ХАБАРИ ДОҒ

 

Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба тасвиб расид, ки  барои аз сатҳи камбизоатӣ баровардани оилаҳои камбизоат маъюбону оилаҳои бепарастор равона карда шуд. Вале дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод ин фармонро писанд намекунанду бо маънои томаш ба  исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Дар хонадоне, ки домоду арӯсӣ барпо мешавад, аз меъёр зиёд хароҷоти тӯй мекунанд. Чанде пеш дар 2 маъракаи деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод иштирок доштам. Дастурхоне, ки соҳиби тӯй ороста дода буд, ба ҳисоби миёна 2,5 ҳазор сомониро ташкил медод.

Ҳамчунин, мушоҳида кардам, ки зиёда аз 80 нафар меҳмону ҳамсояҳо иштирок доштанд. 2 намуд таом-оши палов ва шӯрбо ба аҳли иштирокчиёну аҳли маърака пешкаш карда шуд. Соҳибони тӯй барои шӯҳратнамоӣ маъракаи  дабдабанок  гузаронда, оилаҳои камбизоатро дар ҳайрат гузоштанд. Оилаҳои камбизоату нодор барои маъракаҳои дабдабанок маҷбур мешаванд, ки қарз гиранду аз оилаҳои сарватманд қафо намонем гуфта, дастурхон ороянд.

Баъдан ин оилаҳо қарздор шуда, наметавонанд қарзашонро пардохт кунанд. Чаро дар Ҷамоати деҳоти Мискинобод комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо амал мекунанду пеши роҳи исрофкориро намегиранд? Ин ҳолат дар ҷамоатҳои дигари ноҳия низ ба чашм мерасад.

Ҳокими Сафар,

н.Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter