11.08.2022. Мехоҳам дар бораи 1 сафарам ба СССР нависам. Шояд ноободие обод шавад…
Бовар мекунед, ба таъбири мардуми маҳаллӣ, нисфи Кӯлоб дар дасти зодагони Лангари Муъминобод аст. Дар Душанбе низ касабаву вазифаҳо доранд. Ин тоифа худро чунон таърифу тарҷеҳ мекунанд, ки то ҳамин рӯз фикр мекардам, «қанд занед ватансозон!». Вале имрӯз ба ватани бобоишон рафтаму тарбуз аз бағалам афтоду гуфтам, «э, монедеее, воҳима будаеду бас!». Сухан сари он аст, ки ман то ин рӯз ингуна қишлоқи нообод надидаам!!! Лангари имрӯза ба ман деҳоти пасмондатарини Афғонистонро ба хотир овард. Ин хел деҳаи хароб, нообод, роҳаш валангор, хонаҳои фарсуда, мавзеи дур аз сивилизатсия шояд дигар нест. Ҳатто 1 сатилча лак наовардаанд, ки сутунҳои масҷиди қадимаашонро рангу бор кунанд…
Пурсида мешавад, чаро бо ташаббуси Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон проекти «Деҳи Ман-Ватани ман» роҳандозӣ шудаву ҳазорон қишлоқ, раставу кӯчаву хиёбон обод шуду «лангариҳои воҳимачӣ» деҳаашонро 1 мисқол обод накардаанд? Чӣ магар ба инҳо дастуру супоришҳои Сарвари Давлати Тоҷикон бегона аст???
Ман аз масъулини дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, раисаи Муъминобод ва муҳтарам прокурори генералии ҶТ, ки сардори гурӯҳи кории ин ноҳия асту ноҳияро хеле обод ҳам кардааст, талаб дорам ба ин деҳаи калонтарини водии Кӯлоб раванд ва бо чашми сар ин ноободиҳоро бинанд. Бигзор лангариҳои пулдори Душанбеву Кӯлоб оянду деҳаашонро обод кунанд! Мо Метавонем!!!
Алии Беҳудуд,
ҷанговари башардӯст,
ш. Кӯлоб