ХАБАРИ ДОҒ

Хиёнати калонтаринро кӣ мекунад?

  • Чоршанбе, Апр 06 2022

 

(Ё бори дигар дар бораи ҷӯгиҳо)

27.03.2022. Соат ба вақти Душанбе 07:53 дақиқа. Мубориз Достиев-хонандаи хурдсоли мо дар бастагӣ ба мавзуъи талбандагиву ҷугигарӣ мегӯяд:

- Ман ҳамин субҳ аз ш.Дубайи Аморати Араб баргаштам ва дар он ҷо шоҳиди 1 моҷаро шудам; агар касе талбандагӣ ё ба таъбири худамон ҷӯгигарӣ кард, 30.000 дирам ҷарима мешавад. Табиист, ки ҷӯгиву талбанда ин маблағро надоранд. Пас, касе ин маблағро напардохт то 3 сол аз озодӣ маҳрум мегардад. Ба забони дигар онҳо ҷӯгиву талбандаҳоро 3 сол суд мекунанд, вале барои фиреби назари юриспруденсия аввал ҷаримаро бофта баровардаанд. Ба фикри ман кайҳо фурсате расидааст, ки дар ҶТ низ ҷӯгиҳо штраф ва ё ҳабс шаванд. Дигар ягон роҳи халосӣ аз ин амалро шахсан ман намебинам. Зеро бо корҳои фаҳмондадиҳӣ дигар на-ме-ша-вад. Мо Метавонем!

 

Дар кишвари мо барои боз ҳам пурмасъултар шудани волидон ҳангоми тарбияи фарзанд палатаҳои парлумон дар якҷоягӣ бо Ҳукумат тадбирҳо ҷуста, ба хулосае омаданд, ки қонуни алоҳидаеро дар ин маврид қабул намоянд ва ҳамин гуна дастури вижае бо номи Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” рӯи кор омад. Аммо, ин айб аст, ки рисолати падариву модарии мову шуморо бояд Ҳукумат фикр кунад.

 

“Наврӯз”-и ҷӯгиҳо дар Кӯлоб

20.03.2022. Барои таҷлили Наврӯз бо ҳамроҳи ҳамсарам роҳи Кӯлобро пеш гирифтам. Вақте аз худрав дар автовокзали шаҳр фаромадем, ақрабаки соат болои 22:13 дакка мехӯрд. Мо, ки болотар аз маркази шаҳр, дар шафати шоҳроҳи Кӯлоб-Шоҳин-Дарвоз, дақиқан дар деҳаи Боғи Ҳабиб мезием, бояд аз наздикии Қалъаи 2700-солагии шаҳр таксии дигаре пайдо мекардем, зеро дар ин вақт аллакай дар Кӯлоб аксарият дар хоби нозанд.

Вақте аз болои пули назди бозор мегузаштем, мағалу фарёди кӯдакони зиёде таваҷҷуҳамонро ҷалб кард. Ба он тараф ҳаракат карда, анбӯҳи калони ҳанӯз кӯдаконеро дидам, ки бузургтаринашон муҳассили синфи 3-ю хурдтаринашон ҳанӯз 2,5-3-сола буд ва байни ҳам ҷангҷол доштанд. Медонед, ки онҳо киҳо буданд? Не, пас, бодиққат таваҷҷуҳ кунед! Онҳо фарзандони қавми лӯлӣ буданд, ки дар ҳамин вақти шаб овораву бесоҳиб дар кӯча фиғон мебардоштанд, якдигарро шатташап мекарданду бо номгирии тамоми узви бадани худу хонавода ҳақорат ва бо тамоми овоз дод мезаданд.

Давоми чанд дақиқа ин ҳолатро мушоҳида кардам. Яке аз бачаҳои калонтараш кӯдакеро болои сар карда, дар миёнаи роҳ ончунон сахт ба замин зад, ки миёнаш фикр кардам шикаст ва мегӯям чаро?! БАРОИ 50 ДИРАМ! Нафаре барояшон 1 сомонӣ додааст, ки ҳарду тақсим кунанд ва чун кӯдакча танга надошт, аз акааш хоҳиш мекард, ки ин 50 дирамро аз ӯ дар хона бигирад, аммо ин акаи золими бераҳм кӯдаки бегуноҳро чанд бор чунон зад, ки агар ҷойи ӯ кӯдаки мо мебуд, аниқ мемурд. Бо шатта ба сару даҳонаш мезаду аз мӯйи сараш мекашид. Вале, чун бо ин ҳама қаноат накард, куртаву пойафзорашро кашиду ба сангоби сойи Тебалай партофт ва кӯдак ҳам рафт гирякунон ба чуқурие то онҳоро аз нав пайдо кунад.

“Масъулияти волидайн” на барои ҷӯгист?

2 кӯдаки дигар, ки ҳарду ҳам духтарча буданд, бо тамоми овоз дод мезаданд, ки акаашон онҳоро мекушад. Ҳарду ҳам хоҳарон буданд ва аз ҳам тафовути 1-сола дошта, яке 4-сола ва дигаре 5 буд гумонам. Боқимонда дар хоку лой тар ва бо либосҳои ифлос ба сари ҳам дод мезаданд, ки на гапашонро мефаҳмидиву на мақсадашонро.

Акнун меоем ба сари мақсад. Ин кӯдакон магар соҳиб надоранд, ки дар ин вақти шаб, ки барои кӯлобиҳо аллакай вақти хоб аст, додувой карда, ҳам оромии шаҳрро халадор месозанду ҳам ба ҷони якдигар ҷабр мекунанд? Онҳоро касе мепурсад, ки дар куҷо асту чӣ кор мекунад ва то ин вақти шаб бо чӣ кор банд буданд? Ва муҳимтар аз ҳама, онҳо аз Кӯлоб то Восеъ бо чӣ мераванд? Охир, дар ин вақт ягон таксӣ НА-МЕ-ГАР-ДАД!

Акнун аз Шумо мепурсам, ки ғами ин кӯдаконро кӣ мехӯрад? Ба ҷойи падару модари онҳо кӣ бояд дар бораи ояндаашон андешад? Ҳоло ҳам, ки сари вақт аст, ИЛТИМОС, пеши роҳи ин ҳодисаҳоро ГИРЕД! Зеро ана ҳамин аст ХИЁНАТ-и бузургтарин ба ояндаи ин давлату ин миллат! Боқӣ худат қазоват кун, хонанда, зеро Мо метавонем!

Мирсаид Сатториён,

Рӯзноманигор

Аз редаксия: Воқеан ҳам таҷаммуъи қавми ҷӯгӣ дар ш. Кӯлоб ва Душанбешаҳр  мавзуъи вежа аст, ки касе сарфарояшро нарафт, ки нарафт. Шахсан мо фикр дорем, ки овардаи хонандаи мо, Мубориз Достиев, дар сархатти ин матлаб, ягона раоҳи наҷот аз таҳоҷуми ҷӯгист. Зеро хонандаи дигари мо, бо исми Муҳаммади Хайр, бинед, ки чи менависад:

26.03.2022. Беморхонаи Шифобахш ё худ Қараболо. Чандин рӯз дар бемористон бе ҳушу мадор хоб будам. Шукри Худо, ки табибони ҳозиқ маро сари по карданд ва бо иҷоза аз духтурон хостам 1 бор берун бароям. Зеро 7 рӯз набаромада будам. Баромадам ва...дар чанги гурӯҳи ҷӯгидухтарон задам. Мани бемору бемадорро ҳар яки онҳо аз гиребону лаби доманам мекашид, пул металабид. Ман, ки илоҷи сухан гуфтану муҳофизат надоштам...афтодам! Ва хайрийят тоҷикони роҳгузар ин тоифаи шумро аз пеши ман дур карданд.

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter