Тибқи иттилои расмӣ маҳсулотҳои содиротӣ аз Хатлон ба хориҷӣ кишвар на танҳо ба Афғонистону Покистон, балки ба Русия бештар шудааст ва тамоми маҳсулот тавассути роҳи оҳану автомобилӣ ба воситаи вилояти Суғд ба Русия содирот карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Русия дар самти содироти мол дар Хатлон афзун шуда, Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон дар ин муддат 959 адад декларатсияи барасмиятдарории гумрукиро сабт кардааст. Гуфта мешавад нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118 ҳолат зиёд будааст, ки 90 дар сади ин маҳсулоти содиротӣ аз вилоят ба Афғонистону Покистон маҳсулотҳои кишоварзӣ мебошад.
Чуноне ки Раҷабмурод Раҷабов, пoдпoлковники гумрук дар гузаргоҳи "Панҷи поён" дар сӯҳбат бо хабарнигори СССР гуфт, танҳо аз ҳамин гузаргоҳ моҳи апрел 2890 тонна пиёз ба хориҷ содирот шудааст.
Баротали Бойматов, мудири Шӯъбаи робитаҳо ба кишварҳои хориҷии ҳукумати вилояти Хатлон имрӯз 4 май ба хабарнигори СССР гуфт, ки соли ҷорӣ талаботи Русия ба маҳсулотҳои кишоварзии Хатлон бештар шудааси:
- Ширкатҳои тиҷоратӣ ба Хатлон омада намоишгоҳоро диданду ба Ҷайхун рафта бо деҳқонон сӯҳбат карданд, онҳо маҳсулоти Хатлонро барои фурӯшгоҳо ва супермаркетҳояшон харидорӣ мекунад, дар марҳилаи аввал пиёзро харидорӣ мекунад, - гуфт ӯ.
Абдулмӯъмин Улфатов, раиси идораи кишоварзии вилояти Хатлон низ таъкид бар он дошт, ки соҳибкорони Русия аввали соли ҷорӣ дар мавриди хамкорӣ ва харидории бештари маҳсулотҳои кишоварзӣ ва меваю сабзаҷот дархост пешниҳод кардаанд. Улфатов гуфт, ки баъди сард шудани муносибаи дипломатии Русия ва Туркия ба тиҷорати меваю забзавот миёни ин 2 кишвар латма зад ва таваҷҷуҳ ба меваю сабзавоти Тоҷикистон бештар шудааст.
Дар гузашта миёнаравҳо ё соҳибкорони Суғдӣ маҳсулоти кишоварзони вилоятро ба хориҷӣ кишвар мебурданд. Баъд аз имзо шудани шартномаҳои корӣ даромади соҳибкорон бештар ва корашон осонтар шудааст. Аз ҳукумати вилояти Хатлон гуфтанд, ки талош мекунад, ки ҳамкориро бо дигар ширкатҳои хориҷӣ барои содироти маҳсулотҳои деҳқонон бештар кунад.
Баҳодур Уроқов, Қурғонтеппа СССР