ХАБАРИ ДОҒ

Вазъият нигаронкунанда мешавад…

  • Чоршанбе, Авг 17 2022

Ҳамин ҳоло аз бозори мавсум бар Гипрозем баргаштем. Нархҳо дастрас ва заминӣ. Фарзи мисол, 1 кило пиёз 3,5-4 сомонӣ, 1 кг картошка 4-5 сомонӣ ва нархи 1 кило шафтолу, ки мо харидем, бо сифати хеле олӣ 8 сомонӣ. Ин бозор барои деҳқонҳост. Деҳқон омада, маҳсулоташро бо нархи ба худаш лозим мефурӯшад. Деҳқон сари нархи маҳсулот арзиши кору бор, заҳмат, заҳрохимикатҳо, андоз, сӯзишворӣ, ҳамлу нақл (транспортировка) ва ғ. мегузорад. Ва бинед, боз ҳам нарз заминӣ!!! Пас кӣ нархро гарон мекунад? Биоед биандешем:

-Умдафурӯш ё ҷалобон! Онҳо  ин маҳсулотро харида бо нархи гаронтарин дар бозорҳои пойтахт мефрӯшанд! Бозорҳои мо кайҳост ҷалобхона шудаанд, на тиҷоратхона. Кӣ инро намедонад? Ҳама медонад. Вале касеро парвое нест.  Масъулин бояд сари ин муаммо биандешанд, ки чаро нархҳо гарон шудан доранд? Магар бозорҳои мо контрол намекунанд нархро? Пас барои чӣ лозиманд? Директорони бозорҳои Саховат, Сафариён, Меҳргон куҷо менигаранд? Тоҷикматлубот, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо чӣ кор банданд? Чаро нархро танзим намекунанд? Чаро намегузоранд, ки деҳқон ба бозорҳо рӯ орад? Чаро дар автовокзалу фурудгоҳ, Истгоҳи Роҳи Оҳан, шаҳракҳо, майдончаҳои хобгоҳу  донишгоҳҳо ва ҷои таҷаммуъи одамон бозорчаҳои хурд-хурдаки стихиявӣ ташкил намекунанд, то нархҳо поин раванд? Чунин бозорчаҳои мавсимӣ ҳатто дар Венаву Париж, Дубайу Теҳрон низ ҳаст…

Бовар кунед, аз ҷабри нарху наво, косаи сабри мардум лабрез шуда истодааст ва ин оқибати хуб надорад:

Дӯст гӯяд табарвор!-гуфтаанд. Мо низ 1 ҳушдор додем, ки бо сабри мардум набояд бозӣ кард…

Барот Абдуманнонов

Сокини Душанбешаҳр

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter