ХАБАРИ ДОҒ

Ҷирмҳои осмонӣ зарур ё заҳрхимикатҳо?

  • Чоршанбе, Окт 12 2022

 

13.09.2022. Тавассути шабакаи 1-уми ТВ Тоҷикистон гузорише дар бораи ҷирмҳои осмонӣ рафт. Имрӯз барои мардуми тоҷик, хосса кишоварзон доруворӣ,  доруҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо ва техникаи хоҷагии халқ лозим аст, на Муштарию Зуҳайл. Дар ин бора борҳо гуфта будам, вале ба касе таъсир накард. Албатта, пешрафти илму техника хуб асту ба-дин васила номи олимони мо ҳам машҳур мешавад. Вале аз он дида масъалаҳои муҳими заминӣ ташвишоваранд.

Имсол дар н.Мастчоҳ ҳашароти зараррасон хело деҳқонро ташвиш доданд. Заҳрхимикатҳое, ки аз берун оварда мешаванд, ягон таъсири мусбӣ нарасонданд. Ҳашарот ба ҳосили меваю сабзавот, пахтаю полезиҳо хело зарари ҷиддӣ расонд. Деҳқоне нақл кард, ки дар 905 сомонӣ заҳрхимикат харидам, вале натиҷа ба сифр баробар шуд, кирми ғӯза ва бедаро гирифта дар даруни шишаи заҳр андохтем, аммо  кирми сабилмонда зиндаю саломат аз даҳони шиша берун шуд. Шумо бошед бо илми хаёлиатон  фалакро ишғол карданӣ ҳастед.

 Ман таклиф мекардам, ки маоши олимоне, ки дар бораи илми забону адабиёт, фалсафа, таъриху ситорашиносӣ рисолаҳои номзадию докторӣ навишта, ҳимоя мекунанд, ба маоши муаллимони мактаби миёна баробар карда шавад. Он асаре, ки навишта шуда, пасон дар болои ҷевон мехобад, ба кӣ даркор? Мо Метавонем!

З. Дилшод,

н.Мастчоҳ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter