҳо барояш кӯмак кунем. Бояд гуфт, ки барои пухтани 1 бастаи нави собунҳо, ки дар маҷмӯъ 15 кг маҳсулоти табииро дар бар мегирад, на кам аз 8 соат вақт лозим будааст! 

 

 Равғанҳои табиӣ-асоси собун

Соат бо вақти Рӯдакӣ 14.00 дақиқа. Маҳмудҷон, ки ҳамеша шабона, пас аз хоб рафтани аҳли оила ба пухтани собун сар мекард, ин дафъа ба хотири мо тамоми асбобу ашёи хешро, алалхусус дегҳои ба қавле «нержавейкаро» рӯи ҳавлӣ гузошта, пагоҳтар корро сар кард. Интихоби зарф, об ва равған низ бояд мӯшикофона бошад, зеро интихоби нодуруст сифати собунро паст мекунад. Ӯ тамоми лавозимоти кориро бо об тоза шуста, хамираи асосии собун-равғанро, ки пештар тайёр карда шуда буд, рӯи плита гузошт. Ин хамира аз 4 намуди равғанҳо-равғани оддии офтобпараст, ки дар фурӯш ҳаст, равғани палма, равғани кокос ва равғани палмаядроӣ иборат буд. То он замоне, ки равған об мешуд, Маҳмудҷон аз чоҳи 12-метрӣ оби тозаи зеризаминӣ гирифта, онро бо дараҷаи муайани ишқор омезиш дод. Ҳини омезиши обу ишқор ӯ рӯй ва бинияшро пӯшонид, мо ҳам ҳамин тур кардем, зеро бӯи ишқор зуд ба бинӣ зада, онро ба сӯзиш овард. Ишқор низ бояд бо теъдоди мушаххас андохта шавад, зеро 1 гр зиёдтар ё камтар ба таркиби собун ва баъдан ба рӯй ва пӯсти инсон таъсиргузор хоҳад буд. Ӯ ҳар замон равғанро мечашад, ман ҳам чашидам-равғани оддие, ки мо ҳамарӯза барои хӯрокпазӣ истифода мекунем. То гарм шудани равған ба дараҷаи лозимӣ, вай маҳлули обу ишқорро бо миксери хос то ба ғафсии лозима расидан меомезад. Пас аз ҳар 1-2 дақиқа дараҷаи равғану маҳлулро санҷида вақте гармии равған то 70 дараҷа расид, онро аз рӯи плита мегирад.

Маҳмудҷон бо завҷааш, ки дар ҳама кор ёрирасони ӯст, равғанро аз рӯи плита гирифта, ба дастгоҳи махсуси парафингармкунӣ меандозанд, сипас ба рӯи он маҳлули обу ишқорро, ки аллакай ғафсияш ба меъёри лозима расидааст, меандозанду боз меомезанд. Дар ин вақти омезиши равғану ишқор реаксияи кимиёвӣ ба амал омада, туршиҳои равған ва глитсерин пайдо мешаванд. Акнун ин маҳлул, ки асоси собун аст, бояд на кам аз 3,5-4 соат пазад. Дар ин муддат ӯ пайваста дегро мекобаду меомезад, зеро он мисли шир дар дегро мемонад, ки метавонад кафк карда ҳар лаҳза чӯшида аз дег барояд. 

 Заъфарон аз Дубаю бангдона аз Русия

То пухтани он бошад мо бо Маҳмудҷон маҳсулоти дигари барои собунҳо истифодашавандаро интихоб мекунем. Имрӯз ният кардем 3 намуди собунҳо-лимӯгӣ, заъфаронӣ ва аз ғазнаро тайёр кунем. Барои ин маҳлули заъфарон, эсенсияи лимӯ ва ғазнаро омода мекунем. Тавре ӯ мегӯяд, ин равғанҳоро, ки табиӣ мебошанд, дар кишвар ёфтан мушкил аст. Аз ин рӯ, дӯстон равғани заъфаронро аз Дубай, эсенсияи лимӯ ва равғани бангдонаро аз Маскаву Санкт – Петербург, равғанҳои дигарро аз Чин мефиристанд. Ҳини омезиши ин равғанҳо ва маҳсулоти хушбӯикунанда низ бояд пропорсияро риоя кард, то ки собун зараровар ва пастсифат нашавад ва мизоҷон пас аз истифодаи он розӣ бошанд. Нархи ин равғанҳо ва моеъоти хушбӯикунанда таъсири хешро ба нархи собун ҳатман мегузоранд, лек набояд фаромӯш кард, ки тамоми ин маҳсулот органикӣ буда, дар омода кардани ин собунҳо Маҳмудҷон аз маҳсулоти кимиёӣ истифода намебарад. 

 Аз содиумсулфат парҳез намоед!

Соат бо вақти Рӯдакӣ 16.00 дақиқа. Сӯҳбати мо бо Маҳмудҷон сари деги собунпазӣ ва кофтани он идома дорад. Ӯ бароям дар бораи фарқияти собунҳои органикиву корхонаӣ ва таъсири онҳо ба пӯсти рӯю бадан ва мӯй маслиҳатҳои муфид медиҳад. Ӯ таъкид медорад, ки ҳамеша ҳангоми харидани собун ва дигар маҳсулоти шӯянда ба мисли шампуну маводи зарфшӯӣ ба таркиби он бодиққат нигарем, ки дараҷаи маҳлули содиумсулфат дар он кам бошад, ё умуман набошад. Содиумсулфат дар истеҳсолоти калон ҳамчун моддаи кафкунанда ва тозакунанда истифода шуда, корхонаҳои собунбарорӣ одатан онро аз ҳад зиёд барои бештар кафк кардан ба кор мебаранд. Аммо ин моддаи кимиёвӣ пас аз истифодаи зиёд хушк шуда, таровати хешро гум мекунад ва метавонад то хориш бурда расонад. Собунҳои либосшӯии мағозавӣ ҳам ин моддаро дошта ғайр аз ин аз равғанҳои навъи паст ва бесифат пухта мешаванд. Аз ин рӯ, завҷаи ӯ тайи 3 соли охир аз бозор собуни либосшӯӣ намехарад-шавҳараш дар хона табиияшро мепазад.

 Собуни СССР тайёр!

Соат бо вақти Рӯдакӣ 18.30 дақиқа. Собуни пухтаро аз деги парафинпазӣ гирифта, бо Маҳмудҷон ба 3 қисм-ҳар яке 5 килоӣ тақсим карда, дар 3 зарф ҷудо мекунем. Бо завҷааш бо навбат ҳар 1 қисмро боз ба чанд қисми дигар ҷудо карда, онро бо маҳлулҳо ва равғанҳои заъфарониву лимӯ ва ғазна меомезем. Чун ҳар 1 устову ҳунарманд хусусиятҳои кори хешро дорост ва намехоҳад онро ифшо созад, мо ҳам бо инобати ин аз назди усто ва ҳамсараш дуртар рафта нишастем. Пас аз омезишу илова кардани хӯшбӯиҳо усто хамираи собунро ба қолабҳои 4-кунҷа рехта, саъй мекунад хамира ҳамвор ва баробар бирезад. Пас аз ин қолабҳои хамирадорро 1 сӯ мегузорад, то ки каме хушк шаванд. Ин кор боз қариб 2 соат вақти ӯро мегирад. Пас аз 3-4 соати дигар усто ба собунбурӣ сар мекунад: бо корди хос ва қолаби дигари рӯи хамираи шахшуда гузошта шуда, ки масоҳати якхела дорад, хамираро мебурад. Аз 15 кг асоси собун наздики 100 адад собуни хӯшбӯ ва 100% табиӣ пайдо мешаванд! Собунҳои нав бояд 4-5 рӯз дам бигиранд ва хушк бишаванд, танҳо баъди ин кор онҳо барои истифода ва фурӯш тайёранд! Мо Тавонистем!

 Навовариро дастгирӣ мебояд!

Ҳамеша фикр мекардем, ки чаро собунҳои дастӣ омода шуда дар бозор қиматанд ва харидорашон кам? Акнун пас аз он, ки дидем чӣ қадар заҳмату вақт ва маҳсулоти табииву маблағ барои пухтани онҳо сарф мешавад, мегӯем: «Ҳалолат бод!». Маҳмудҷон соли 3-юм аст, ки собун мепазад. Тавре мегӯянд, ҳар 1 ангушти ӯ ҳунар аст, таҷрибаи худро дар Дубаю Питер сайқал дода, дар 1 шабонарӯз 7 соат вақти хешро барои омӯзишу мутолиа мебахшад. Дар собунпазӣ низ нахуст барои сайқал додани донишу маҳорати хеш ба ин кор даст зад, лек ҳоло маҳсули ҳунари дастии ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Русияву Аврупо низ машҳур шудааст. Мардум акнун собунҳои органикиро, ки безараранд ва новобаста аз нархашон аз 8 сомонӣ то 18 сомонист, мехаранд. Бовар кунед, ҳалолашон бод! Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

9.10.2016

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter