Салом ба СССР-и азиз! Фикр мекунам ширкати «Барқи тоҷик» ба мардуми н.Мастчоҳ зулм карда истодааст, зеро сар аз 01.10.2022 аз соати 8-и субҳ то соати 18-и шом барқ дар ноҳияи мо пурра қатъ мешавад. Ман намедонам, ки ин кори профилактикӣ аст ё дигар, вале мардуми кишоварзу пахтачин дар вақти муҳими ҳосилғундорӣ бе 1 пиёла чой мемонад, оё касе дар ин бора фикр мекунад? Нафаре аз масъулон намегӯяд, ки ин лимити мастчоҳӣ кай ба охир мерасад…
Дигар ин, ки тамоми ГЭС-ҳои кишвари мо алакай фаъоланду нерӯи барқ истеҳсол мекунанд ва он бояд ба тамоми аҳолии мамлакат расидагӣ кунад, вале чаро нархи истифодаи қувваи барқ зуд-зуд боло меравад?
Ҳомид Расулов,
Н.Мастчоҳ,
Тел:927293290