ХАБАРИ ДОҒ

Шикваи модар аз болои нозир

  • Сешанбе, Окт 18 2016

Қаҳҳорова Бибираҷаб-сокини шаҳри Панҷакент мегӯяд, ҳамсараш дар пайи фишори равонии нозири минтақавӣ бемор шуда, баъдан вафот кардааст.

 Ин зан бо шиква ба СССР муроҷиат намуда ҳама дарди дилашро қисса кард. Ба гуфтаи хонум Қаҳҳорова, нозири минтақавӣ Дӯстов Некрӯз шавҳараш Бобохонов олимро дар пайи шикояти баҳси замин ба милисахона даъват карда, аз саҳар то бегоҳ онҷо доштааст.

- Нозири минтақавӣ ба шавҳарам гуфтааст, ки туро 3 сол мешинонам. Чун ман ба он ҷо рафтаму гуфтам, ки шавҳарамро ҷавоб диҳед, нозир аз ман пул талаб кард. 

Ӯ гуфт ман «расход» кардам, қаламу коғаз сарф шуд. Пулашро диҳед. Набошад шавҳаратро мешинонам. Шамҳарам ғам хӯрда зиқ шуд ва охир вафот кард – мегӯяд ӯ.

Хуршед Фозилов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter